ХАБАРИ ДОҒ
Панҷшанбе, Фев 01 2018


Пиетро Салини, роҳбари ширкати «Салини Импреҷило» (Salini Impregilo) дирӯз пас аз анҷоми мулоқоти хеш бо президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон ба намояндагони воситаҳои ахбори омма ибро намуд, ки зимни мулоқоти хеш ба Эмомалӣ Раҳмон ваъда додаст, ки агрегати 1-уми НБО «Роғун» 16.11.2018 ба кор дароварда хоҳад шуд.
Бино ба иттилои расмӣ, дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон, президенти ҶТ бо Пиетро Салини масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистон бо Ширкати «Салини Импреҷило» дар бунёду барқарорсозии иншооти гидроэнергетикӣ, аз ҷумла НБО “Роғун” мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Тарафҳо оид ба сатҳу сифати корҳои сохтмонӣ дар иншооти муҳими гидроэнергетикӣ мубодилаи афкор карда, таъмини иҷрои саривақтии нақшаи корҳои лоиҳавиро баррасӣ карданд.

Ҷумъа, Янв 26 2018

 

Аз камбудиву мушкилот, аз афтодану хестанҳо ҳарос надорам ва ҳамеша мардонавор бо проблемаҳо рӯбарӯ мешавам, танқидро хуб қабул мекунам ва ҳеҷ гоҳ кина намегирам, бароям Инсон будану инсон мондан аз ҳама чиз волотар аст…

Чоршанбе, Янв 24 2018


Мувофиқи ин фармони президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ», ки 16.01.2018 ба тасвиб расид, ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ, ба истиснои санҷишҳои нақшавии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Бонки миллии Тоҷикистон, Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонба мӯҳлати 2 сол мораторий эълон карда шуд. Бино ба итиллои расмӣ, мақсади аз эълон намудани мораторий ин дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар соҳаи истеҳсолӣ буда, он барои таҳкими иқтидори саноатию содиротии ҷумҳурӣ, кам намудани санҷишҳо ва фароҳам овардани фазои шаффоф ва мусоиди соҳибкорию сармоягузорӣ дар ҷумҳурӣ мусоидат менамояд.






Ҷумъа, Янв 12 2018


Аз қабули Қонуни ҶТ «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» рӯзҳо сипарӣ мешаванду моҳҳо мегузаранду ҳамон қадар эътиқодам ба саривақтиву замонавӣ будани ин қонун қавитару устувортар мегардад. Дар муҳлати баъди интишори қонун барои баёни таъзияву изҳори тасаллият ба чанд маросиме рафта бошам, дидам, ки сафи таъзиягарон ба маротиб кам ва рӯз дар миён коста шудан дорад. Чанд рӯз пештар ба манзили бародари қадрдоне ба маросими 40 омадаму пас аз дуову фотеҳа каме нишастам. Дар ҳамин муҳлат, ки соат аз 9 гузашта буд, танҳо 2 тани дигар барои ҳамдардӣ қадам ранҷа намуданду халос. Дар назди ҳавлии марҳум аз ҳамсояву ҳамдеҳагон, ҳамкорон ва хешу табор ангуштшумор касонеро дидам, ки ба хотири фотеҳахонӣ омадаанд. Худораҳматӣ (гарчанде мансабдор набуд) дар зиндагияш одами баобрӯ, меҳрубону мушфиқ, хайрхоҳу сахӣ ва инсони ба қавли мардум дастархондор буд. Агар дар зиндагияш маъракае мекард, 2 тарафи роҳи мошингузар пур аз мошин мешуду дар ҳавлӣ ҷои сӯзанпартоӣ намемонд. Чун инро дидам маъракаҳои ёдбуди то давраи қонун ба ёдам расид.

Шикамчарон будем, на мусалмон
Ҳанӯз соат 8-и субҳ нашуда фавҷ-фавҷ шиносу ношинос, дорову нодор, ҳамсояву ҳаммаҳалла…ба хотири чаронидани шикам меғурумиданд. «Худой медонаду ман медонаму ту ҳам медонӣ», ки аробакашони бозор макони баргузории маросимҳоро ба ҳамрикобони худ мефурӯхтанд. Агар раваду дар 1 маҳалла чанд маърака бошад, гуруҳи ишкамкалон, албатта, бо ҳар роҳ аниқ мекарданд, ки ошпаз кист, навъи биринҷ девзира аст, ё оқпар, марҷону лазер аст, ё краснодар, ош муқаррарист, ё 1х1. Ин тоифа бе ҳеҷ шарму ҳаё ва изою ибо «ДэПэ» талаб карда, мизу дастархон об задаву рӯфтагӣ мегашт. Акнун куҷоянд ин «дӯстони нониву забонӣ», ки аз рӯи ихлос биёянду даст ба дуо бардоранд, арвоҳи гузаштагонро шод кунанд? Гузашти вақт собит сохт, ки на он мусалмонем, ки худро метарошем. Балки 1 табақаи риёкору намоишкор будем, ки онро танзим 100% исбот кард. Танзим нафс, чарои шикам, худнамоиву риёкорӣ ва «мусалмонии дурӯғинамон»-ро шикаст.

Қиёмуддин Абдуллоев,
шаҳри Ваҳдат

Панҷшанбе, Янв 04 2018


Вақтҳои охир дар баъзе сомонаҳои интернетӣ бобати боло рафтани тарофаҳои филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тибқи шартномаи консесионӣ бо Ҳукумати ҶТ нигоҳдории роҳи Душанбе-Чанокро ба зимма дорад, иттилои таҳрифшуда паҳн гардид. Бо дарки масъулият иброз менамоем, ки иттилои пахшшуда дар маҷмӯъ «аз пашша фил сохтан» аст. Зеро давоми солҳои охир, сарфи назар аз таъсири буҳрони ҷаҳонии молиявӣ, болоравии сатҳи таваррум ва амалӣ гардидани 1 силсила ибтикор, аз ҷумла, бунёди плазаҳои нав, харидории техникаҳои пуриқтидор, бунёди корхонаҳои истеҳсоли асфалт, таъмири куллии қариб 50 км роҳ, ширкат ба боло бурдани тарофаҳо иқдом накард. Аз 20 то 60 дирам афзудани тарофаҳо ба он рабт дорад, ки қаблан баъзе тарофаҳо дирамҳои изофагӣ доштанд ва ҳангоми пардохти ҳаққи убури роҳ то андозае мушкил эҷод мекарданд. Ҳоло филиали Ширкат ин нархномаҳоро яклухт кардааст, то пардохт барои мусофирон осонтар шавад. Муҳимтар аз ҳама, ин пешниҳод аз ҷониби ронандагон ироа шуда буд ва  онҳо дар маврид шикоят надоранд. Аз ин бармеояд, ки овозаҳо бобати боло бурдани нархи тарофаҳо воқеият надорад, ҳарчанд барои боло рафтанашон асос (омилҳои фавқузикр) вуҷуд дорад. «Дилсӯзон»-е, ки аз ин иқдоми филиали Ширкат «нигаронӣ» менамоянд, чаро намегӯянд, давоми  8 соли охир сарфи назар аз сабабҳои мазкур ширкат тарофаҳои худро умуман боло набурд? Аз он ёдовар намешаванд, ки дар роҳ бо харҷи маблағи зиёд низоми навсозишудаи толлингӣ ҷорӣ шуд, ки дар минтақа беназир аст. Гӯё намедонанд, ки ҳудуди 1000 нафар дар филиали Ширкат фаъолият доранду маҳз ба шарофати меҳнати пурмаҳсули онҳо роҳи Душанбе-Чанок мунтазам кушода аст. Нодида мегиранд, ки танҳо соли равон дар баробари таъмири ҷории садҳо км роҳ, 15 км роҳ (аз километри 145 то 160) таъмири куллӣ шуд. Ашхоси огоҳ медонанд, ки таъмири куллии роҳ масрафи зиёд дошта, дар ин замина роҳ пурра аз нав эъмор мешавад. Боиси таассуф аст, ки ҳамасола, аз ҳисоби харидории техникаҳои нави пуриқтидор ғанӣ шудани пойгоҳи техникии филиали Ширкатро чашмони олусашон намебинад...
Роҳбарияти филиали Ширкат чанд моҳ пеш, аниқтараш замони ба фаъолият шурӯъ кардани плазаҳои нав ба ҷои плазаҳои он замон фаъол расман гуфта буданд, ки дар заминаи ҷорӣ намудани низоми навсозишудаи толлингӣ теъдоди плазаҳои филиали Ширкат, ки он замон 7-то буд, ба 6-то мерасад. Дар натиҷа, плазаи воқеъ дар Майхура аз байн бардошта шуд ва маблағе, ки қаблан дар плазаи Майхура пардохт мешуд, мутаносибан ба плазаҳои Варзоб ва Ҳушёрӣ тақсим шуданд. Яклухт шудани баъзе тарофаҳо низ ҳамон айём ба амал омада буд. Ҷоиз ба зикр аст, ки меҳвари ибтикори мазкур-ҷорӣ кардани низоми навсозишудаи толлингӣ таъмини бехатарии мусофирону ронандагон ва боз ҳам беҳбуд бахшидани сатҳу сифати хизматрасонӣ маҳсуб мешавад. Бояд гуфт, ки мавриди истифода қарор гирифтани плазаҳои нав 2 марҳиларо дар бар гирифта буд.

Маркази матбуоти филиали Ширкати саҳомии
“Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”

саҳ 48 аз 70

Китобҳо

Flag Counter