ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, Май 29 2019


Роҳи Душанбе-Чанок, ки нигоҳдориаш дар асоси шартномаи консессионӣ ба зиммаи филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор аст, асосан аз минтақаҳои сайёҳии кишвар мегузарад. Ба ғайр аз ин, истироҳаткунандагон ба осоишгоҳҳои машҳури «Хоҷа Оби гарм», «Баҳористон», «Шифо», «Зумрад» «Сафед-дара», «Гулобод», «Авис-сити», «Ҳавотоғ», «Кохи Малика» ва амсоли инҳо тавассути роҳи мазкур сафар мекунанд. Табиист, ки ҳолати роҳ ва раванди нигоҳдории он ба ҷалби бештари сайёҳон, таваҷҷуҳбарангез шудани минтақа барои ҷаҳонгардон, беҳбудӣ ёфтани инфрасохтори соҳаи сайёҳӣ... мусоидат карда, дар ин раванд омили калидӣ маҳсуб мешавад. Ҷоиз ба зикри алоҳида аст, ки аз ҷониби роҳбарияти филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста навгониҳо ҷорӣ шуда, онҳа пеш аз ҳама, ба беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонӣ, тавсеаи пардохти ғайринақдӣ, ба талаботи байналмилалӣ мутобиқ намудани ҳолати роҳ ва раванди нигоҳдории он рабт доранд. Мавриди истифода қарор гирифтани плазаҳои нави толлингӣ ба ҷои плазаҳои амалкунанда шаҳодати гуфтаи боло буда, дар баробари бартариҳои дигар, ба рушди соҳаи сайёҳӣ дар мамлакат низ мусоидат намуда истодааст. Далелу арқоми мавҷуда низ аз он шаҳодат медиҳанд, ки аксари сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ, ки тариқи роҳи Душанбе-Чанок сафар мекунанд, аз ҳолати роҳ ва ибтикороти амалинамудаи роҳбарият ва кормандони филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қаноатманданд.
Эътироф бояд кард, ки чанд соли охир истифодаи кортҳои пардохтӣ аз ҷониби шаҳрвандони мамлакат тавсеа ёфта, раванди дастрасӣ низ ба онҳо хеле сода гардонида шудааст. Тибқи маълумоти оморӣ, айни замон дар ҷумҳурӣ теъдоди истифодабарандагони кортҳои пардохтӣ зиёда аз як миллион нафарро ташкил медиҳад ва ин раванд бемайлон идома ёфта истодааст. Ҳамрадиф бо ин иқдомот, бонкҳои кишвар низ фаъолияти хешро дар ин ҷода густариш бахшида, ҳатто дар дурдасттарин минтақаҳо банкоматҳои худро ба истифодаи мизоҷон вогузоштанд. Аммо фарҳанги истифодаи кортҳои пардохтӣ аз ҷониби шаҳрвандон «ба ҳар ду пой мелангад». Фаъол кардани марказҳои ҷараёникунӣ дар низоми бонкии мамлакат ва барориши кортҳои миллӣ имкониятҳои бонкҳо ва мизоҷони онҳоро дар самти истифодаи кортҳои пардохтӣ бояд васеътар мегардонид, аммо афсӯс...
Ҷои пӯшида нест, ки ҳоло қисми зиёди шаҳрвандони ҷумҳурӣ то чӣ ҳад муфид будани истифодаи кортҳои пардохтиро дарк накардаанд. Барои мисол, дар плазаҳои филиали Ширкат банкомат ва POS-терминалҳо насб шудааст, ки аз онҳо дорандагони кортҳои пардохтии Корти миллӣ, Visa International, Union Pay  метавонанд бе комиссия гузаришро аз плазаҳои толлингӣ бипардозанд. Мутаассифона аз имконияти фароҳамшуда ронандагону мусофирон таври бояду шояд истифода намекунанд. Лиҳозо, барои таваҷҷуҳ зоҳир намудани ронандагону мусофирон ба ин масъала таври мухтасар шарҳу тавзеҳ додани  манфиатҳои рӯ овардан ба пардохти ғайринақдиро мувофиқи мақсад мешуморем:
Ҳамватанон бояд дуруст дарк кунанд, ки истифодаи кортҳои пардохтӣ бартариҳои зиёд дорад. Аввалан, он воситаи хеле қулайи баҳравар шудан аз хизматрасониҳои молиявӣ маҳсуб ёфта, тавассути он харидории дилхоҳ молу маҳсулот аз марказҳои савдо, интиқоли маблағ, нигоҳдории маблағҳои амонатӣ (депозитӣ) имконпазир аст. Сониян, барои дорандагони кортҳо зарурати ба худ гирифтани маблағи зиёди нақд пайдо намешавад. Барои онҳо кифоя аст, ки дар он макон банкомат ё POS-терминалро пайдо карда, дар доираи хизматрасониҳои барои корти пардохтӣ пешбинишуда эҳтиёҷоти хешро қонеъ намоянд. Ин омил ба коҳиш ёфтани пули нақд дар гардиш, ки аз лиҳози иқтисодӣ хеле муҳим аст, боис мегардад. Дар маҷмӯъ, истифодаи васеи чунин кортҳо ба ғанӣ гардидани Буҷети давлат, ҷалби маблағҳои аз гардиши бонкӣ берунмонда, муътадил нигоҳ доштани қурби асъори миллӣ ва боз ҳам боло рафтани нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун кишвари бемайлон рушдёбанда кумаки амалӣ мерасонад. Насби  банкомат ва  POS-терминалҳо дар масири роҳи Душанбе-Чанок далели возеҳи он аст, ки роҳбарияти филиали Ширкати саҳомии “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар  иҷрои ин муқаррароти қонунгузорӣ фаъол  буда, дар ин самт корҳои зиёдро ба иҷро расонидаанд. Боварӣ дорем, ки ояндаи наздик истифодаи кортҳои пардохтӣ ҳангоми пардохти хизматрасонии филиали Ширкат ба падидаи маъмул табдил ёфта, аксари шаҳрвандони аз истифода хоҳанд кард.

Маркази матбуоти филиали Ширкати саҳомии “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоршанбе, Май 22 2019


Салом, СССР! Хизматрасонии бонкӣ дар давлати Шӯравӣ ба дараҷаи хуб ба роҳ монда шуда буд ва танҳо дар солҳои охири мавҷудияташ ба бетартибиҳо роҳ доданд. Аммо аз вақте ки соҳибистиқлол шудем, бонкҳои мо то ҳол мардумро фиреб медиҳанд ва аҷобати кор дар он аст, ки бонкдорон доимо хомӯшанд. Мардуме, ки пулҳои худро барои рӯзи мабодо ба чанд бонки муфлисшуда, аз ҷумла, Агроинвестбонк, гузошта буданд, дар муддати 6-7 соле, ки гирифта наметавонанд, медонед чӣ қадар он пулҳо беқурб шудаанд? Аллакай шумо-бонкирҳои «муҳтарам» 50-60% пули мардумро ба боди фано додед ва ҳамон 40-50 %-и боқимондаро ҳам ба назарам доданӣ нестед! Мизоҷон ҳар қадар, ки ба дари бонк биёянд, фақат 1 ҷавоб мешунаванд: «Пул нест, равед аз ин ҷо!» Гӯё талбандае назди банкир рафта бошад. Аммо дар ҳолате, ки агар ягон шахс аз бонк қарз гирад, дар он сурат пули бонк ҳар моҳ ҳатман фоиз кор мекунад ва хона ё мошини ба гарав гузошташуда бе мушкил ситонида мешавад. Ҳамон замон милиса, суд дар хизмати бонк тайёранд ва дидаем ҳолатҳоеро, ки қарздор бо аҳли оила дар кӯча мондааст.
Агар қонун чунин аст, пас чаро ин бонкҳо муфлис шуморида шуда, дороияш (с молотка!) ба фурӯш рафта, пули мардум бо фоизаш баргардонида намешавад? Бояд комиссияи ликвидатсионӣ созмон дода шавад ва дар он ҳайат ҳатман аз мардуми ҷабрдида 3-4 нафар шомил бошанд. Ақаллан 1 бор ҳақро ба ҳақдор бирасонед, давлатмардони муҳтарам. Ҳоло мардум ба бонкҳои кишвар бовар надоранд! Охир, бонк барои халқ аст, боварии халқро баргардонед. Бонк муфлис мешавад, вале хонаи халқ месӯзад, бонкир ягон зарар намебинад, чунки бонку мошинҳояш истодаанд, хонаҳояш дар ҷояш, ресторан, бозор, мағозаҳояш побарҷоянд. Аҷоиб муфлисшавие! Ба чунин муфлисшавӣ шумо чӣ мегӯед?

Зиёҷон Хошматов,
деҳаи Шайнаки Муллогадо, н.Рӯдакӣ

Сешанбе, Май 14 2019


Раҳбарони ширкатҳои ҳавопаймоии кишварҳои Осиёи Марказӣ зимни 1 ҳамоиш дар ш. Душанбе, ки рӯзи 13.05.2019 баргузор гашт, мушкилоти соҳаи авиатсияи гражданиро баррасӣ ва аз имкониятҳои нави ҳамкорӣ дар ин соҳа ибрози назар карданд. Андозҳои зиёду ҳангуфт, боҷҳои гумрукӣ, гарон будани хизматрасонии рӯизаминӣ дар фурудгоҳҳо, риоя нагардидани созишномаҳои байналхалқӣ, алалхусус дар бахши боркашонӣ монеаҳои асосӣ дар роҳи рушди авиатсия граждании минтақа ном бурда шуданд.
   Бояд гуфт, ки ин ҳамоиш-нишасти роҳбарони ширкатҳои ҳавопаймоии кишварҳои Осиёи Марказӣ оид ба масоили рушди авиатсияи дар минтақа бори нахуст сурат гирифта, он бо ташаббуси ширкати ҳавопаймоии «Сомон эйр» баргузор гашт. Раҳбарони ширкати «Сомон эйр» аз Ҷумҳурии Тоҷикистон, ширкатҳои «Эйр Астана» ва «SCAT» аз Ҷумҳурии Қазоқистон, «Авиатраффик» аз Ҷумҳурии Қирғизистон ва «Ӯзбекистон ҳаво йуллари» аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Душанбе ҷамъ омада, дар бораи проблемаҳои монеасози соҳаи авиатсия гражданӣ дар минтақа сӯҳбат карда, дар баробари ин дар бораи тавсеаи ҳамкориҳо ва амалӣ намудани лоиҳаҳои муштарак низ табодули назар карданд.

Гардиши мусофирон 2 маротиба афзоиш меёбад!
   Тавре зимни нишасти матбуотӣ Томас Ҳаллам, директори генералии ширкати «Сомон эйр» иброз дошт, дар ҳамоиш асосан мушкилоти ҷойдошта дар соҳаи авиатсияи граждании минтақа, аз ҷумла андозҳои зиёду ҳангуфт, боҷҳои миёншикани гумрукӣ, гарон будани хизматрасониҳои рӯизаминӣ баррасӣ гардида, мавсуф таъкид намуд, ки риоя накардани созишномаҳои байналмилалӣ низ яке аз монеаҳои пешрафти соҳа шуда истодааст.
   - Таъмини амнияти мусофирон ва парвозҳо вазифаи авалиндараҷаи мост ва новобаста аз проблемаҳо барои ин мо тамоми кӯшишу малакаи хешро равона месозем. Тибқи дурнамои ИАТА то соли 2037 гардиши мусофирон дар саросари ҷаҳон 2 маротиба афзоиш меёбад ва бо сабаби гароиши маркази иқтисоди ҷаҳонӣ аз Ғарб ба Шарқ, сатҳи интиқолоти ҳавоӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ боло хоҳад рафт ва густариши ҳамкориҳои байнидавлатӣ омили муҳими ин раванд мебошад, - қайд намуд ҷаноби Томас Ҳаллам.
    Икром Субҳонзода, директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати ҶТ дар навбати хеш қайд намуд, ки мубаддал намудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кишвари транзитӣ яке аз ҳадафҳои рушди ҳукумати кишвар буда, чунин ҳамоишҳо барои амалӣ ёфтани ин ҳадаф заминагузорӣ мекунанд.
   - Дар баробари баррасии мушкилоти соҳа роҳбарони ширкатҳои ҳавопаймоии минтақа табодули назар карда, бо таҷрибаи ҳамдигар аз наздик ошно мешаванд. Чунин нишастҳо имкон медиҳанд ба лоиҳаҳои нави хамкорӣ асос гузошта, барои таъсиси хатсайрҳои нави ҳавоӣ низ мусоидат намоянд,-таъкид дошт мавсуф дар сӯҳбати худ бо хабарнигорон.

Нархгузорӣ бояд асоснок ва шаффоф бошад
   Раҳбарони ширкатҳои ҳавопаймоии минтақа зимни ин нишаст 1 қатор мушкилоти соҳаро қайд намуданд, ки ба рушди авиатсия дар Осиёи Марказӣ халал ворид месозанд.  Аз ҷумла гуфта шуд, ки натанҳо ширкатҳои ҳавопаймоӣ, балки мақомоту сохторҳои танзимкунандаи соҳа набояд аз бехатарии авиатсионӣ сарфи назар намоянд ва ба пуррагӣ ба стандартҳои байналмилалии бехатарии авиатсионӣ, аз ҷумла ба талаботи Созмони байналмилалии авиатсияи гражданӣ (ICAO), стандартҳои техникии Агентии Аврупо оид ба бехатарии парвозҳо (EASA), аудити бехатарии истифодабарии  ИАТА (IOSA) ва талаботи аудити ИАТА оид ба бехатарии хизматрасонии рӯизаминӣ (ISAGO) ҷавобгӯ бошанд.
   Инчунин, диққати ҳукумати кишварҳо бояд ба истифодабарии таҷрибаи беҳтарини ҷаҳонӣ оид ба андозбандӣ, пардохтҳои гумрукӣ ва дигар хароҷоти марбутта ҷалб карда шавад. Ширкатҳои ҳавопаймоӣ, аз ҷумла коркарди маълумот дар бораи мусофиронро барои мақсадҳои бехатарии авиатсионӣ муҳим мешуморанд, аммо низомҳои мазкур набояд аз ҳисоби ширкатҳои ҳавопаймоӣ ва мусофирон маблағгузорӣ шаванд. Айни замон дар 94 кишвари ҷаҳон аз коркарди маълумотҳои мусофирон пардохтҳо ситонида намешаванд. Афзоиши хатсайрҳои мустақим шарти асосии амалисозии иқтидори рушди иқтисодии кишварҳо мебошад ва ширкатҳои ҳавопаймоӣ аз ҳукуматҳои кишварҳо даъват ба амал меоранд, ки стандартҳои беҳтарини ҷаҳонӣ ҷорӣ карда шуда, инфрасохтори зарурӣ аз рӯи нархгузории асосноку шафоф, ҳам дар нисбати интиқолоти ҳавоӣ ва ҳам дар нисбати хизматрасонии рӯизаминӣ густариш дода шавад.

Ҷамилаи Мақсуд, СССР

Чоршанбе, Май 01 2019


Санаи 15.04.2019 ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти семоҳаи Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” баргузор гардид. Дар ҷаласа намояндагон аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ, Бонки миллии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сардорони воҳидҳои сохтории Бонк, мудирон ва сармуҳосибҳои филиалҳо иштирок доштанд. Нахуст Раиси Раёсат Сироҷиддин Икромӣ ҳозиринро хайрамақдам намуда, ҷаласаро ҳусни оғоз бахшид. Пас аз пазироии меҳмонон, Сироҷиддин Икромӣ аз натиҷаҳои фаъолияти соҳа дар 3 моҳи аввали соли ҷорӣ ҳисобот дод. Зикр гардид, ки татбиқи саривақтии дастуру супоришҳои Президенти кишвар ва ҳадафҳои гузоштаи Бонк барои соли 2019 имкон дод, ки дар маҷмӯъ рушди босуботи соҳа нигоҳ дошташуда, иҷрои нишондиҳандаҳои асосӣ дар давраи ҳисоботӣ таъмин гардаанд. Муовини Раиси бонки миллии Тоҷикистон Лола Салимова ҷиҳати кам намудани муомилоти нақдӣ ва зиёд намудани гардиши маблағҳои ғайринақдӣ дар Бонк андешаронӣ намуда, таъкид доштанд, ин масъала тақвият дода шавад ва боз ҳам бештар рушд ёбад. Сипас, нисбати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта, ба филиалҳое, ки нақшаҳои худро бо зарар ҷамъбаст намудаанд, супоришҳои мушаххас дода шуд. Дар қисмати дуюми ҷаласа, аз ҷониби Сардори Идораи банақшагирӣ ва музди меҳнати Департаменти тараққиёт ва идоракунии хавфҳои бонкӣ Раҳимзода Ш. аз натиҷаи корҳо ва камбудиҳои ҷойдошта, дар самти фаъолияти филиалҳо рӯнамоӣ пешниҳод гардид. Лозим ба зикр аст, ки ҷиҳати татбиқи саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, баҳри бартараф намудани мушкилиҳо, беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасониҳои бонкӣ ва устувор намудани мавқеи Бонк дар бозори байнибонкӣ, Лоиҳаи самтҳои афзалиятноки фаъолияти БДА ҶТ “Амонатбонк” барои соли 2019 қабул карда шуд.

Вохӯрии Сироҷиддин Икромӣ бо намояндагони Бонки Давлатии рушди Хитой
Рӯзи 19.04.2019 Раиси Раёсати Бонк Сироҷиддин Икромӣ бо гурӯҳи кории Бонки давлатии рушди Хитой вохӯрӣ анҷом дод. Ҳайати кории Бонки давлатии рушди Хитойро ҷаноби Фен Дже роҳбарӣ намуд. Мақсад аз ташрифи ҳайати корӣ ин баррасӣ намудани масъалаҳои корӣ ва рушд додани ҳамкориҳои молиявии БДРХ бо БДА ҶТ «Амонатбонк»-ро дар бар мегирифт. Дар оғоз Раиси Раёсати Бонк Сироҷиддин Икромӣ меҳмононро пазироӣ намуда, аз ҳамкориҳои тулонӣ ва самараноки ду Бонк, ки ҳар ду ҳам аъзои Иттиҳоди Байнибонкии Созмони ҳамкории Шанхай мебошанд изҳори қаноатмандӣ намуданд. Ҷаноби Фен Дже дар рафти вохӯрӣ иброз дошт, ки БДРХ «Амонатбонк»-ро ҳамчун як шарики боэътимоди худ миёни бонкҳои Тоҷикистон дониста аз ҳамкориҳои самараноки судманд тарафдорӣ менамояд. Дар идомаи вохӯрӣ масъалаҳои ба имзо расонидани хатти қарзии манфиатнок барои дастгирии лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон бо юани Хитой баррасӣ гардид. Ҷонибҳо дар доираи Ҷаласаи Иттиҳоди Байнибонкии СҲШ, ки моҳи июни соли ҷорӣ дар Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор мегардад саривақтӣ шуморида, барои ба имзо расонидани санадҳои муҳим ба мувофиқа расиданд. Ҳамчунин меҳмонон дар доираи густариши ҳамкориҳо масъалаи бозомӯзии кормандони Бонкро дар Ҷумҳурии мардумии Чин арзёбӣ намуда, таъкид доштанд, ки ҳар нафар корманде, ки бо пешниҳоди «Амонатбонк» дар Хитой такмили дониш менамояд пас аз бозгашт метавонад дар рушди ҳамкориҳо ва Бонк саҳми арзандаи худро гузорад. Лозим ба зикр аст, ки БДА ҶТ «Амонатбонк» тӯли бештар аз 10 сол бо БДРХ шартномаи ҳамкорӣ дошта дар ин муддат аз қарзҳои пешниҳоднамудаи Бонки мазкур, ки тариқи Амонатбонк сурат мегирифт, чандин лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон маблағгузорӣ шуда, самтҳои афзалиятноки хоҷагии халқ рушд ёфтаанд. Дар хотима ҷонибҳо изҳори қаноатмандӣ намуда, ҷиҳати омода намудани тамоми ҳуҷҷатҳои лозима барои ба имзо расонидани созишномаҳои нав тасмими ҷиддӣ гирифтанд.

Маркази матбуоти БДА ҶТ «Амонатбонк»

Чоршанбе, Апр 17 2019

Кормандони «IRS» дар баробари дигар корҳо, фаъолияташонро баҳри бартарафсозии пайомадҳои боришот тавсеа бахшиданд...

Зимистони имсола хеле сербарф буд ва бориши пуршиддати борон дар рӯзҳои охир аз он шаҳодат медиҳад, ки ин раванд дар фасли баҳор низ идома хоҳад ёфт.  Мушоҳидаҳо далели онанд, ки сарфи назар аз фарорасии моҳи дуюми фасли баҳор тармафароӣ дар масири роҳи Душанбе-Чанок қатъ нашуда, рӯзҳои охир дар километрҳои 60, 61, 71, 80, 81, 121, 156, 157, 160 тармаҳои калонҳаҷм фаромад.  Ҷоиз ба зикри алоҳида аст, ки  дар муддати кутоҳ техникаҳои пуриқтидори филиали Ширкат ба маҳалли тармафаромада сафарбар ва тармаҳо филфавр бартараф шуданд. Агар дар фасли зимистон кормандони «IRS» ба бартарафсозии тармаҳо, коркарди роҳ бо маводи зиддилағжиш, васеъ кардани роҳ дар минтақаҳои тармафаромада, расонидани кумак ба ронандагони дар роҳ дармонда машғул бошанд, пас дар мавсмими гармо бартарафсозии пайомадаҳои дигар офатҳои табиӣ, аз ҷумла омадани сел, шусташавии роҳ, лағжиши кӯҳпора ва ғайра  мадди назар аст. Илова ба ин,  ҳамасола бо фаро расидани мавсими гармо таъмири ҷорӣ ва куллии роҳ шурӯъ гардида, дар ин замина то 50 километр роҳ таъмири куллӣ ва садҳо километр таъмири ҷорӣ мешавад. Биноан, агар касе андеша дошта бошад, ки бо сипаришавии фасли зимистон сарбории кормандони филиали Ширкати саҳомии “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон кам шуда, мавсимҳои  боқимонда бидуни мувоҷеҳ гардидан бо мушкил ва ба сомон расонидани ибтикоре паси сар мешаванд, комилан иштибоҳ мекунанд. Ашхоси огоҳ хуб медонанд, ки  бо фаро расидани фасли баҳор , ки бориши боронро ба дунбол дорад,  дар роҳҳое, ки аз минтақаи кӯҳистони мамлакат мегузаранд  фаромадани сангпораҳо, омадани сел  ва лағжиши куҳпора падидаи маъмул аст. Хоса, шоҳроҳи Душанбе – Чанок, ки қисмати зиёди он  аз чунин минтақаҳо мегузарад, аз  офатҳои табиии зикршуда зиёдтар осебпазир маҳсуб мешавад.
Далелу рақамҳои мавҷуда шаҳодат медиҳанд, ки кормандони филиали Ширкат, ки нигоҳдории шоҳроҳи мазкур ба зиммаашон вогузор аст, баҳри пешгирии чунин ҳолатҳо тавонманданд ва аз имкониятҳои зиёди дар ихтиёрдошта самарнок истифода намуда истодаанд. Вале табиат қонунҳои нонавиштаи худро дорад, ки пешгирии ҳамаи онҳо берун аз имконоти инсон аст... Шоҳиди он ҳастем, ки дар давоми  рӯзи охир дар мамлакат бориши борон раванди муттасил шуда, боиси расидани хисороти ҷиддӣ гардид. Омили мазкур ва дар ин замина омадани сел, лағжиши кӯҳпора ва сангфароӣ дар масири шоҳроҳи Душанбе-Чанок масъулияти кормандони филиали ширкати «IRS»-ро дучанд кард. Лозим ба ёдоварист, ки солҳои қаблӣ низ аз ҷониби филиали Ширкат барои ба ҳолати аввала баргардонидани қитъаҳои селшустаи роҳи мавриди назар маблағи зиёд харҷ гардида, соҳилмустаҳкамкунӣ ва дигар ибтикори ба ин раванд вобаста, мадди назар қарор дошт. Чунин вазъият бештар дар минтақаҳои Варзоб, Зарафшон ва Суғд ба мушоҳида расида, селе, ки дар натиҷаи бориши пуршиддат омад, ба баъзе қитъаҳои роҳ зарари ҷиддӣ расонид. Илова ба ин, ҳамасола дар минтақаи Зарафшон сатҳи оби дарёчаҳои кӯҳӣ ба маротиб баланд шуда, аксар маврид хавфи зери об мондани баъзе мавзеъҳои роҳро ба вуҷуд меорад. Таҷрибаи чанд соли охир далели возеҳи он аст, ки маҳз дар заминаи ҷаҳду талош ва меҳнати шабонарӯзии кормандони  филиали ширкати фавқуззикр шоҳроҳи мазкур, ба истиснои рӯзҳои зиёд будани хавфи тармафароӣ  умуман баста набуд. Мавҷудияти зиёда аз 186 мошину техника ва  механизмҳои  замонавӣ барои нигоҳдории роҳ, ки аксарашон дар ҷумҳурӣ назир надоранд ва бунёди корхонаҳои истеҳсоли мумқир ва дигар масолеҳи барои нигоҳдории роҳ зарур далели возеҳи онанд аст, ки роҳбарияти филиали Ширкат баҳри нигоҳдории роҳ азми қавӣ ва нияти нек доранд.

Маркази матбуоти филиали Ширкати саҳомии «Иновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

саҳ 12 аз 46

Китобҳо

Flag Counter