ХАБАРИ ДОҒ

Посухи ТАЛКО ба Вазорати молия

  • Ҷумъа, Окт 28 2016

Иттилооти таҳлилии Вазорати молияи ҶТ «Дар бораи фаъолияти истеҳсолию иқтисодӣ  ва молиявии КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик» дар солҳои 2010-2015 ва нимсолаи аввали соли 2016», ки дар сомонаи мақомоти мазкур ҷой дода шудааст, аз ҷониби  ширкат мавриди таваҷҷуҳ ва омӯзиши қарор гирифт. Ҳуҷҷати мазкур на танҳо ҳолати воқеиро, ки дар шароити буҳрони молиявию иқтисодии ҷаҳонӣ ТАЛКО-ро фаро гирифтааст,  пурра инъикос менамояд, балки дар нисбати муайян намудани самаранокии низоми толлингӣ, ки ширкат истифода мебарад, муносибати дурушт зоҳир карда мешавад. Дар натиҷа зимни омодасозии таҳлил муносибати сатҳӣ, инчунин дониши сусти мутахассисони Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷиҳати мавзӯи асосии таҳқиқ – толлинг нишон медиҳад. 

 Хотирнишон менамоем, ки ширкати алюминийи тоҷик аз соли 2005 фаъолияти худро дар асоси низоми толлингӣ ба роҳ мондааст. Ҳол он ки Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳлили онро дар давраи аз соли 2010 то нимсолаи аввали соли 2016 баргузор намудааст, яъне дар мудати каме зиёдтар аз  панҷ соли охир, ки ба авҷи бӯҳрони глобалии молиявию иқтисодӣ рост омада, коҳиши якбораи истеҳсолот, баста шудани даҳҳо корхонаҳо дар ҷаҳон ва зиёноти ба миллионҳо расидаи истеҳсолкунандагони алюминийи сатҳи ҷаҳонӣ, инчунин бидуни ба ҳисоб гирифтани гузариши ТАЛКО ба механизми мазкурро дар пай дорад. Дар ширкат бар ин назаранд, ки  зимни таҳияи чунин таҳлил воқеиятро танҳо бо истифодаи методҳои таҳқиқи таҷрибавӣ ба даст овардан мумкин аст, зеро нишондиҳандаҳо, дар вазъияти мо, дар муддати 10 сол то ҷорӣ шудани низоми толлингӣ ва ҳамин қадар вақт баъди он муқоиса карда мешавад. Агар чунин усули таҳлили истифода бурда шавад, пас Вазорати молияро мебояд фактеро нишон диҳад, ки дар натиҷаи додугирифти бартерӣ ва амалиёти коррупсионии роҳбарияти собиқи Заводи алюминийи Тоҷикистон қарзи берунии корхона, ки дар тавозуни расмии муҳосибии он шомил аст, дар оғози соли 2005 $536 млн.-ро ташкил медод, инчунин қарзи ғайритавозунӣ дар  назди ширкати «Гидро Алюминиум» – $158 млн. ва «Дженерал Металс» – $30 млн., дар маҷмуъ ба маблағи  $724 млн. ба вуҷуд омада буд. Ғайр аз ин воситаҳои гардони корхона берун аз ҳудуди низоми молиявии Тоҷикистон дар гардиш буд, корхона оид ба андоз, неруи барқ ва пардохти музди меҳнат қарзи ниҳоят калон дошт. Дар лаҳзаи гузариш ба менеҷменти нав (с.2005) Корхонаи алюминийи Тоҷикистон дар ҳолати  аз кор бозистӣ қарор дошт, вобаста ба қарзҳо таҳдиди ҳақиқии мусодираи он мавҷуд буд. Зарурат ба миён омад, ки мушкилоти танзими даъвоҳои бисёри судии ширкатҳои хориҷӣ ҳаллу фасл карда шавад, усулҳои таҳвили ашё ва ҳифозати он аз ҳабси ашёи хом ва маҳсулоти он дарёфт карда шаванд. Ҳамаи ин сабаби гузариши ширкат ба механизми толлингӣ гардид, ки истифодаи он ҳатто дар замони бӯҳрон имконият фароҳам овард, то қарзи ТАЛКО чор маротиба, то $197,9 млн. коҳиш дода шавад. (барои мисол, қарзи берунии ширкати РАСАЛ дар айни ҳол ба беш аз $8 млрд. мерасад), инчунин қарзи корхона оид ба ҳамаи мавқеҳои зикргардида пардохт карда шавад. Сабабҳои дигари ҷорӣ кардани толлинг дар корхонаи алюминийи тоҷик инҳоянд: 

Мавҷуд набудани ашёи хом дар Тоҷикистон; дур будани кишвар аз бандарҳои баҳрӣ; хароҷоти назарраси нақлиётӣ; вобастагӣ аз коҳиш ёфтани нархҳои ҷаҳонии ашёи хом ва алюминий, яъне ҳамаи он омилҳое, ки ба зиёд гардидани хавфу хатарҳои ТАЛКО марбутанд, толлинг ба он  нисбат ба ширкатҳои хориҷии рақобаткунанда- истеҳсолгарони алюминий шароити мусоиди таҷоратӣ фароҳам меорад. Ғайр аз ин зимни шомил гардидани Тоҷикистон ба Ташкилоти умумиҷаҳонии савдо яке аз талаботи ташкилоти мазкур иҷрои ҳатмӣ дар бахши иқтисодиёти миллӣ низоми толлингӣ гардид, ки зеро он шаффоф буда, барои беҳбуд бахшидани иқлими инвеститсионии кишвар таъсир мерасонад. Амалан, ҳамаи корпоратсияҳои маъдану металлургӣ барои таъмини фаъолияти худ ва ҷалби маблағгузорӣ ба таври истисно механизми толингиро истифода мебаранд. Низоми мазкур инчунин аз ҷониби ҳамаи ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ эътироф гардидаанд. 

Шартномаи толлинг имкон медиҳад, ки корхонаи алюминий ба таври замонат ашёи хом ба даст орад ва новобаста ба  вазъи бозори ҷаҳонӣ бозоргир будани маҳсулот  ва коҳиши назарраси хавфу хатарҳои  амалиётиро таъмин намояд. Ба ин хавфу хатарҳо бояд хароҷоти марбут ба харидорӣ ва кашонидани ашёи хом, инчунин фурӯши маҳсулоти тайёр марбут дониста шавад. Аз лиҳози додани кафолатҳо, толлинг равандро ба танзим меорад, ки зимни он хавфу хатари ба ҳабс гирифтани ашёи хом ва маҳсулоти корхона истисно мегардад. Дар муддати 10 соли фаъолияти ТАЛКО бо низоми толлингӣ ягона ҳолати бавуқӯъомада он аст, ки  маҳсулоти ТАЛКО ба миқдори 8,5 ҳаз. тн. ба маблағи тақрибан $20 млн., тибқи шартномаи хариду фурӯши ғайринақшавии толлингӣ фиристода шуда, бинобар қарзе, ки ширкати алюминий таҳти кафолати ҳукуматии Тоҷикистон гирифтааст, бозгардонида нашуда,  ба ТАЛКО ягон муносибат надорад, дар яке аз бонкҳои хориҷӣ ба ҳабс гирифта шудааст. Ин система ҳамчунин имкон медиҳад, ки дигар хатарҳои алоқаманд бо тағйирот дар қурби асъор ва нархгузории маҳсулоти тайёр дар биржаҳои фондӣ ба дӯши шарики толлингӣ гузошта шавад. Далели дар шароити душвори бӯҳрони молиявӣ ҳиссаи назарраси зарарҳо вобаста ба истеҳсоли алюминий дар Тоҷикистонро ба дӯши худ гирифтани шарики толлингии Ширкати Алюминийи Тоҷик – Талко Менеҷмент Лтд. исботи ин гуфтаҳост. Ширкати номбурда то ҳоло таҳвили ашёи хом ва маводро ба корхонаи мо қатъ накардааст ва бо ин васила саноати миллии алюминийро аз манъ гардидани истеҳсолот ва ҳатто аз басташавии корхона ҳифз карда истодааст. 

Вазорати молияи ҶТ дар таҳлили худ қайд мекунад, ки зарари ТАЛКО аз ҳисоби истеҳсоли 1 тонна алюминийи аввалия дар айни замон $100-ро ташкил медиҳад ва гӯё ин дар натиҷаи ғайрисамаранок будани механизми толлингӣ аст. Агар мутахассисони вазорат аҳамияти толлингро барои ТАЛКО мефаҳмиданд, зарурат ба тавзеҳ додан намемонд, ки он зараре, ки шарики толлингӣ Талко Менеҷмент Лтд. ба андозаи $300 - $400 барои истеҳсоли 1 тн филиз мебинад, ба дӯши Ширкати Алюминийи Тоҷик меафтид, ин бошад, дар навбати худ ба баста шудани корхона ва пурра манъ гардидани фаъолияти ТАЛКО сабаб мегардид. Ва он гоҳ «эффекти домино» ба вуҷуд меомад, яъне дар Тоҷикистон баста шудани тақрибан 40 корхонае, ки бо ашёи хоми мо фаъолият мекунанд ва қисмҳо ва банду басти дигарро барои истеҳсолоти алюминий истеҳсол мекунанд. Талафоти молиявии «Барқи Toҷик» ва Роҳи оҳани Тоҷикистон дар робита ба аз даст додани шарики асосӣ пешгӯинашаванда аст. Пайдоиши як холигии бузург дар буҷети кишвар, ки бо асъори миллӣ даҳҳо миллиардро ташкил медиҳад, қатъ гардидани иншооти истеҳсолии нав мавриди баҳрабардорӣ қароргирифта ва қатъ намудани сохтмони объектҳо дар доираи татбиқи лоиҳаҳои инноватсионии ТАЛКО вобаста ба истеҳсоли маводи воридотивазкунанда, суқути барномаҳои иҷтимоӣ ва ғайра оқибати ин «эффект» аст.

Ширкати Талко Менеҷмент Лтд. дар робита ба вазъ дар бозори алюминий ҷаҳонӣ ду маротиба ба Ҳукумати кишвар бо пешниҳоди қатъ кардани шартномаи толлингӣ муроҷиат намуд, аммо Комиссияи ҳукуматии ба ин муносибат таъсисдода таҳти роҳбарии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз омӯзиши ин масъала иқрор кард, ки дар шароити кунунӣ барои Ширкати Алюминийи Тоҷик ба ғайр аз татбиқи низоми толлингӣ алтернативаи дигар нест. Азбаски таҳлили Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон вазъияти ТАЛКО-ро танҳо дар давоми 5 соли охир фаро мегирад, чунин андеша пайдо мешавад, ки коршиносони омоданамудаи таҳлил огоҳ нестанд, ки бӯҳрони ҷаҳонии иқтисодӣ на танҳо ба ширкати мо, балки ҳамчунин ба дигар истеҳсолкунандагони алюминий дар ҷаҳон чӣ таъсире дорад. Бо сабаби истеҳсоли зиёд, таназзули нарх дар Биржаи филизоти Лондон (LME) ва афзоиши арзиши аслии он имрӯз қариб 80% аз истеҳсолкунандагони ҷаҳонии алюминий бе фоида фаъолият намуда, бисёре аз онҳо зарари бузург мебинанд:

Натиҷаҳои молиявии истеҳсолкунандагони ҷаҳонии алюминий

Давра (солҳо)АЛКОА (ИМА) (млн. $)ЧАЛКО (Чин) (млн. $)РУСАЛ (Русия) (млн. $)

2011614104237

2012191-1 300-528

2013-2285115-3 222

2014268-2 650-91

2015-12164558

Ҷамъ:-1333

-3 667-3 046

Дар ҳуҷҷати Вазорати молияи ҶТ гуфта мешавад, ки ширкати ТАЛКО гӯё дар ҳисоботи худ даромади 3,8 миллиард сомонии ($1,1 млрд.) аз тиҷорати хориҷӣ бадастомадаро зикр накарда бошад. Дар ширкат фаҳмиши воқеие нест, ки Вазорат чӣ тавр ба ин нишондод омадааст. Агар аз рӯи маълумотҳои идораи мазкур дар давраи аз соли 2010 то соли 2016 арзиши алюминий тоҷик дар бозори ҷаҳонӣ $2,8 млрд. ва фарқи мусбии байни воридот ва содирот (содироти соф) -.$2,7 млрд.-ро ташкил дода бошад, мутаносибан, чунин хулоса баровардан зарур аст, ки дар 5 сол ТАЛКО ашёи хомро ба маблағи $100 млн. ворид кардааст, ҳол он ки аз рӯйи маълумоти худи Вазорати молияи ҶТ танҳо дар соли 2015 ширкат ба маблағи $190 млн. ашёи хом ворид кардааст. Вазорати молияи ҶТ дар ҳуҷҷати худ содироти софро ба маблағи $2,78 миллиард қайд кардааст. Вале он воридоти ашёи хоми асосиро, ки аз моликияти хусусии шарики толлингӣ Талко Менеҷмент Лтд. аст, ба инобат нагирифтааст. Дар баробари ин рақами мазкур дар омори гумрукии кишвар дохил карда мешавад. Ҳаҷми воридот аз рӯи бандҳои толлингӣ барои давраи номбаршуда $1,86 млрд.-ро ташкил медиҳад, мутаносибан, фарқияти мусбӣ на $2,7 млрд., балки $920 млн. аст ва ин бе назардошти хароҷот ба ашёи хоми ёрирасон ва мавод мебошад. Арзиши коркарди ашёи хом - $750 млн., хароҷоти тиҷоратӣ вобаста ба интиқоли маҳсулоти тайёр - $266 миллион. Бо тарҳи оддӣ аз маблағи фурӯш нишондоди манфӣ (-) $96 миллион ба вуҷуд меояд. Саволи мантиқӣ пайдо мешавад: оё Вазорати молияи ҶТ метавонад далеле пешниҳод намояд, ки гӯё ширкат аз давлат $1,1 млрд.-ро пинҳон кардааст? Таҳлили анҷомдодаи онҳо чӣ андоза вазъи воқеии ТАЛКО-ро инъикос менамояд ва баҳои он ба самаранокии системаи толлингӣ, ки ширкат истифода мебарад, кадом дараҷа объективона аст? Агар вазорат дар ҳақиқат ба ҳақ будани худ дар масъалаи гӯё чунин маблағи бузургро пинҳон кардани ТАЛКО боварӣ дошта бошад, пас ӯ чаро комиссияи муштаракро барои тафтиши ин «ҳақиқат» таъсис намедиҳад? Вазорати молияи ҶТ чӣ асосе дорад, ки шаффофияти фаъолияти Ширкати Алюминийи Тоҷикро зери шубҳа барад? Шаффофияти ТАЛКО ва шарики толлингии он Талко Менеҷмент Лтд. борҳо аз ҷониби аудитҳои байналмилалии молиявӣ, ки ширкатҳои байналмилалии молиявӣ баргузор кардаанд, тасдиқ карда мешавад ва бо онҳо дар сомонаҳои ширкати мо шинос шудан мумкин аст. Илова бар ин, дар таърихи ТАЛКО 9 мурофиаи судӣ буд ва дар ҳеҷ кадоми онҳо қарорҳои дорои айбдоркуниҳои зидди ширкати мо дар масъалаи мавҷуд будани ягон нақшаи фасод ва ношаффоф будани фаъолият қабул нашудааст. 

Ба мо мавқеи Вазорати молияи ҶТ нисбат ба ТАЛКО нофаҳмост. Ёдовар мешавем, ки дар моҳи марти соли 2014 вазорати мазкур дар сомонаи худ ҳисоботи «Дар бораи фаъолият ва вазъи молиявии корхонаҳои бузурги давлатӣ»- ро низ ҷой дод. Оид ба натиҷаҳои 9 моҳи соли 2013 тибқи ҳисобҳои он коэффитсиенти муфлисшавии ширкати алюминийи тоҷик ба 0.90 расид ва он гӯё гувоҳӣ медиҳад, ки корхона дар марҳалаи муфлисшавӣ қарор дорад. Ҳисобҳои Вазорати молия, тавре ошкор гардид, носаҳеҳ аст, оммавияти онҳо бошад, ба ширкат қатъи назар аз зиёноти номӣ, инчунин зарари молиявӣ расонд - Бонки Исломии Рушд бобати пешниҳоди маблағҳои қарзӣ дар ҳаҷми $24 млн. фавран гуфтушунид оғоз намуд. Ҳоло мо ҳамон гуна ҳолатеро мушоҳида менамоем, ки он ба сабаби мубоҳисаи тарҳрезигардидаи Вазорати молияи ҶТ дар ВАО бобати аз ҷониби ширкат гӯё рӯйпӯш гардидани миллиардҳо доллари мавҷуднабуда, ношаффофӣ ва бесамар будани нақшаҳои толлингии интихобнамудаи он, инчунин ба мулоҳизаи институтҳои байналмилалии молиявӣ дар бораи зарурати идомаи минбаъдаи ҳамкорӣ бо ТАЛКО таъсир расонида метавонад. Ва ҳамаи ин замоне баргузор мегардад, ки ширкат ҷиҳати ҷалби маблағгузории бонкӣ душвориҳои азимро аз сар мегузаронад. Дар ТАЛКО намефаҳманд, ки чӣ гуна чунин амалҳои Вазорати молияи ҶТ бо дастуру супоришҳои Сарвари ҷумҳурӣ бобати расонидани дастгирии давлатӣ дар давраи бадшавии вазъи бозори ҷаҳонии алюминий ба сектори алюминийи иқтисодиёти Тоҷикистон, ки дар кишвари мо соҳаи стратегии калидӣ маҳсуб меёбанд, мувофиқанд.

 

Натиҷаҳои асосии фаъолияти ширкати алюминийи тоҷик оид ба низоми толлингӣ ва чораҳои андешидаи ТАЛКО дар доираи барномаҳои зиддибуҳронӣ:

Дар давраи кори ТАЛКО тибқи толлинг аз соли 2005 то соли 2015 ҳаҷми истеҳсоли алюминий ба беш аз 3,26 млн. тонна бирасид, ширкат барои навсозии корхона аз ҳисоби нақшаҳои толлингӣ $362 млн. ва ба соҳаи иҷтимоӣ - $95, 4 млн. ҷудо намуд. Дар муҳлатҳои зикршуда ширкат маблағҳоро тибқи қурб бо назардошти ҳар сол пардохт намуд: оид ба андоз - $461,61 млн., барои қувваи барқ – $686,07 млн.

Дар соли 2007 аввалин маротиба дар таърихи мавҷудияти худ КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик» дар ҳаҷми беш аз 420 ҳаз. тонна алюминийи аввалия истеҳсол намуд. Дар ин сол ширкат ба маблағи $1,068 млрд. даромади соф ба даст овард. Агар хароҷоти истеҳсолот дар соли 2010 790 млн. сомониро ташкил медод, он гоҳ дар соли 2015 он то 565 млн. сомонӣ коҳиш ёфт, бо назардошти фарқияти қурб бошад, –2 маротиба.

Дар соли 2014, вақте зиёноти ширкат то $47,990 млн. афзуд, дар корхона тадбирҳои асосии зиддибуҳронӣ гузаронида шуданд ва тамоюли мусбати ихтисори онҳо мушоҳида гардид. Тибқи натиҷаҳои соли 2015 зиёнот аз фурӯш беш аз 2 маротиба коҳиш ёфт ва $22,8 млн.- ро ташкил дод. Новобаста ба вазъи душвори иқтисодӣ дар нимсолаи аввали соли 2016 зиёноти ширкат аз фурӯши маҳсулот то $3,9 млн. коҳиш дода шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2015 80,4% кам аст, вақте вай $16,3 млн.- ро фаро мегирифт.

Пас аз қатъи интиқоли гази табиӣ аз Ӯзбекистони ҳамсоя дар соли 2012 ТАЛКО 5 адад таҷҳизоти газогенераториро оид ба синтезонии газ аз ангишти худӣ васл намуда, мавриди баҳрабардорӣ қарор дод (ангиштро яке аз лоиҳаҳои амалкунандаи ширкат –ТАЛКО Ресурс таҳвил менамояд). Ҳоло корхонаи алюминбарорӣ оид ба гази синтезӣ дорои сех мебошад, сехи мазкур бобати таъмини истеҳсоли «сӯзишвории кабуд»-и худӣ дар ҳаҷми пурра имкон медиҳад. Дар маҷмуъ иваз намудани гази табиӣ ба гази синтезӣ тӯли 4 сол ба корхона дар ҳаҷми $64 млн. фоида овард. Ширкат инчунин маводи оташбардорро дар дохили кишвар истеҳсол мекунад: навъҳои гуногуни хишт, кварсит, графити 97-фоиза, инчунин шишаи моеъ. Дар маҷмуъ чунин истеҳсолот ширкатро аз зарурати воридоти маҳсулоти зикршударо раҳо менамояд ва барои ширкат маблағи беш аз 20 млн. сомониро дар як сол сарфа менамояд. Ба сифати ашёи хом барои истеҳсоли маводоти оташбардор каолини маҳаллӣ, инчунин партовҳои истеҳсолии корхона истифода мегардад, зимни он арзиши аслии маҳсулоти ширкат коҳиш дода мешавад. 

Дар соли 2015 ва нимсолаи аввали соли 2016 ширкат ихтисори ниҳоят калони хароҷотро барои истеҳсоли алюминий таъмин намуд: дар соли 2015, – тақрибан $7,7 млн., дар нимсолаи аввали соли 2016, – қариб $4,6 млн. Хароҷотҳои ғайриистеҳсолӣ аз $18 млн. дар соли 2010 то $8 млн. дар соли 2015 коҳиш дода шуданд. Муваффақияти муҳимтарини ТАЛКО татбиқи аниқи барномаи гузариши соҳаи миллии алюминий ба истифодаи ашёи хоми маҳаллӣ (воридотивазкунанда) гардид. Дар соли 2013 ширкати «ТАЛКО Ресурс» ба истихроҷи саноатии ангишт аз кони «Фон Яғноб» дар минтақаҳои «Ҷиҷикруд» ва «Конте», ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо намудааст, оғоз намуд (маҳсулнокӣ – 320 ҳаз.тн/сол). Дар моҳи сентябри соли 2016 сохтмони се объекти калони саноатӣ дар доираи татбиқи лоиҳаи таъсиси корпоратсияи кимиёвию металлургии «Кимиёи Тоҷик» анҷом ёфт: корхонаи истеҳсоли криолит (маҳсулнокӣ – 12.0 ҳаз.тн/сол), фториди алюминий (18.0 ҳаз.тн/сол) ва кислотаи сулфат (130.0 ҳаз.тн/сол) дар ҳудуди ноҳияи Ёвон. Қайди ҳамин нукта низ ҷоиз аст, ки ҳамон вақт ба Ҳукумати мамлакат дар бобати аз лиҳози иқтисодӣ ба мақсад мувофиқ набудан ва розӣ набудани худро ҷиҳати дастгирии «лоиҳаҳои ёвон» ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дода буд.

Ширкат корҳоро ҷиҳати истихроҷи 300 ҳаз. тонна маъдан дар як сол роҳандозӣ намуда, фабрикаи нави ғанигардониро дар ҳудуди ҶММ «Комбинати маъдантозакунии Такоб» барои истеҳсоли флюорит сохта ба анҷом расонид Бо ин мақсад корҳои омодагии миқёсан калон гузаронида шуданд, аз ҷумла, роҳи мошингард бо дарозии 45 км сохта шуда,  ният дорад дар соли 2017 барои сохтани як корхонаи дигари ғанигардонӣ бо насби 2 хатти муосири коркарди маъдан бунёд созад. Моҳи апрели соли 2017 тибқи нақшаи дурнамои наздиктарин ТАЛКО ният дорад татбиқи лоиҳаи сохтмони корхонаи истеҳсоли содаи каустикиро дар ш. Ёвон оғоз бахшад. Фаъолияти истеҳсолии амалкунанда ва корхонаҳои нав ба кор оғозкунанда ба ТАЛКО имкон медиҳад, ки на танҳо умед ба ноилшавии афзалияти назарраси тиҷоратӣ бандад, балки дар маҷмӯъ воридотивазкунии солонаро ба андозаи $126 млн. таъмин созад. Амалӣ сохтани Барномаи гузариш ба ашёи хоми маҳаллӣ (воридотивазкунӣ) далелеро таъйид менамояд, ки Ширкати Алюминийи Тоҷик аллакай ба ҳамгироӣ дар соҳаҳои дигари иқтисодиёти Тоҷикистон қадамҳои қатъӣ гузоштааст ва имрӯз ТАЛКО – ин гурӯҳи ширкатҳо мебошад. Аз он сабаб ки масъалаи коҳиш додани ҳаҷми истеҳсоли масулот, инчунин ихтисори миқдори кормандони он  тибқи таҳлили Вазорати молия дар корхонаи алюминийбарорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт, ширкат додани тавзеҳоти зеринро зарурӣ меҳисобад: Дар давраи аз с. 2015 ва то нимаи аввали соли 2016 ширкат тадбирҳоеро марбут ба афзоиши ҳаҷми истеҳсолот андешид, ки зимнан, омилҳои буруна ва дохилиро таҳлил намуда, расонидани таъсири манфиро ба соҳаи алюминийи миллӣ менеджменти буҳрони ширкат пешгӯӣ намуд, ки тибқи он афзоиши истеҳсолоти алюминий метавонад ба афзоиши зиёни ТАЛКО ба зиёда аз $30 млн. оварда расонад.

Аз ин сабаб ширкат маҷбур буд нишондиҳандаҳои пешдидиро то охири с. 2016 ба 5,3% поён бурда, ба ҷойи 158 ҳазор тоннаи банақшагирифта  150 ҳазор тонна филиз истеҳсол намояд. Ҳамчунин аз руйи дигар мавқеъҳо, аз ҷумла, истеҳсоли маҳсулоти кабелӣ дар корхонаи «Ноқили ТАЛКО», истихроҷи флюорит дар комбинати маъдантозакунии Такоб ва ангишт дар «ТАЛКО Ресурс» хеле ҳаҷман афзоиш ёфт. Масалан, дар нимсолаи аввали соли 2016 ҳаҷми ангишти истеҳсолгардида нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 327%-ро ташкил дод, ки ин нишондиҳанда аз талаботи бозори Тоҷикистон ба маротиб зиёд аст. Дар корхонаи алюминийбарорӣ дар доираи тадбирҳои зиддибуҳронӣ аз моҳи апрели соли 2014 корҳо бобати муносибсозии хайати штатӣ  оғоз гардида буд. То 01.04.с.2014 дар корхона 9286 нафар кору фаъолият дошт, айни замон (01.10.с.2016) теъдоди кормандон 7825 нафарро ташкил медиҳад. Соли равон  607 нафар аз кор озод карда шуд, ки аз онҳо 541 нафар бо кор таъмин гардида, 66 нафар дар руйхати захираи таъминот бо кор дар дигар ширкатҳои ТАЛКО, аз ҷумла, «Талко Ресурс», «Ноқили Талко», комбинати маъдантозакунии Такоб дар корхонаҳои истеҳсоли криолит, фториди алюминий, ки баробари пурра мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтан мутахассисон ва коргарон ба теъдоди тахмин 2000 нафар талаб карда мешавад. Ба ғайр аз ин, дар давраи аввали ба кор андохтани ширкати «ТАКОБ Голд» ҳамчунин 1500 нафар ба кор қабул карда мешавад. Мавқеи асосии роҳбарияти ширкати алюминийи тоҷик таъмини шаффофияти фаъолияти он ҳамеша буд ва мемонад. Мо барои ҳамкорӣ бо воситаҳои ахбори умум, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, экспертҳо ва мутахассисони ҳама гуна сатҳҳо манфиатдор ҳастем.

Департаменти иттилоот ва робита бо ҷомеаи КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик» 

Душанбе, 26.10.с.2016.

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter