ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, Окт 25 2017


Дар 9 моҳи соли равон иҷрои нақшаи қисми даромади буҷети давлатӣ беназардошти андози иҷтимоӣ дар ш. Истаравшан ба андозаи 104% ба маблағи 80 млн 082 ҳазор сомонӣ таъмин карда шуд, ки нисбат ба нақшаи пешбини шуда 2 млн 762 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Иҷрои нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллӣ 104 фоиз таъмин гардида, ба буҷет 69 млн 405 ҳазор сомонӣ ворид шуд, ки нисбати нақша 2 млн 642 ҳазор сомонӣ ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 9 млн 326 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Бино ба иттиллои котиби матбуотии раиси ш. Истаравшан Шералӣ Азимӣ, дар ин давра барои сари вақт пардохт намудани нафақапулиҳо аз ҳисоби воридоти маблағи андози иҷтимоии худӣ 27 млн 357 ҳазор сомонӣ ва кӯмаки молиявӣ аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ 17 млн 626 ҳазор сомонӣ равона гардидааст. Айни ҳол дар шаҳр 20 ҳазору 615 нафақахӯр ба қайд гирифта шудааст. Дар давраи ҳисоботӣ 1 638 ҷойи нави корӣ таъсис дода шуд, ки 86,4 дарсади нақшаро ташкил медиҳад.  
Корхонаҳои саноатӣ дар якҷоягӣ бо бахши хусусии соҳа ба маблағи 281 миллиону 366 ҳазор сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол намуда, нақшаро 119 фоиз таъмин намуданд. Кишоварзони Истаравшан дар 9 моҳи соли равон ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзиро ба 594 миллиону 162  ҳазор сомонӣ расониданд.
Инчунин бояд қайд намуд, ки дар ин муддат ба соҳаи сохтмон 3 млн 266 ҳазору 432 сомонӣ равона гардид, ки аз ин ҳисоб ба таҷдиду азнавсозии Маҷмааи  “Қалъаи Муғ”  2 млн 230 ҳазору 529 сомонӣ, таҷдиду таъмири варзишгоҳи шаҳр 297 сомонӣ ва Майдони Ғалаба 631 ҳазору 284 сомонӣ сарф шудааст.

СССР



Чоршанбе, Окт 18 2017


Баъзе аз вакилони порлумони Тоҷикистон аз банд мондани ҳазорҳо сомонӣ пули мардум дар бонкҳои кишвар интиқод карда, дар сурати ба зудӣ ҳал нашудани масъала истеъфои Ҷамшед Нурмуҳаммадзода-раиси БМТро талаб карданд. Ин баҳс рӯзи 18-уми октябр, ҳангоми баррасии тарҳи иловаҳо ба қонун дар бораи таърихи қарз, дар парлумон сурат гирифт. Шукурҷон Зуҳуров-раиси Маҷлиси Намояндагон дар ин иҷлосия гуфт, масъалаи қарздории бонкҳо аз мардум бовари сокинонро ба ҳукумату порлумон ва бонкҳо коста кардааст. Ӯ ба раиси БМТ 2 ҳафта муҳлат дод, то ҳисоб кунанд, ки чӣ қадар аз пули сокинон дар бонкҳои кишвар дармондааст. "Ин мушкилро зуд ҳал кунед, ки он як дарди сар ба Бонки Миллӣ, порлумон ва дар ниҳоят ба раҳбарияти ҳукумат хоҳад шуд", - таъкид кард ӯ. Дар посух Нурмуҳаммадзода гуфтааст, ки “вакилон ҳангоми баёни андеша ва пешниҳоди суол ба иззати нафс нарасанд, пули мардум марҳила ба марҳила баргардонда мешавад”. Баъдан ӯ дар суҳбат бо хабарнигорон гуфтааст, ки беш аз 4 миллиард сомонӣ пули бонкҳо дар дасти мардум мондааст ва онҳо низ наметавонанд ин маблағро бигиранд.

Панҷшанбе, Окт 12 2017


Рӯзи 11 октябр дар Тошканд намоиш маҳсулоти Тоҷикистон оғоз ёфта, бо ширкати ҳудуди 500 нафар ҳамоиши тоҷирони тоҷику узбек доир шуд. Шариф Саид, раиси Палатаи савод ва саноати Тоҷикистон дар ин ҳамоиш гуфт, зери бренди ягона ба бозорҳои хориҷӣ баровардани маҳсулоти Тоҷикистону Узбекистон метавонад дар ёфтани ҷои по дар бозорҳои нав ба ҳар 2 кишвар ва ҳамчунин ба рушди назарраси ҳамкориҳои иқтисодӣ байни ин 2 кишвари ҳамсоя кумак кунад. "Барои иҷрои вазифаҳои гузошташуда мо метавонем аз шеваҳои муосир, ба мисли тиҷорати электронӣ, таъсиси истеҳсолоти инноватсионӣ истифода бурда, бо ин роҳ ва бо истифода аз имтиёзҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ ба бозорҳои кишварҳои дигар зери бренди ягонаи "Тоҷикистон – Узбекистон” бароем” гуфт Шариф Саид.







Панҷшанбе, Окт 12 2017

Аз рӯи натиҷаҳои форуми тиҷоратии соҳибкорони Тоҷикистону Ӯзбекистон, ки 11 октябр дар ш.Тошканд доир шуд, ҷонибҳо ҷиҳати таҳвили маҳсулоти консервшуда ва содироти сементу дигар молу маҳсулот аз Тоҷикистон ба бозорҳои ҳамсоякишвар тавофуқ ҳосил карданд. Тавре аз хадамоти матбуоти Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон хабар доданд, миёни Палатаҳои савдо ва саноати кишвар дар бораи таъсиси Шӯрои кории «Тоҷикистон - Ӯзбекистон» Созишнома ба имзо расидааст. Ҳамчунин байни ширкати ӯзбекистонии «Кварс» ва корхонаи истеҳсоли консерваҳои ба номи Ҳасанови ш.Исфара (аз сабзавоту мева) ёддошти имзои қарордод оид ба таҳвили маҳсулоти кишоварзӣ, миёни ООО «Ғаюр» ва ширкати NOVA-и Ӯзбекистон дар бораи фурӯши масолеҳи сохтмон, байни ширкати «Элегант» ва «Навинтеркомлюкс» (Ӯзбекистон) созишномаи нияти ҳамкорӣ ва байни ҶДММ «Кедр» ва АО UZRADE (Ӯзбекистон) созишномаву қарордодҳои ҳамкорӣ ва таҳвили молу маҳсулот ба имзо расидаанд.

Панҷшанбе, Окт 12 2017


Имрӯзҳо дар ш.Тошканд, пойтахти Ҷумҳурии Ӯзбекистон намоишгоҳи махсуси Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуда истодааст. Бояд қайд намуд, ки ин намоиши даствордҳои истеҳсолию саноатии Тоҷикистон дар давраи истиқлолият яке аз калонтарин намоишгоҳҳои Тоҷик дар таърихи навини ҳамкориҳои 2 кишвари ҳамсоя буда, дар он беш аз 150 ширкати Тоҷикӣ маҳсулоти хешро ба намоиш гузоштаанд.
Корхонаҳои калонтарини Тоҷикистон амсоли ТАЛКО, иттиҳодияи «Нассоҷи Тоҷик», «Моҳир семент», «Хуаксин Ғаюр семент», «Шоҳона», «Атласи Хуҷанд», «Қолинҳои Қайроққум», ширкатҳои «Амирӣ», «Азизӣ», «Рухом», «Зари Кӯлоб» беҳтарин намунаи маҳсулоти хешро барои сокинон ва соҳибкорони ӯзбек нишон дода умед доранд, ки маҳсулоти асили Тоҷикӣ ба бозори кишвари ҳамсоя ба зудӣ роҳ хоҳад ёфт.

СССР

саҳ 50 аз 70

Китобҳо

Flag Counter