ХАБАРИ ДОҒ
Панҷшанбе, Март 01 2018


Камбудиҳои роҳи Айнӣ-Панҷакентро, ки то ҳол сохтмони онро комиссияи ҳукуматӣ қабул накардааст, бо вуҷуди супоришҳои Президент ва таъкидҳои Вазорати нақлиёту Кумитаи сохтмон ва меъмории назди ҳукумати кишвар пудратчиёнаш ислоҳ накардаанд. Гарчанде аз анҷоми сохтмони роҳи автомобилгарди Айнӣ-Панҷакент 1 сол сипарӣ мешавад, аммо то ҳол дар ин масир камбудиҳои зиёд ҷой доранд. Масъулини вазорати Нақлиёт, Маркази татбиқи лоиҳаҳои таҷдиди роҳҳои ҶТ ва ширкати «Синзиан Бейсин»-и давлати Чин, ки масъулияти сохтмони роҳ ба зимаи онҳо буд, мегӯянд роҳ аз рӯи сифати стандартҳои ҷаҳонӣ сохта шудааст. Аммо коршиносон ба ин гуфтаҳо шубҳа доранд ва мегӯянд, роҳе, ки агар аз рӯи стандарти ҷаҳонӣ сохта шуда бошад, чаро рӯ ба вайроншавӣ овардааст?
Аврангзеб Худойбердиев-сокини ш.Панҷакент, ки борҳо бобати камбудиҳои роҳ ба сохторҳои дахлдор шикоят кардааст, мегӯяд, соли гузашта қисмати ин роҳ дар мавзеи Урметани н.Айнӣ фурӯ рафта буд. Ҳоло бошад баъзе минтақаҳо, аз ҷумла, дар километри 107-ум, роҳ ба пайдо кардани тарқиш шурӯъ кардааст. Аврангзеб мегӯяд, камбудиҳои зиёд, ба хусус, дар минтақаи наздимарзии роҳ ҷой дорад. Дар ҷамоати Саразм, дар роҳи калон, назди баъзе аз деҳаҳо рӯшноӣ нест, ҷӯбор сохта нашудааст, роҳи пиёдагард нест, аломатҳои номи деҳаҳо нест, дар баъзе аз пулҳо васоити ҳимоя аз сел ва дигар корҳо то ба имрӯз ба анҷом расонида нашудааст.
Сокинони Панҷакент мегӯянд, дар ҳоле, ки кушодашавии гузаргоҳи Ҷартеппа-Саразм ва ташрифи меҳмонон ба Панҷакент дар назар аст, камбудиҳои ҷойдошта бояд ҳарчи зудтар ислоҳ гардад. Дар масъалаи саҳланкориҳои роҳсозони роҳи мазкур даҳҳо матлабҳои интиқодӣ дар матбуот, аз ҷумла, дар газетаи мардумии СССР ба нашр расида, даҳҳо камбудиҳои дар сохтмон ҷойдоштаро коршиносон зикр ҳам кардаанд, аммо на ҳамаи он нуқсонҳо то ба имрӯз бартараф шуданд. Ҳини ба истифода додани роҳи Айнӣ-Панҷакент ҳам моҳи октябри с.2015 президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иброз дошта буд, ки «ҳоло роҳ пурра ба истифода дода нашудааст ва 1 сол мӯҳлати кафолат дорад. Аз ин рӯ, нависед гӯед, камбудиҳояшро масъулин ислоҳ мекунанд».

Мо гуфтем! Ислоҳ намекунанд!!!
Менеҷери роҳи мазкур Анзур Раҷабов бо гузашти 2 сол камбудиҳои ҷойдоштаро иҷро накардааст. Магар амали Раҷабову ширкати «Синзиан бейсин» писанд накардани қонунгузории Тоҷикистон нест?
Дарозии роҳи Айнӣ-Панҷакент, ки ҳудуди 114 км аст, бо маблағи 114 млн. доллари амрикоӣ, санаи 27.10.2012 бо ширкати президенти кишвар маросими таҷдиду азнавсозиаш оғоз шуда буд. Аз он 100 млн. доллари амрикоӣ аз Бонки Осиёии Рушд ҳамчун грант ва боқимонда қарзи Фонди ОПЕК ва ҳиссаи Ҳукумати ҶТ аст. Ҳангоми оғози кори сохтмон гуфта мешуд, ки бар асоси нақшаи пешбинишуда паҳнои роҳи таҷдидшаванда аз 12 то 15 ва дар дохили ш.Панҷакент 20 метрро ташкил дода, ҳаракати чорқатораи нақлиёт ва сохтмони гузаргоҳҳои зеризаминӣ таъмин карда хоҳад шуд. Аммо ин гуфтаҳо дар баъзе қитъаҳо на иҷро шуд ва ягон гузаргоҳи зеризаминӣ ҳам бо вуҷуди таъкиди сарвари мамлакат сохта нашуд. Ба иттилои масъулини ҳукумати ш.Панҷакент ҳоло комиссияи давлатӣ роҳи мазкурро қабул накардааст ва бояд то қабули роҳ ширкати роҳсозӣ камбудиҳоро ислоҳ намояд.

Хуршед Фозилов,
Панҷакент, СССР

Панҷшанбе, Фев 22 2018


Салом, редаксияи азиз! Дар газетаи СССР (№33, 17.08.2017) мақолаи журналист Абдуқодири Абдуқаҳҳор "Мо нафақахӯр не, зиндадаргӯрем!"-ро хондам, ки айни муддаост ва дар байни одамон боиси муҳокимаю дастгирӣ шуд. Нависанда арзи дили нафақахӯрони зиёдеро, ки солҳои тӯлонӣ барои халқу Ватан содиқона хизмат намуда, имрӯз бо нафақаи ночиз ҳаёти вазнинеро аз сар мегузаронанд, ба вакилони мардумӣ расондааст. Аламовараш он аст, ки роҳбарони корхонаю ташкилотҳо ва муассисаҳо шарм надошта, ба чашми кормандони шоистаи худ, ки солҳо номбардори коргох буданд, нигариста, мегӯянд:
"Шумо нафақа баромадед, аз кор озод!".
Куҷо шуд қадршиносию одамгарии Тоҷиконаи мо? Магар инсон ҳам дар пирӣ чун 1  ашёи нолозим ба кунҷе партофта мешавад? Агар ӯ ақаллан ба ҳисоби миёна 1000 сомонӣ нафақа мегирифт, шояд он вақт кор накарда, дами пирӣ меронд. Ку ҳақиқату адолат? Оне, ки хизмате накардааст ва оне, ки солҳо заҳмат кашидааст, ҳар 2 баробаранду 200-240 сомонӣ нафақа мегиранд?! Ин ба тарозуи ақл рост намеояд. Кош, ба ҷои ин қадар мактабҳои олӣ бештар корхонаҳои истеҳсолӣ месохтему мардумро бо кори доимӣ таъмин мекардем, шояд сатҳи зиндагиамон беҳтар мешуд.

Соли 2019-Соли пирон…
Ташвишовараш он аст, ки баъзе роҳбарони корхонаю муассисаҳо ба қадри мутахассиси хуб нарасида, "имсол соли ҷавонон"-ро дастак карда, ба иззати нафси калонсолон мерасанд ва захираҳои тиллоии ҷомеаро бо ҷавонони чаласаводи бетаҷриба иваз намуда, оқибаташро андеша намекунанд. Боиси афсӯс аст, ки баъзе ҷавонон саводу маҳорат ё хоҳиши кор кардан надоранд. Шояд сабаб дар гурӯҳҳои шартномавӣ таҳсил кардани донишҷӯён, ё ба "маршировкаҳои" тӯлонӣ банд шудани эшон бошад? Агар устодони пуртаҷриба дасти онҳоро нагиранд, пас ба онҳо кӣ роҳ нишон медода бошад? Ин ҷо бояд андеша кунем, ки чаро давлати Сосониён шикаст хӯрд? Шояд мақоли хуби "1 мард пас аз 40 сол ба воя мерасад"-ро шиор карда, соли ояндаро соли нафақахӯрон, ё калонсолон эълон намоем?
Мӯҳтарам вакилони мардумӣ! Аз шумо эҳтиромона хохиш дорем, оид ба мақолаи А.Абдуқаҳҳор, ки дар симои 1 нафақахӯр рӯзгори 100-ҳо нафарро мисол овардааст, чораи зарурӣ андешед!

Майсара Шералӣ
омӯзгор

Панҷшанбе, Фев 15 2018


Мирзо Исмоилзода, раиси ширкати «Барқи тоҷик» мегӯяд, ки аз ҳамроҳшавӣ ба системаи ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ Тоҷикистон бурд карда, имкониятҳои нави ҳамкорӣ ва содироти барқро ба даст меорад.
- Гуфтушунид дар бораи дубора ҳамроҳ шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба системаи ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ айни замон идома дорад. Имрӯз коршиносон дар бораи зарару фоидаи ин амал зиёд мегӯянду менависанд, аммо ман мехоҳам таъкид намоям, ки аз ҳамроҳшавӣ ба системаи ягонаи энергетикӣ Тоҷикистон бурд мекунад, зарар не. То ба имрӯз системаи энергетики Тоҷикистон ба таври автономӣ кор мекунад, агар ба системаи ягона ҳамроҳ шавем, он гоҳ садамаҳо дар хатҳои интиқоли барқ ва талафотҳо ба маротиб кам шуда, доду гирифти нерӯи барқ ва сифати он меафзояд. Тавассути ин система мо метавонем дар фасли тобистон ба кишварҳои ҳамсоя барқи бар изофаро фурӯшем ва аз ин фоида ҳам ба даст биёрем, - гуфт Мирзо Исмоилзода зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон.
Бояд қайд намоем, ки моҳи ноябри соли 2009 ҷумҳурии ҳамсоя-Ӯзбекистон бидуни огоҳӣ аз системаи ягонаи энергетики Осиёи Марказӣ баромада, бо ин амал кишвари моро, ки ба воситаи Ӯзбекистон ба ин система шомил буд, бидуни барқу равшанӣ гузошта буд.

СССР

Ҷумъа, Фев 09 2018


Ҷамшед Нурмаҳмадзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон гуфт, ки дар ҳоли ҳозир ҳукумати кишвар фаъолияти ояндаи 2 бонки мушкилдори кишвар “Тоҷиксодиротбонк” ва “Агроинвестбонк”- ро мавриди таҳқиқу баррасӣ қарор дода, дар бораи ояндаи онҳо масъалагузорӣ мекунад.
- Мо ба ҳукумати кишвар роҳҳои нави ҳалли мушкилоти ин 2 бонкро ҳам пешниҳод кардем ва ҳоло он мавриди таҳқиқ  ќарор гирифтааст. Дар тӯли соли 2017 новобаста аз вазъи на он қадар хуби молии хеш, инҳо тавонистанд баъзе аз пешниҳодоти қаблии БМТ- ро иҷро намоянд, аммо шарти асосӣ-ҷалби сармояи иловагиро натавонистанд иҷро кунанд. Ҳоло бонкҳо ба фурӯши амволи худ шуруъ намудаанд ва тадриҷан бо мизоҷони хеш тасвияи ҳисоб мекунанд,- афзуд Ҷамшед Нурмаҳмадзода.

СССР


Ҷумъа, Фев 09 2018


Бонки миллии Тоҷикистон барои ғанӣ гардонидани хазинаи тиллоии хеш дар соли 2017  3 тонна тилло харидааст. Бино ба итиллои Ҷамшед Нурмуҳаммадзода, раиси БМТ, тиллои мазкур аз корхонаҳои ватание, ки бо истихроҷи он машғуланд, харидорӣ карда шуда, захираи тиллоии Тоҷикистон дар бонкҳои Швейтсария ва Олмон маҳфузанд.
Мутобиқи маълумоти омории пулию қарзӣ ҳаҷми пулҳои захиравӣ ба ҳолати 31.12.2017 14,6 миллиард сомонӣ ва ҳаҷми пули нақд дар муомилот 11,7 миллиард сомониро ташкил дод.

СССР

саҳ 10 аз 34

Китобҳо

Flag Counter