ХАБАРИ ДОҒ
Ҷумъа, Окт 25 2019

 

    Сафорати ИМА дар ҶТ ба Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе таҷҳизоти муайанкунандаи радиатсияро тақдим намуд. Ин тӯҳфаи хайрия рӯзи 22.10.2019 тавассути кордори муваққатии сафорат Ҷон Гинкел ботантана супорида шуд.

   Бояд гуфт, ки таҷҳизоти мазкур аз ҷониби Идораи муайянкунандаи қочоқ ва назорати моддаҳои ҳастаии вазорати энергетикаи ИМА (NSDD), дар ҳамкорӣ бо Агентии бехатарии ядроӣ ва радиатсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шудааст. Таҷҳизот аз тарафи Хадамоти давлатии гумруки ҶТ истифода ва хизматрасонӣ карда, барои мубориза бар зидди қочоқи маводи ҳастаӣ, ки ҷузъи муҳими ҳамкориҳои ИМА ва Тоҷикистон дар таъмини амнияти минтақавӣ ба ҳисоб меравад, истифода бурда мешавад.

     Аз соли 2013 инҷониб Идораи муайянкунанадаи қочоқ ва назорати моддаҳои ҳастаии вазорати энергетикаи ИМА (NSDD) беш аз 2,7 миллион доллари ИМА-ро барои дастгирии кӯшишҳо баҳри мубориза бо қочоқи маводи ядроӣ ва радиологӣ харҷ намудааст.  Дар давоми ин муддат NSDD Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо 8 адад системаи муайянкунӣ ва 4 адад борхалта барои муайян намудани радиатсия таъмин намудааст.

 

 

Чоршанбе, Окт 23 2019

Дар асоси қарори ҳайати Мушовараи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 сентябри соли 2019, №8 БДА ҶТ «Амонатбонк» барои иҷрои софдилонаи қонунгузории андоз, саҳми арзанда дар рушди иқтисодиёт ва буҷети давлатӣ андозсупорандаи беҳтарини соли 2019 интихоб шудааст. Роҳбарият ва ҳайати кормандони БДА ҶТ “Амонатбонк” тасмим гирифтаанд минбаъд, низ масъулият ва ҳамкориҳоро дар ҳама самт ҷоннок намуда, сиёсати иҷтимоии мамлакатро бо мувафақият, пеш мебаранд.

 

Таҷлили "Рӯзи забони давлатӣ" дар БДА ҶТ «Амонатбонк»

  Дар толор-маҷлисгоҳи Раёсати БДА ҶТ «Амонатбонк» бо иштироки раиси Раёсат Икромӣ Сироҷиддин ва дорандаи мукофоти Давлатии ба номи Рӯдакӣ, шоир ва нависандаи Тоҷикистон Камол Насрулло, барандаи Ҷоизаи Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, Аълочии матбуот, Ҳунарманди шоиста ва мардумии Тоҷикистон ва кормандони дастгоҳи марказии Бонк бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид.

 Ҷаласаро раиси Раёсат Икромӣ Сироҷиддин ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро ба Рӯзи забони давлатӣ табрик намуда, иброз доштанд, ки забони тоҷикӣ ва рушди ташаккули пайвастаи он дар мақоми забони давлатӣ доштани он мебошад ва муҳимтар аз ҳама, рамзи истиқлолияти давлатии мо ба ҳисоб меравад.

Аз ин лиҳоз, бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола дар кишвар 5 октябр, ҳамчун "Рӯзи забони давлатӣ" ҷашн гирифта мешавад.

Дар идомаи ҷаласа, меҳмонон Устод Камол Насрулло ва Ортиқ Қодир аз таърихи бою ғании забони тоҷикӣ ва ҳифз намудану гиромӣ доштани суннатҳои ниёгон аз ҷумла фарҳанги миллӣ, , ки ойинаи таърихи халқу кишварамон ва василаи пайванди имрӯз бо гузашта мебошанд ёдовар шуда ба иштирокчиён аз ашъорҳои пандомез ва саршор аз меҳру муҳаббати меҳанпарастӣ буд, порчаҳои шеър қироат намуданд.

Дар фарҷом, раиси Раёсат Икромӣ Сироҷиддин иброз доштанд, ки сарчашма ифтихори ватандорӣ аз донистани таърих, забон ва фарҳанги миллат машъал мегирад ва инро мо бояд шиори ҳамарӯзаи худ қарор бидиҳем.

 

Иштироки фаъолонаи бонувони БДА ҶТ “Амонатбонк” дар Фестивали ҷумҳуриявии "Ҷилваи рангҳо"

  Бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш.Душанбе дар Майдони 800-солагии Москваи пойтахти мамлакат даври шаҳрии Фестивали ҷумҳуриявии "Ҷилваи рангҳо" доир гардид, ки дар ин фестивал 30-нафар бонувони БДА ҶТ “Амонатбонк” бо либосҳои ягонаи корӣ, иштирок намуданд. 

  Сараввал муовини Раиси ш.Душанбе, Мавсума Муинӣ ҳамаи иштирокчиёни фестивалро хайрамақдам намуда, иброз доштанд, ки Фестивали "Ҷилваи рангҳо" ба хотири тарбияи эҳтироми арзишҳои фарҳанги либоси миллӣ, ҳисси зебоипарастӣ, боло бурдани маданият ва бедор намудани завқи баланди либоспӯшии аҳли ҷомеа, бахусус баланд бардоштани нақшу мақоми либосҳои миллӣ ва муосири кӯдакон, наврасон, ҷавонон, духтарон, занон ва мардон ва риояи тарзи пӯшидани онҳо дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2018 ва қарори марбути Раиси шаҳри Душанбе созмон дода шудааст.

 Фестивали "Ҷилваи рангҳо" дар  8 (ҳашт) бахш, аз ҷумла либосҳои қадима ва муосири кӯдакону наврасон, либосҳо барои персонажҳои афсонавӣ, либосҳои рӯзмараи ҷавондухтарон, бонувон ва модарон, либосҳо барои ҷавонон, мардон ва мӯйсафедон, либосҳои маросимӣ ва идона, либосҳои расмӣ (протоколӣ), либосҳои фароғатӣ ва либосҳо барои хона ва корхона созмон дода шуд.

Бояд, қайд намуд, ки фестивали мазкур либоси миллӣ ва муосир ҷиҳати арҷгузорӣ ба фарҳанги либос ташкил гардида, ҳунари волои халқи тоҷикро дар дӯхти либосҳои миллӣ таҷассум месозад.

Хотимаи Фестивал аз ҷониби Кумитаи тадорукот натиҷагирӣ шуда, ғолибон бо диплому тӯҳфаҳои хотиравӣ ва "Сипоснома"-ҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе қадрдонӣ шуданд.

 

Раёсати БДА ҶТ «Амонатбонк» озмуни «Бозёфти таърихи»-ро барои осорхонаи бонк эълон менамоянд

Мизоҷон ва ҳамкорони азиз, агар Шумо дар хона ва хазинаи худ пулҳои коғазӣ, тангаҳо, вомбаргҳо, векселҳо, картатекаи нафақагирон, расидҳо, дафтарчаҳои амонатӣ ва нафақавӣ, сейфҳои кӯҳна дошта бошед, метавонед онро ба осорхонаи «Амонатбонк» оварда саҳми худро дар маҳфуз нигоҳ доштани таърихи бонки давлатӣ гузоред.

Саҳмгузорандагонро мукофотпулӣ интизор аст.

 Суроға барои қабули ашёҳои номбаршуда: ш.Душанбе, кӯчаи Лоҳутӣ 24. Хадамоти матбуот ва реклама, телефонҳо барои маълумот: +992 44 600 00 34 ё рақами кӯтоҳи 1885.

 

Шӯъбаи матбуоти БДА ҶТ «Амонатбонк»

                    

 

Чоршанбе, Окт 02 2019

Бо мақсади муҳайё намудани заминаи ҳуқуқӣ барои ҷорӣ намудани бонкдории исломӣ Қонуни ҶТ “Дар бораи фаъолияти бонкии исломӣ” аз 26.07.2014, №1108 қабул шуд. Ин Қонун асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии фаъолияти бонкии исломиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян ва шароити мусоидро барои пешбурди фаъолияти бонкии исломӣ фароҳам месозад. Дар марҳилаи нави рушди низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва устувор нигоҳ доштани низоми бонкӣ, пешниҳоди маҳсулотҳои бонкдории исломӣ, ки таҷрибаи устувори пешгирикунандаи хавфҳои молиявиро дорад, метавонад маблағҳои озоди аҳолӣ ва сармоягузориҳои дарозмуддати мустақими хориҷиро ба иқтисодиёти ҷумҳурӣ ҷалб кунад ва замина барои рушди минбаъдаи иқтисодиёт ва низоми бонкии ҷумҳурӣ шавад. Маврид ба зикр аст, ки бо ташаббуси саҳмиядорони ҶСК “Соҳибкорбонк”, бинобар ба бонки исломӣ табдил додани бонк бо қарори Маҷлиси умумии саҳмиядорон аз 12.06.2019 номи он ба ҶСК “Тавҳидбонк” иваз карда шуд. Тибқи моддаи 42-и Қонуни ҶТ “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон” ва моддаҳои 4, 10, 12 ва 18-и Қонуни ҶТ «Дар бораи фаъолияти бонкии исломӣ” ва бо қарори навбатии Раёсати БМТ аз 16.09.2019, таҳти №116 ба Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Тавҳидбонк” барои анҷом додани амалиёти бонкии исломӣ бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ иҷозатнома дода шуд. Раиси БМТ Ҷамшед Нурмаҳмадзода зимни супоридани иҷозатнома барои фаъолияти бонкдории исломӣ ба и.в.Раиси ҶСК “Тавҳидбонк” Шералӣ Зардов изҳор дошт, ки рӯйдоди мазкур барои низоми бонкии кишвар як саҳифаи нав кушода, баҳри ҷалби сармояи хориҷӣ ва кушодани бонкҳои нав бо принсипи бонкдории исломӣ дар Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард. Барои фаъолияти пурсамар баҳри пешрафти низом бо истифода аз таҷрибаи нави бонкдории исломӣ ба роҳбарияти ҶСК “Тавҳидбонк” дастуру тавсияҳои мушаххас дода шуд. Тибқи қарори мазкур, иҷозатномаи ҶСК “Соҳибкорбонк” барои иҷрои амалиёти бонкӣ, ки аз 14.10.2013 дода шудааст, бинобар табдилёбӣ ба бонки исломӣ аз эътибор соқит дониста шуд. Зимнан, дар Феҳристи ташкилотҳои қарзии исломӣ ва Маълумотномаи “Рамзҳои мушаххаси бонкии ташкилотҳои қарзии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон” сабтҳои дахлдор ворид карда мешавад.

 

Татбиқи қарори Ҳукумати ҶТ “Оид ба тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ”

Таъмини фаъолияти самарабахши низоми пардохти кишвар яке аз омилҳои калидии фаъолияти босубот ва босуръати низоми бонкӣ маҳсуб ёфта, рушди низоми ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ ба шаффофияти иқтисодиёти кишвар мусоидат менамояд. Бо мақсади рушди низоми пардохтҳои ғайринақдӣ дар иқтисодиёти кишвар вусъат додани истифодаи воситаҳои электронии пардохтӣ ҳангоми ҳисоббаробаркуниҳо аз ҷониби Ҳукумати ҶТ қарор “Оид ба тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ” 30.11.2018, таҳти №565 тасдиқ шуд ва тибқи он вазорату идораҳо, корхонаю муассисаҳои давлатии амаликунандаи хизматрасониҳои пулакӣ ба аҳолӣ, вазифадор шудаанд, ки дар баробари ҳисоббаробаркуниҳои нақдӣ, ба таври ҳатмӣ қабули ҳаққи ҳама намуди хизматрасониҳоро аз аҳолӣ ба таври ғайринақдӣ бо истифодаи воситаҳои электронии пардохтӣ таъмин кунанд. Лиҳозо, БМТ бо мақсади вусъат бахшидани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ дар якҷоягӣ бо ташкилотҳои қарзии ватанӣ тадбирҳои саривақтиро андешида, баҳри зиёд шудани ҳиссаи он дар иқтисодиёт мусоидат менамояд. Ҳамин аст, ки ташкилотҳои қарзии ватанӣ бо истифода аз технологияҳои муосири пардохтӣ, ба монанди бонкдории мобилӣ, Интернет-бонкинг, пардохтҳо тавассути QR-рамз ва маблағҳои электрониро ҷорӣ карда, тавассути онҳо ба муштариён имконияти пардохти ҳаққи молу хизматрасониҳоро ба таври ғайринақдӣ фароҳам овардаанд ва ҳамзамон ҷиҳати ҳавасманд кардани муштариён ҳаққи хизматрасониҳоро коҳиш дода, барномаҳои бонусӣ, кэшбэк, пардохти фоиз аз амалиётҳои гузаронидашуда ва дигар роҳу имкониятҳои ҳавасмандгардониро пешниҳод намуда истодаанд. Дар баробари ин, дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда дар ҳамоҳангӣ бо вазорату идораҳои дахлдор, корхонаю муассисаҳои давлатӣ ва ташкилотҳои қарзӣ, қабули пардохти як қатор хизматрасониҳои давлатӣ ба таври ғайринақдӣ тавассути воситаҳои электронии пардохтӣ роҳандозӣ шуда истодаанд, аз ҷумла хизматрасониҳо дар бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва хизматрасонии нотариалӣ, пардохти боҷи давлатӣ (Интернет эквайринг), пардохтҳои патентӣ, хизматрасониҳои Бозрасии давлатии автомобилӣ (беш аз 60 навъ), пардохти хизматрасониҳои тиббӣ (беш аз 70 адад муассисаҳои тандурустӣ), пардохти маблағи раводиди электронӣ, пардохтҳои гумрукӣ, барои истифодаи нақлиёти ҷамъиятӣ, хизматрасонии иёргирӣ, пардохти маблағҳои истифодаи қувваи барқ тавассути низоми биллингӣ, пардохти маблағҳои андозсупорандагон аз объектҳои ғайриманқул, андози замин, воситаҳои нақлиёт, пардохти андозҳои маҳаллӣ ба таври ғайринақдӣ ба роҳ монда шудааст. Рушди ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ ҳамчун омили инкишофи низоми молиявӣ дар ғанӣ гардонидани буҷети кишвар нақши муҳим дорад. Истифодаи оммавии воситаҳои электронии пардохтӣ ҳангоми ҳисоббаробаркуниҳо (хариди молу хизматрасониҳо) ба шаффоф гаштани ҷараёнҳои молиявӣ, коҳиш ёфтани ҳаҷми иқтисодиёти ғайрирасмӣ, афзоиши воридоти маблағҳои андоз ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷети давлатӣ, инчунин ба зиёдшавии ҳаҷми амонатҳо мусоидат мекунад. Аз сӯи дигар, гузариш ба пардохтҳои ғайринақдӣ ба аҳолии кишвар имконият медиҳад, ки ҳарчи бештар ба хизматрасониҳои пардохтӣ дастрасӣ пайдо намуда, бидуни ташриф овардан ба марказҳои хизматрасонии бонкӣ бо роҳҳои қулай, осон ва босуръат пардохти молу хизматрасониҳоро ба таври фосилавӣ анҷом диҳанд ва вақти худро сарфа намоянд. Дар замони муосир истифодаи воситаҳои электронии пардохтӣ ҳангоми ҳисоббаробаркуниҳо ҳам барои иқтисодиёт ва ҳам барои аҳолӣ афзалияту бартариятҳои зиёд дорад, аз ҷумла, барои аҳолӣ:

- осон намудани ҳисоббарорбаркунӣ дар муомилот, хавфи ночизи аз даст додани маблағҳои пулӣ, мубодилаи автоматии маблағҳо, ҷозибии молиявӣ (масалан, ҳисоби фоиз) ва ғайра;

барои марказҳои савдо ва хизматрасонӣ:

-рушди савдо ва ҷалби харидорони нав, камшавии хароҷот аз инкассатсияи маблағҳои савдо;

барои ташкилотҳои қарзӣ:

-васеъ намудани маҷмӯи хизматрасониҳо, ҷалби муштариёни нав, афзоиши иқтидори рақобатпазирии ташкилот, ҷамъоварии хаққи хизмати иловагӣ ва ба даст овардани даромади иловагӣ;

барои иқтисодиёт:

-шаффоф гардидани ҷараёнҳои молиявӣ, коҳиш ёфтани ҳиссаи иқтисодиёти ниҳонӣ, афзоиши воридоти маблағҳои андоз ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷети давлатӣ ва ғайра.

Бо дарназардошти бартариятҳои мазкур бо мақсади мусоидат ба фаъолияти мунтазаму самараноки низоми бонкӣ, зиёд намудани ҳиссаи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ дар муомилоти пулии кишвар ва ҳавасманд кардани ташкилотҳои қарзии молиявӣ, тибқи қарори Раёсати БМТ аз 26.08.2019, №95, иштирокчиёни Низоми автоматишудаи байнибонкии интиқоли маблағҳо аз пардохти ҳаққи хизматрасонии ҳисоббаробаркунии байнибонкӣ дар давоми нимсолаи дуюми с.2019 озод карда шуданд. Дар баробари ин, бо мақсади иҷрои банди 3 қарори Ҳукумати ҶТ “Оид ба тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ”, Вазорати молияи ҶТ баҳри ҳавасмандгардонии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ ҷиҳати рушди ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ ва дар амал татбиқ кардани он, инчунин марҳила ба марҳила маҳдуд кардани ҳисоббаробаркуниҳо бо пули нақд дар муомилоти пулии кишвар, лоиҳаи Қонуни ҶТ “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро таҳия карда, ба баррасии вазорату идораҳои дахлдор 3.06.2019, таҳти №3-3/389 ирсол кардааст. Дар лоиҳаи мазкур ҷиҳати рушди ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ имтиёзу сабукиҳои андозӣ пешбинӣ шудааст, аз ҷумла, барои пешниҳоди имтиёзҳои андозӣ ба шахсони воқеӣ барои бештар анҷом додани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ ва истифодабарии воситаҳои электронии пардохтӣ, пешниҳод шудааст, ки аз маблағи бонусҳо, кэшбек ва дигар механизмҳои ҳавасмандгардонӣ, ки аз ҷониби ташкилотҳои қарзии молиявӣ ба муштариён ҳангоми истифодабарии воситаҳои электронии пардохтӣ пешниҳод мешаванд, андоз аз даромад гирифта нашавад. Ҳамзамон, лоиҳа пешбинӣ менамояд, ки барои воридоти таҷҳизот, воситаҳои техникӣ, қисмҳои эҳтиётӣ ва таъминоти барномавии барои ҳиссобаробаркунии ғайринақдӣ истифодашаванда таҷрибаи муваққатан озодкунӣ аз андозҳо татбиқ карда шавад. Инчунин, ба Кодекси андоз ворид кардани имтиёзҳо ба меъёри андози низоми соддакардашуда барои фаъолият оид ба истеҳсоли молҳо бо истифодаи пардохти ғайринақдӣ 3% ва ба намудҳои дигари фаъолият дар ҳаҷми 4% пешниҳод шудааст, ки нисбати ҳамин гуна фаъолият бо пардохти нақдӣ 2 банди фоизӣ камтар аст.

Қабули тағйиру иловаҳои мазкур ба Кодекси андози ҶТ дар маҷмӯъ ба рушди иқтисодиёти мамлакат, афзудани ҳиссаи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ дар муомилоти пулии кишвар ва дастгирии соҳибкорӣ равона шуда, дар асоси қабул гардидани он эҳтимолияти ба буҷети давлатӣ бештар ворид шудани маблағҳо аз эҳтимол дур нест. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар маҷмӯъ чораҳои андешидашуда барои зиёдшавии истифодаи воситаҳои электронии пардохтӣ ва афзоиши теъдод ва ҳаҷми пардохтҳои ғайринақдӣ мусоидат карда, тибқи маълумотҳои оморӣ тайи 8 моҳи соли ҷорӣ ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ нисбати соли қаблӣ хеле рушд кардааст. Аз ҷумла, ба ҳолати 31.08.2019 миқдори умумии кортҳои пардохтии бонкӣ 2 217 773 ададро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 25,2% афзудааст. Барои хизматрасонии дорандагони кортҳои пардохтии бонкӣ аз ҷониби ташкилотҳои қарзии молиявӣ дар маҷмӯъ 762 адад банкомат ва 5074 адад терминалҳои электронӣ мавриди истифода қарор дода шудаанд. Дар муқоиса ба ҳамин давраи с.2018 шумораи банкоматҳо 86 адад ва шумораи терминалҳои электронӣ 989 адад афзудаанд. Аз миқдори умумии терминалҳои электронӣ 1714 адад дар нуқтаҳои пешниҳоди пули нақд ва 3360 адад дар муассисаҳои савдою хизматрасонӣ насб карда шудаанд, ки ин нишондиҳандаҳо нисбат ба ҳамин давраи с.2018 мутаносибан 18,2% ва 27,5% афзоиш ёфтаанд. Дар баробари ин, бояд қайд кард, ки дар давоми 8 моҳи с.2019 тавассути воситаҳои электронии пардохтӣ (кортҳои пардохтии бонкӣ, кортҳои нақлиётӣ ва ҳамёнҳои электронӣ) барои хариди мол ва пардохти хизматрасониҳо зиёда аз 21,2 млн. адад амалиётҳои ғайринақдӣ ба маблағи 519,2 млн. сомонӣ гузаронида шуданд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи с.2018, аз рӯи шумора 30 маротиба ва аз рӯи ҳаҷми амалиётҳои гузаронидашуда 64,3% зиёд аст. Дар ин давра таносуби ҳаҷми амалиётҳои нақдӣ ва ғайринақдӣ бо истифодаи воситаҳои электронии пардохтӣ 93,5% ба 6,5%-ро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ ҳаҷми амалиётҳои ғайринақдӣ 1,7 банди фоизӣ афзудааст. БМТ бо мақсади иҷрои банди 4-и қарори номбурда ҷиҳати гузаронидани корҳои таблиғотию ташвиқотӣ бо мақсади оммавигардонии истифодаи воситаҳои электронии пардохтӣ ва анҷом додани пардохтҳои ғайринақдӣ дар ҳамкорӣ бо шабакаҳои телевизионии давлатӣ барномаву гузоришҳои телевизионӣ ва радиоӣ бо иштироки вазорату идораҳо, мақомотҳои масъул ва ташкилотҳои қарзӣ доир намуда, бартариятҳои истифодаи пардохтҳои ғайринақдӣ ва баланд бардоштани маърифати молиявӣ дар самти истифодаи чунин пардохтҳо, ки ба манфиати аҳолӣ аст, фаҳмонда дода шуд.

Бояд қайд кард, ки рушди мунтазами низоми пардохтӣ ва афзудани ҳиссаи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ дар муомилоти пулии кишвар зарурияти ташаккул додани инфрасохтори боэътимоду пуриқтидори низоми пардохтиро тақозо менамояд. Бо ин мақсад дар БМТ аз 19.07.2019 ба ивази низоми амалкунандаи пардохтҳои байнибонкӣ Низоми муосири автоматишудаи байнибонкии интиқоли маблағҳо мавриди истифода қарор дода шуд. Татбиқи низоми мазкур самаранокӣ ва эътимоднокии низоми пардохтии кишварро афзун карда, барои рушди минбаъдаи инфрасохтори низоми пардохтӣ ва ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ заминаи устувор мегузорад. Ҳамин тариқ, бо мақсади чораҷӯӣ намудан баҳри иҷрои қарори Ҳукумати ҶТ “Оид ба тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ”, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо кормандони мақомоти молия, андоз, гумрук, сармоягузорӣ ва бонкҳо ин нуқтаро махсусан таъкид карданд, БМТ барои зиёдшавии пардохтҳо бо истифодаи кортҳои пардохтии бонкӣ ва истифодаи оммавии онҳо ҳангоми ҳисоббаробаркунӣ, ки аз омилҳои рушди иқтисодиёти миллӣ маҳсуб меёбад, ҳамеша талош меварзад.

Шуъбаи матбуоти БМТ

 

Чоршанбе, Сен 25 2019

Истихроҷи тилло дар Айнӣ

Рӯзи 23.08.2019 бо мақсади шинос шудан бо ҷараёни сохтмони корхонаи бузурги саноатии ҶСП «Талко Голд» дар мавзеи Кончочи н.Айнӣ аз ҷониби КВД «Ширкати алюминийи тоҷик» саёҳати иттилоотӣ (press tour) ташкил шуд. Зимни боздид шоҳид шудем, ки айни ҳол корҳо дар сохтмони корхонаи бузурги саноатии ҶСП «Талко Голд» бо суръат пеш рафта истодаанд. То имрӯз ҳудуди 7 км нақб барои истихроҷи тилло, сурма ва дигар металлҳо канда шудааст. Баробари ба истифода додани ин корхона Тоҷикистон метавонад аз рӯи истихроҷ ва истеҳсоли сурма дар ҷаҳон баъд аз Чин ва Россия ба ҷои сеюм барояд. Корхонаи бузурги саноатӣ дар заминаи маъдани кони Кончоч, ки иборат аз 3 қитъа-Чӯлбоӣ, Кончоч ва Шахкон аст, ба истифода дода мешавад. Дар кон захираи 5 элементи кимиёӣ (тиллову сурма- асосӣ ва нуқра, симоб, флюорит ҳамчун унсурҳои ҳамроҳ) ҳисобу китоб ва ба тавозуни захираҳои давлатӣ гузошта шудаанд. Ҳамаи унсурҳо дар мамлакати мо истихроҷу коркард шуда, тилло, нуқра ва сурма дар шакли маҳсулоти ниҳоӣ, яъне металл истеҳсол карда мешаванд.

50 тонна тилои Зарафшон

Дар захираи умумии конҳои гурӯҳи Кончоч сурма қариб 265.000 тонна, тилло қариб 50 тонна, флюорит-76.650 т, нуқра 59,44 т, симоб 11 97,1 тоннаро ташкил медиҳанд. Саҳмдорони ҶСП «Талко Голд»-КВД Ширкати алюминийи Тоҷик ва Ҷамъияти Саҳҳомии Чин «Ширкати саноати маъдани тибетии Хуаюй» аллакай корҳоро оид ба ҷалби сармояҳо ба сохтмони корхона баргузор намудаанд.

Ёдовар мешавем, ки 24.06.2018 президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди ин корхонаи бузург санги асос гузошта буд. Иҷрои корҳои сохтмонӣ дар ин мавзеъ 1 солу 6 моҳ ба нақша гирифта шудааст. Солҳои 2018-19 аз худ намудани конҳои гурӯҳи Кончоч, сохтмон ва мавриди баҳрабардорӣ қарор додани муҷтамаи саноатии ҶСП «Талко Голд» дар назар аст. Ба роҳ мондани истеҳсоли тилло ва сурма марти с.2020 ба нақша гирифта шудааст. Анҷоми сохтмони муҷтамаи истеҳсолӣ дар кони Кончоч марти с.2020 дар назар аст. Ба кор андохтани иқтидорҳои истеҳсолӣ имкон медиҳад, ки беш аз 600 ҷои корӣ таъсис ёбад. Дар заминаи бунёди ин корхона марҳила ба марҳила аз 1000 то 1500 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон бо ҷои кори доимӣ ва маоши хуб таъмин мегарданд.

Ш.Амин,

СССР

 

Ҷумъа, Сен 13 2019

“Фароз”, яке аз ширкатҳои нафтии маъруфи кишвар бо 1 нома ба Кумитаи андози ҶТ эълон кардааст, ки ба фаъолияташ хотима мегузорад. Азамат Қосимов, директори генералии ширкати “Фароз” дар нома ба Кумитаи андоз навиштааст, “бар замми омилҳои зикргардида таназзули иқтисодии ҷаҳонӣ ва таъсири манфии он ба минтақа боиси аз даст додани самаранокии молиявии фаъолияти Ҷамъият оварда расонид.” Дар нома ҳамчунин омадааст, ки “Фароз” бино бар шикаст хӯрданаш дар рақобатҳои бозори маводи сӯхт барҳам дода мешавад. Исматулло Зиёев муовини раиси ин ширкат ба расонаҳои хабарӣ гуфтааст, ки "ҳоло машғули боз кардани чанд иншооти нав аст ва дар бораи нома ба Кумитаи андоз пас аз як ҳафта, замоне суҳбат хоҳад кард, ки роҷеъ ба он "маълумоти пурра"-ро ба даст орад.

“Фароз” с.2008 ташкил шуда, дар оғоз асосан дар бахши воридот ва фурӯши умда ва чаканаи маҳсулот нафтӣ фаъол буд. Аммо солҳои охир ширкат фаъолияти худро васеъ карда, дар чандин соҳаи сердаромад, аз ҷумла, ҷамъоварии шираи камол, содир кардани шиносномаҳои ронандагиву рақамҳои давлатии мошинҳо, истеҳсоли позаҳр, рушди туризму ҷаҳонгардӣ, сохтмон, соҳибмулкии конҳои фоиданок, бонкдорӣ, хадамоти тиббӣ ва бахшҳои зиёди дигар ҳузури густарда пайдо кард.

 

саҳ 2 аз 40

Китобҳо

Flag Counter