ХАБАРИ ДОҒ

Хадамоти гумрук: иҷроиши нақшаи нимсола – 86,7%

  • Сешанбе, Июл 19 2016

Дар 6 моҳи аввали соли равон нақшаи ситонидани пардохтҳои гумрукӣ аз ҳисоби воридоти мол ва воситаҳои нақлиёт ба андозаи 1956,9 миллион сомонӣ, аз ҷумла, аз ҳисоби воридоти андоз аз арзиши иловашуда 1502,3 миллион сомонӣ, боҷи гумрукӣ 298,8 миллион сомонӣ, андози аксизӣ 118,4 миллион сомонӣ ва аз ҳисоби воридотҳои ғайриандозӣ 37,4 миллион сомонӣ пешбинӣ гардида, дар асл, дар ин давра ба буҷаи давлатӣ бо назардошти тамоми сарчашмаҳои даромад 1 696,1 миллион сомонӣ ворид карда шуд, ки он ба 86,7% нақшаи пешбинишуда баробар аст.

Бино ба иттиллои Абдуфатоҳи Ғоиб, сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҶТ, дар ин давра танҳо аз ҳисоби коҳишёбии арзиш ва миқдори 20 номгӯи молҳои воридотӣ, ба ҳисоби миёна 377,3 миллион пардохтҳои гумрукӣ ситонида нашуд, ки омили он дар баробари коҳиш ёфтани ҳаҷм ва арзиши моли воридотӣ, боз хуруҷи бӯҳрони молиявии иқтисодӣ низ мебошад.

СССР

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter