ХАБАРИ ДОҒ

“Тезпардохт”-нахустин ҳамёни электронӣ

  • Душанбе, Окт 31 2016

Равзанае ба “иқтисодиёти электронӣ”

Мафҳумҳои “иқтисодиёти электронӣ” ва “ҳисоббаробаркуниҳои электронӣ” ҳарчанд дар мафкура ва ҷаҳонбинии мо Тоҷикон муосиру навгонӣ ба ҳисоб раванд ҳам, дар иқтисодиёти ҷаҳон, хоса кишварҳои рушдкарда кайҳо забонзадаву муқаррарӣ шудааст. Аз интишору ҷорӣ кардани аввалин корти бонкӣ дар иқтисодиёти ҷаҳон имрӯз беш аз 100 сол пушти сар гашта, интернет-банкингу дигар ҳисоббаробаркуниҳои электрониро башарият анқариб ним аср боз истифода мекунанд. Таърихи муомилаҳои пулии аз мӯҳраҳои шишагию тангаҳои тилло оғоз шуда, бо ворид шудани интернет ва технологияҳои электронӣ ба зиндагии рӯзмарраи мо, имрӯз саҳафоти наву ҷолиберо барои мо мекушоянд. Башаррият дар ҷаҳони муосир дар зинаи нави тараққиёт, яъне даст кашидан аз истифодаи пул дар шакли тиллову дигар металҳои қиматбаҳо ва ҳатто пулҳои қоғазӣ қарор дошта, ба ҷойи онҳо муомилотро бо “пулҳои электронӣ” авлотар мешуморанд. Ин ихтирооти нави ҳазрати Инсон ба мисли интернету технологияҳои IT, марзу монеъаҳоро убур карда, имкониятҳои фаровону бузургеро барои мо истифодабарандагон фароҳам меоварад.

Тоҷикистон ва муносибатҳои нави иқтисодӣ

Бе муҳобот дар саргаҳи ҷорӣ намудани хизматрасониҳои наву муосири молиявӣ ва таҳрики коркарди ихтирооти пешқадам дар иқтисодиёти кишвар боз ҳам нақши президенти кишвар-Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Нахустин иқдомҳои назаррас дар самти ҷорӣ кардани ин навгониҳо баъди дастур ва супориши бевоситаи Роҳбари давлат оид ба ҷорӣ кардани пардохти нафақаи аҳолӣ бо кортҳои бонкӣ, дар соҳаи бонкдории иқтисодиёт сурат гирифта буд. Ҳукумат ва мақомоти дахлдори кишвар ҷиҳати мусоидат ба ҷорӣ намудани хизматрасониҳои мазкур як зумра санадҳои ҳуқуқӣ ба тасвиб расонидаанд, ки шоҳроҳи бузургеро барои тавсеъа ва рушд фароҳам месозанд. Наҷибтарин иқдом дар ин самт қабули Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №815 аз 30.12.2014 сол мебошад, ки масъулият ва вазифаҳои субъектҳои алоҳидаи иқтисодиро дар самти ҷорӣ намудани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ муқарар намудааст.

Аввалин иқдом ба хизматрасониҳои иноватсионӣ

Бори нахуст хизматрасонии “ҳамёни электронӣ” дар охирҳои солҳои 90-уми асри гузашта дар кишварҳое ба мисли Англия, ИМА ва Россия раҳандозӣ гардиданд. Пайдоиши бозору мағоза ва соири хизматрасониҳо дар шабакаи ҷаҳонии интернет, боиси пайдоиши муомилоти электронии дохилишабакавии  истифодабарандагони интернет гардид. Имрӯз теъдоди маҳсулоти дар интернет харидуфуруш мешуда ба миллионҳо расида, аз барномаҳои компютерӣ сар карда то ашёву маҳсулоти рӯзгордориро дар бар мегиранд. Одамон тавассути интернет маблағи барқу об, пур кардани ҳисоби телефону пардохти ҷаримаҳо, харидани китобу рисолаҳои илмию дархости филму мусиқӣ ва ҳатто интиқоли маблағу пардохти музди меҳнаташонро амалӣ мекунанд. Ғолибан ин амалиётҳо бе саргардонию даводави зиёд ва аз дилхоҳ манзили қарор доштаи муштарӣ тавассути телефони ҳамроҳ ё дастгоҳи компютерии муқарарӣ амалӣ карда мешаванд. Бо итминон иброз кардан ба маврид аст, ки аксари хонандагони ҳамин матлаб аз бартарият ва муваффақияти ҳамёнҳои электронии маъруф ба мисли PayCash, «Яндекс.Деньги», «Интернет.Деньги», WebMoney, QIWI огаҳанду шояд аз онҳо фаровон истифода мебаранд. 

Муждаи нав дар иқтисодиёти Тоҷикистон

Муждаи тоза ва иқдоми наҷиб дар кишварамон ин хабари аз ҷониби БДА ҶТ “Амонатбонк”  ва ҶДММ “Нейрон” раҳандозӣ шудани маҳсулоти барномавии Ҳамёни электронии “Тезпардохт”  мебошад. Ин маҳсулоти барномавӣ бо мақсади ҷорӣ намудан ва рушду тавсеъа додани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ ва ҳамзамон чанд зина боло бурдани тараққиёти иқтисодиёти Тоҷикистони азиз амалӣ мешавад. “Тезпардохт” нахустин имконият барои истифодабарандагони шабакаи интернетӣ дар ҷумҳурӣ барои амалӣ намудани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ аз қабили пардохти хизматрасонии интернет, алоқаи мобилии операторони дохилӣ ва хориҷӣ, шабакаҳои иҷтимоӣ, пардохти хизматрасонии телефонҳои хонагӣ (NGN-телефония), пардохти хизматрасониҳои интернетӣ (бозиҳо, филмҳо, барномаҳо ва ғайра), пардохти хизматрасониҳои коммуналӣ (об, барқ, гармӣ...), муайян кардани бақияи қарздорӣ аз пардохти маблағи барқу об, интиқоли маблағ тавасути аз як ҳамён ба ҳамёни дигар ва ғайраҳо ба таври ройгону бемузд, равона гардидааст.

“Тезпардохт”: ҳамаи хизматрасониҳо дар дасти Шумо!

Барои ба қайд гирифтан ва кушодани ҳамёни электронии “Тезпардохт” ба Шумо саргардонии зиёду такопуи ҷамъу пешниҳод кардани ҳуҷҷатҳо ва ё навбат поиданҳо лозим намешавад. Танҳо бо ворид шудан ба шабаи интернетӣ дар телефонҳои ҳамроҳи худ ва кушодани замимаҳои Google play ё App Store (IOS) имкон доред соҳиби ҳамёни мазкур гардед. Ҳамчунин ин амалро дар компютерҳои худ бо ворид шудан ба сомонаи tezpardoht.tj иҷро карда метавонед. Танҳо барои ба қайд гирифтан рақами телефони мобилии худро ба равзана ворид карда, рамзи худро дарҷ ва пин-кодро тасдиқ намудан кофӣ аст, ки Шумо дорандаи ҳамёни электронии “Тезпардохт” шавед. Барномаи ҳамёни электронии “Тезпардохт” бо муосиртарин моделҳои хизматрасонӣ муҷаҳаз гардонида шуда, қулайтарин имконият барои амалӣ намудани талаботи мизоҷон дар самти муомилаҳои интернетӣ мебошад. Баъд аз ба қайдгирӣ ва кушодани ҳамёни электронии худ, Шумо мизоҷони муҳтарам метавонед ҳамёнатонро тавассути шабакаи бузурги хазинаҳои Амонатбонк ва терминалҳои пардохтии низоми “Эмон”-у TajPay ба таври ройгон, яъне бе пардохти ҳаққи хизматрасонӣ бо маблағи дилхоҳатон пур намоед. Рӯйхати хазинаю терминалҳо ва нақшаи ҷойгиршавии онҳо дар сомонаю замимаи мобилии “Тезпардохт” ҷойгир шуда, Шуморо аз сарбории ҷустуҷӯҳо ва сарфаи вақту маблағи зиёдатӣ озод менамоянд. Феълан тасмим ҳаст, ки дар оянда роҳу воситаҳои дигари пур намудани ҳамёнҳо, аз қабили пур кардани ҳамён тавассути кортҳои бонкӣ низ ҷорӣ карда шаванд.

“Тезпардохт” дар хизмати ману ту ҳамватан

Дар муддати камтар аз 1 соли фаъолият “Тезпардохт” ба муваффақият ва нусратҳои қаноатбахш ноил шуда, аллакай худро миёни мизоҷон-истифодабарандагони ин намуди хизматрасонӣ дар ҳудуди Тоҷикистон муррифӣ кардааст. Тими мутахассисони “Тезпардохт” аз ҷавонони серғайрату донишманд ва баиқболу ҳаматарафа иборат буда, дар сар хайёлҳои созандаю ватанпарварона доранд. Онҳо дар ҳақиқат оянда, бале ояндаи дурахшон ва ободу тараққикардаи кишвари азизамон Тоҷикистон мебошанд. Рушду пешрафти иқтисодиёт ва баромадан аз бӯҳрону монеъаҳои молиявӣ шиори кории ҳаррӯзаи ин ҳайати ҷавону умедбахш мебошад. Биноан месазад ману ту хонандаи гиромӣ ҳамқадаму ҳаммароми онҳо буда, ихтирову навоварии онҳоро биомӯзему истифода намоем. Ҳафтаномаи мардумии “СССР” низ тасмим дорад ҷиҳати иттилоотонӣ аз тахассусоти Ҳамёни электронии “Тезпардохт”  барномаеро пиёда намояд. Ту хонанда метавонӣ моро пайгир буда, аз бурду бохти нахустин ҳамёни электронии “Тезпардохт” огаҳ бошӣ. Мо метавонем! 

Одинашо Муродов

СССР

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter