ХАБАРИ ДОҒ

Нархҳои рамазонӣ дар бозорҳои Қӯрғонтеппа

  • Душанбе, Июн 13 2016

Ҳамасола бо фарорасии моҳи шарифи Рамазон дар Тоҷикистон нархи маҳсулоти хӯрокворӣ то 2-3 маротиба боло мерафт. Ин пеш аз ҳама нигаронии сокинон, хосса, бошандагони ш.Қурғонтеппаро ба вуҷуд меовард. Аммо Рамазони имсол нархҳоро дар Хатлон ба дараҷаи чашмрас боло набурд. Коршиносон агар ин падидаро поин рафтани қобилияти харидории мардум ҳукм кунанд, пас масъулини бозорҳо инро муваффақияти худ мешуморанд, ки дар натиҷаи захираи маҳсулоти зарурӣ бозорро фаровон кардаанд.

 

"Ҳоҷӣ Шариф"

«Ҳоҷӣ Шариф» яке аз калонтарин бозорҳои маҳсулоти хӯрокворӣ дар вил.Хатлон, дар масофаи 27 га бунёд шудааст. Дар ин бозор 1 кг гӯшти гов 30 ва гӯшти гӯсфанд 33 сомонист. Ин нарх нисбат ба соли гузашта қариб 3-4 сомонӣ арзонтар аст. Аммо ба фарқ аз соли гузашта, харидорон дар растаи гӯштфурӯшӣ хеле кам ба назар мерасанд. Соли гузашта гӯшти босифати говро бо нархи 35-36 сомонӣ зуд мефурӯхтанд. Қассобони Ҳоҷӣ Шариф мегӯянд, имсол дар фарорасии моҳи Шарифи Рамазон савдояшон на онқадар қонеъкунанда аст. Хулоса мекунанд, ки бӯҳрони иқтисодӣ мардумро аз гӯштхӯрӣ маҳрум кардааст. Нархи гӯшт дар ҳама гӯшаҳои ин бозор 1 хел аст, аммо нархи маҳсулоти кишоварзӣ аз ҳам фарқ мекунанд. 

Дар ин бозор нархи яклухти картошка 90 дирам, пиёз 60 дирам, биринҷ вобаста аз намудаш аз 7 то 10 сомонӣ, помидор 3-5 сомонӣ, 1 литр равған 8 сомонӣ, бодиринг 2-3 сомонӣ, шакар 6,5-7 сомонӣ, 1 дона ҳандалак 4-7 сомонӣ, сабзӣ 1 сомонӣ, 1 дона тарбуз 10-15 сомонӣ, олуча 5-6 сомонӣ, зардолу-3 ва гелос 10-13 сомонӣ, себ-7, шафтолу 6-8 сомонӣ арзиш дорад. Нархи 50 кг орди навъи 1-и Қазоқистон дар мағозаҳои даромадгоҳи бозори Ҳоҷӣ Шариф аз 151 то 155 сомонист.  

Соҳибкор Саймурод, ки бо фурӯши сабзӣ машғул аст, дар сӯҳбат бо СССР гуфт,  соли гузашта дар ҳамин мавсим 1 кг сабзӣ 1,80 дирам буд ва сабаби арзоншавии сабзавот дар он аст, ки захира бисёр шуда, деҳқонон ҳаҷми замини корамро бештар кардаанд. Акои Акбар-муовини аввали раиси бозор афзуд, «дар дохили бозор мо 1 қитъа ҷудо кардаем барои деҳқонон бо номи «Деҳқон-бозор» ва аксарият аз он харидорӣ мекунанд. Ин гӯша сабаби боло нахестани нарху наво шудааст».

Бозори “Фаровон”

Вазъ дар «Фаровон»-дуюмин бозори калонтарини Қӯрғонтеппа низ чунин аст. Дар даромадгоҳи бозор нархи 1 кг гӯшти гов 30 сомонӣ ва гӯшти гӯсфанд 32 сомонист. Иброҳим ном гӯштфурӯш мегӯяд, савдогароне, ки гӯштро бо 29 сомонӣ ба савдо гузошта буданд, амали худро ҳамчун хайр дар моҳи шарифи Рамазон муаррифӣ карданд. Ба гуфтаи ӯ, дар нисбат ба соли гузашта, гӯшт дар моҳи Шарифи Рамазон 3-4 сомонӣ арзон шудааст. Сабаб: кунҷораи чорво арзон будааст.

Дар растаи маҳсулоти сабзавотию мевагии "Фаровон" 1 кг зардолу 2, шафтолу 5-13, себ 4, гелос 6-13, олуча 5-6, олу 3, помидор 3, бодиринг 2,50, картошка 1, сабзӣ 1,50, 1 дона тарбуз 10-13, ҳандалак аз 3 то 7 сомонӣ ва пиёз 80 дирам, арзиш дорад.

Сардори бозори «Фаровон» Ҳайдар Шерхонов дар сӯҳбат бо хабарнигори СССР гуфт, ки дар «Фаровон» аз ноҳияҳои Бохтар, Вахш, Балхӣ, Қубодиён, Шаҳритус, Дӯстӣ, Ҷайҳун маҳсулоти тару тоза ворид мешаванд.

PS: Инсоф тавре мебинем, дар арафаи Рамазон, дар фазои бозорҳои Қурғонтеппа танинадоз аст. Вале нашавад, ки баробари афзудани харидорони рамазонакӣ ва шуруъи ифторҳо савдогарони маҳаллӣ низ инсофро зери по кардаву дар хидмати нафс камар банданд? Зимнан. мо мавзуъро пайгир мемонем. Мо Метавонем!

Баҳодур Уроқов

СССР Қурғонтеппа

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter