ХАБАРИ ДОҒ

Масъулони “муҷмал” ва қарорҳои “мансух”

  • Ҷумъа, Окт 21 2016

Ба таваҷҷуҳи Озода Раҳмон-роҳбари Дастгоҳи Президенти ҶТ ва Қоҳир Расулзода-Сарвазири ҶТ

№622-и “капут”-шуда

Замони нав ба тасвиб расидани фармони №622 ва дар симмати роҳбари Дастгоҳи Президенти ҶТ кор кардани Амиршо Миралиев, ёд дорам баъди рӯи саҳифаи дилхоҳ рӯзнома омадани матлаби танқидӣ, дар “пустин”-и роҳбару масъулони камҳавсалаю масъулиятношинос кайк даромада, аз соати аввали нашр ба ислоҳу бартараф кардани камбудӣ мешуданд. Афзалтар аз он назорати доимии Дастгоҳ ва тадқиқотҳои журналистон дар он замон, сатҳи масъулиятшиносии соҳибмансабонро он қадар баланд бурда буд, ки барои амале “сад бор андоза мекарданд”-у баъд қароре мебароварданд. Вале сад афсус, ки ин иқдоми заруру манфиатовари маҳз бо ташаббуси инфиродии Президенти кишвар раҳандозӣ гашта, баъди роҳбари Дастгоҳ таъин шудани Матлубхон Давлатов ва ҳамтои баъдинаи ӯ Бахтиёр Худоёров  ба таври муҷмал “мансух” гардид. Ҳарчанд дар мавриди бекор ва ё боздоштани амали фармони мазкур санаде ба тасвиб нарасидааст. Ягона умед ин аст, ки раҳбари нави Дастгоҳи иҷроия-мӯҳтарама Озода Раҳмон корро аз нав сахт мегирад...

Қарори барои иқтисоду бонкдорӣ тақдирсоз 

Аз мансухияти №622 оғоз карданамон хонандаи гиромӣ беҳуда нест. Зеро маҳз бетарафию номуайянии иддае аз масъулон ба қарорҳои ҳукумати марказӣ ва дастуру фармонҳои Президент, ки муайянкунандаи асосии сиёсати дохилии давлат мебошанд, боис гардидааст, ки чанде аз ин санадҳои тақдирсоз беэътибор ва ё ба таври норушан иҷро нагарданд. Биноан, мехостам аз тақдири як қароре, ки барои иқтисодиёт ва хусусан соҳаи бонкдории кишвар маҳз дар ҳамин шабу рӯзҳои бӯҳрони молиявӣ тақдирсоз ба ҳисоб меравад, рушанӣ андозам. Гап сари қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №815 аз 30 декабри соли 2014 “Оид ба тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ тавассути кортҳои пардохтии бонкӣ” меравад. Ҳукумати ҷумҳурӣ ва хоса раиси он-Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ин қарорро дар ҳамон марҳилае ба имзо расонид, ки садамаҳои молиявӣ Тоҷиксодиротбонку Агроинвестбонк ва дигар бонкҳои кишварро фаро нагирифта буд. 

Санаде, ки масъулияташ ба зиммаи Сарвазир аст

Тибқи муқаррароти банди 2-и қарори №885 бонкҳои кишвар муваззаф мешуданд, ки то санаи 1 сентябри соли 2015 ҳамаи нуқтаҳои савдо ва хизматрасонии дар ҳудуди шаҳри Душанбе, Хуҷанд ва Қурғонтеппа буда ва то 1 январи соли 2017 ҳудуди шаҳрҳои Кӯлобу Хорӯғ ва навоҳии тобеъи ҷумҳуриро бо дастгоҳҳои терминалии пардохт таъмин карда, тавассути онҳо ба ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ мегузаштанд. Ҳамчунин дар иҷрои муқаррароти ин қарор, ки аз 11 банд иборат аст, Бонки милли Тоҷикистон, Вазорати молия, Вазорати адлия, Кумитаи андоз, Кумитаи телевизион ва радио, Ассотсиатсияи бонкҳо, Ассотсиатсияи ташкилотҳои маблағгузории хурд ва тамоми ташкилотҳои қарзие, ки кортҳои бонкӣ интишор мекунанд, сафарбар гардида буданд. Муҳимтар ва ҷолибтар аз ҳама, тибқи муқаррароти банди 11-и қарори номбурда, назорати иҷрои қарор ба зиммаи Сарвазири ҶТ (мӯҳтарам Қоҳир Расулзода) вогузор мешуд.

Ҷиҳати то чи андоза иҷро гардидани қарори мазкур тадқиқоти мӯшикофона лозим намешавад, зеро ту хонанда беҳтар медонӣ, ки дар Кӯлобу Хуҷанд ва Қурғонтеппаю Хорӯғ ку майлаш, ҳатто дар пойтахти ҷумҳурӣ шаҳри Душанбе дар ин муддат ҳатто ба қадри 1% талаботи ин қарор иҷро нашудааст. Барои мисол бузургтарин эмитенти кортҳои бонкӣ дар кишвар Амонатбонк, ки шумораи дорандагони кортҳояш зиёда аз 1 млн. ададро ташкил медиҳанд, воқеъан қариб ки дар ин самт кори назаррасе накардааст. Ҳарчанд дар ҳисоботҳои ин бонк теъдоди нуқтаҳои хизматрасонии бо постерминалҳо таъминшуда 111 ададро ташкил намояд ҳам, мутаасифона нисфи онҳо алҳол ғайрифаъолу нисфи дигар дар 1 соли корӣ ҳамагӣ ба қадри 500 000 сомонӣ амалиёт гузаронидаанд, ки ба қавли мардум “бузеро барге...” мемонад. 

На худ карданд, на дигаронро имкон доданд

Дигар ин ки то замони ба имзо расидани қарори номбурда Тоҷиксодиротбонк (аввалин ҷорикунандаи кортҳои бонкӣ дар ҷумҳурӣ) ва Агроинвестбонк (ягона бонки дорои маркази протссесинг ва фардикунонии кортҳои бонкӣ) дар ин самт 1 зумра корҳоро карда буданд. Аз қабили ҷорӣ кардани хизматрасонии мазкур дар шабакаи нуқтаҳои фуруши сузишвории “Умед-88” аз тарафи ТСБ, дар нуқтаҳои “Газпром” аз ҷониби Агроинвестбонк ва як идда супермаркету меҳмонхонаҳо. Аммо мутаассифона баъди мувоҷеҳ шудан ба садамаҳои молиявӣ нуқтаҳои мавҷуда аз иҷрои хизматрасонии номбурда бозмонданд. Ногуфта намонад нуқтаҳои фуруши сӯзишворӣ аз ҷумлаи субъектҳои молиявианд, ки дар онҳо шабонарӯз 10-ҳо ва шояд 100-ҳо миллион сомонӣ муомилаи харидуфурушӣ сурат мегиранд. Мутаасифона танҳо бо пули нақд ва берун аз суратҳисобҳои бонкӣ.

Бонкдорӣ 20 сол қафо партофта шуд

Мушоҳида ва таҳлилҳои ахири вазъи молиявии кишвар хулоса ва андешаҳоеро пеш меорад, ки тасаввур карданаш риққатовар аст. Фазои дар 1-2 соли ахир ба вуҷуд овардаи молиявӣ, ба хусус дар низоми бонкӣ эътимод ва боварии сокинони кишварро ба бонкҳо ба андозаи бесобиқа коҳиш додааст. Ғолибан аксари мутахассисин бар он ақидаанд, ки фазои мазкур агар 20-30% табиӣ ба амал омада бошад, 70-80% ба таври сунъӣ ва аз ҷониби афроди манфиатдор рӯи кор омадааст. Ҳодисаҳои ахир дар соҳаи бонкдорӣ пайи қадами на танҳо амонатгузорон, балки истифодабарандагони дигар хизматрасониҳои бонкиро низ аз даргоҳи бонкҳо канда кард. Аз нафақагирони оддӣ сар карда, то ташкилоту корхонаҳои бузург имрӯз аз ҷойгир кардани маблағҳои худ дар бонкҳо ҳазар мекунанд. Бе муҳобот, ба қавли яке аз бонкдорони маъруфи кишвар “сатҳи боварӣ ва эътимоднокӣ ба бонкҳо ба солҳои 90-и асри гузашта баробар шудааст”

Сомонӣ «деревянный» мешавад?

Риққатовартар он аст, ки дар асри 21 Тоҷикон сандуқи бобоӣ ва болишти бибигиро аз бонкҳо дида авлотар медонанд. БМТ ва соири бонкҳо ба дастгоҳи “пулсикказанӣ”-ю “пултақсимкунак” табдил ёфтаанд. Аз 4 бонки низомсози кишвар, ки 96% сармояи бонкҳо дар ихтиёри онҳост, танҳо Амонатбонк ба мизоҷон маҳсулоти қарзӣ пешниҳод карда метавонаду  халос.  Дар 1,5-2 соли ахир ҳаҷми пули нақди ба муомилот баровардаи БМТ зиёда аз 100% афзоиш ёфта, ба ҳолати имрӯза 9,2 млрд. сомониро ташкил медиҳад. Ин ба ҳар 1 сокини кишвар 1150 сомонигӣ мерасад, ки дар қиёс ба меъёри “доллар”-и нақдии ба муомилот баровардашуда қарибгирӣ мекунад. Ба ҳолати имрӯза тибқи омори Бюрои федеролии захираҳои ИМА ба ҳар 1 сокини ИМА қариб 3000 доллари нақдии ба муомилот баровардашуда рост меояд. Эҳтимол дорад, ки бемасъулиятии масъулон, ки бонкдориро ба 20 сол қафо партофтаст, метавонад “сомонӣ”-ро деревяний кунад!...

Дар сифати “муҷмал”-он ва зиёни санадҳои “мансух”-шуда

Имрӯз сатҳи қонунгузорӣ ва фарогирии санадҳои ҳуқуқӣ анқариб ҳамаи ҷанбаҳои ҳаёти моро дар бар мегиранд. Аммо мушкилот ва камбудии асосие, ки ин нишондиҳандаи мусбии давлатдории моро зери суол мебарад, дараҷа ва сифати иҷрои ин санадҳои ҳуқуқӣ мебошанд. Гузашта аз ин вақте маҳз бо ҷурми муҷмалӣ (бетараф, масъулиятношинос, камҳавсалагӣ)-и масъуле дастуру супориш, фармону қарорҳои тақдирсоз мансух (бекор, анулироват) мешаванд, на танҳо боиси норизогии ману ту хонандаи гиромӣ мегардад, балки муҷиби садамаю бӯҳронҳо дар кишвар мешаванд. Ҳамон тавре мисраҳои шиоршудаи таронаи Ҷаъфару Толиб таъкид мекунад: “Бетарафии мову ту, теша ба реша мезанад”. Намезанад? Мезанад, ешё как мезанад, агар имрӯз паи ислоҳи кор нашавем! Мо метавонем!

Одинашо Муродов

СССР

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter