ХАБАРИ ДОҒ

То 200 нишондиҳанда барои ҳисобот – ҷарима барои насб накардани терминалҳои электронии корт

  • Ҷумъа, Июл 01 2016

 Аз 01.01.2017 ҳамаи намуди савдо ва хизматрасонӣ дар кишвар ба воситаи кортҳои пардохтии бонкӣ амалӣ хоҳад ёфт.

Аз оғози соли нав, тамоми муассисаҳои савдою хизматрасонӣ аз ҷумла, нуқтаҳои фурӯши чиптаҳо, нуқтаҳои қабули маблағҳо аз аҳолӣ барои пардохти хизматрасонии манзилию коммуналӣ, қувваи барқ ва алоқаи телефонӣ, марказҳои хизматрасонии бонкии пардохти андоз ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ, терминалҳои гумрукӣ ва дидбонгоҳҳои гумрукӣ барои қабули пардохтҳои гумрукӣ, марказҳои савдои чакана ва яклухт, ки толори фурӯшашон зиёда аз 40 метри мураббаъ мебошанд, НФС-ҳо, тарабхонаҳо, беморхонаҳои хусусӣ, дорухонаҳо, муассисаҳои фарҳангию фароғатӣ, истироҳатгоҳҳо, осоишгоҳҳо, меҳмонхонаҳо, нуқтаҳои хизматрасонии ташхиси техникии воситаҳои нақлиёт, автодромҳо ва ташкилотҳои суғурта ӯҳдадор карда мешаванд, ки барои пардохти арзиши молу хизматрасониҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмии ба он баробар дар мӯҳлати нишондодашуда шароити қабули ҳисоббаробаркуниро тариқи кортҳои пардохтии бонкӣ таъмин намоянд. Барои иҷрои ин амал, муассисаҳои зикргардида ба таври ҳатмӣ бо дастгоҳҳои (терминалҳои) электронии қабули корт, ки аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ насб карда мешаванд, бояд ҷиҳозонида шаванд.

Тавре аз Хадамоти матбуоти Бонки миллӣ мегӯяд, бо назардошти амалияи байналхалқӣ ҷиҳати васеъ намудани ҳиссаи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ, танзим ва коҳиш додани муомилоти пули нақд дар амалиётҳои тиҷоратӣ ва хариду фурӯши молу хизматрасонӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз 31 декабри соли 2014, таҳти №815 Қарор Оид ба тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ тавассути кортҳои пардохтии бонкӣ қабул намуда буд.

Ҷиҳати иҷрои Қарори зикргардида Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳия намуданд, ки тибқи он барои саркашӣ намудан аз насби терминалҳои электронӣ ва рад кардани истифодабарии кортҳои пардохтии бонкӣ ҳангоми ҳисоббаробаркуниҳо нисбат ба муассисаҳои савдою хизматрасонӣ муҷозот муқаррар гардидааст.

Аз ҷумла, ба номи моддаи 615 КҲМ ҶТ «Риоя накардани тартиби истифодаи мошинаҳои назоратию хазинавии дорои хотираи фискалӣ ва баҳисобгирии хазина» баъди калимаи фискалӣ калимаҳои «терминалҳои электронӣ» илова шуда, бо мазмуни зерин ба моддаи мазкур қисми 4 пешниҳод гардид:

«Барои саркашӣ намудан аз насби терминалҳои электронӣ ё рад кардани истифодабарии кортҳои пардохтии бонкӣ дар ҳисоббаробаркуниҳо, ба шахсони мансабдор ба андозаи аз сад то яксаду шаст, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси шаҳодатнома фаъолият менамоянд, аз яксаду шаст то яксаду ҳаштод ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз яксаду ҳаштод то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

 

 

 

 

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter