ХАБАРИ ДОҒ

БМТ: Бонкҳои «муфлис» ҳисоббаробаркуниҳоро барқарор карданд

  • Ҷумъа, Янв 27 2017

 

Хушхабарро аввалин шуда, ҳамин саҳар сармуҳосиби СССР-акаи Саймурод ба мо тариқи телефон аз Кӯлоб расонд. Ба ӯ масъулони филиали дар ш.Кӯлоб будаи Агроинвестбонк ваъдаи қатъӣ доданд, ки имрӯз то бегоҳ ҳамаи маблағҳои ҳафтаномаи СССР ва дигар мизоҷон пурра ба таври ғайринақдӣ пардохт карда мешаванд. Ҳамчунин таъкид кардаанд, ки аз ин пас тамоми ҳисоббаробаркуниҳо ба таври мунтазам ва аз рӯи меъёрҳои қабулшуда сурат мегиранд. Феълан дирӯз сомонаҳои расмии Агроинвестбонк ва Тоҷиксодиротбонк хабари расмии барқарор шудани ҳисоббаробаркуниҳо дар ин 2 ташкилоти муътабари қарзиро пахш карданд. Дар ин ахбори расмӣ таъкид мешавад, ки ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” ва ҶСК «Агроинвестбонк» додани пули нақд дар банкоматҳо ва хизматрасонии кортҳои пардохтиро дар ташкилотҳои хизматрасонию савдо барқарор кардаанд. Бино ба маълумоти сомонаи расмии Агроинвестбонк, меъёри гирифтани пули нақд дар 1 рӯз 600 сомонӣ ва хариди молу маҳсулот тавассути кортҳои бонк номаҳдуд аст. Зимнан, Агроинвестбонк ва Тоҷиксодиротбонк аз 4-гонаи бузургтарин бонкҳои Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, соли гузашта ба мушкилоти молӣ дучор шуда, охири соли гузашта Ҳукумати ҷумҳурӣ ба Вазорати молияи дастур дода буд, ки барои ин бонкҳо дар ҳаҷми 3 млрд. 850 млн. сомонӣ (ҳудуди 490 млн. $ тибқи қурби ҳозира) коғазҳои қиматнок ҷудо кунад. Ҳамчунин бонкҳои мазкур имкон доранд векселҳои аз Вазорати молия гирифтаашонро дар БМТ ба пули нақд табдил диҳанд. Коғазҳои қиматнокро бонкҳои дучори мушкилот ба муҳлати 5 сол бо 2%-и солона таҳти гарави дороиҳои худ мегиранд. Дороиҳои «Агроинвестбонк» дар маҷмӯъ 730 иншооти дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ ҷойгиршуда, аз ҷумла, бинои Сарбонк, 60 филиал ва 5 маркази хизматгузорӣ иборат аст. Ҳамчунин минтақаҳои истироҳату фароғат дар дараи Варзоб, иқтидорҳои гуногуни хурди истеҳсолӣ, фермаву анбор, нуқтаҳои фурӯши сӯзишвориву таъмири воситаҳои нақлиёт, марказҳои савдо, мағоза, дорухона, қаҳвахона, марказҳои хизматрасонии маишӣ, хона ва манзилҳои сершумор низ ба ин бонк мутааллиқанд. Даҳаи охири моҳи декабр палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ аз қарори ҳукумат дар бораи ба муомилот баровардани коғазҳои қиматноки давлатӣ ҷиҳати сармоягузорӣ намудани бонкҳои тиҷоратии кишвар ҷонибдорӣ кард. Дар маҷмӯъ ба бонкҳо ба маблағи умумии 3 млрд. 850 млн. сомонӣ (наздики 490 млн. доллари ИМА бо қурби ҳозира) векселҳо пешниҳод мешаванд. Аз ҷумла, «Тоҷиксодиротбонк» ба маблағи 2 млрд. 250 млн. сомонӣ, «Агроинвестбонк» 1 млрд. 70 млн. сомонӣ, «Тоҷпромбонк» 450 млн. сомонӣ ва «Фононбонк» 80 млн. сомонӣ коғазҳои қиматнок мегиранд.

Одинашо Муродов,

СССР

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter