ХАБАРИ ДОҒ

Қурбонзода Азизулло Маҳмуд-сардори шуъбаи тафтишоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар вилояти Хатлон, дар нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон гуфт, ки дар 3 ҳолат кормандони Бонкҳо маблағи мизоҷонро ғайриқонунӣ аз худ карда, ба суди шахсии худ истифода кардаанд.

Нозимов Миралӣ нозир-хазинадори маркази хизматрасонии №501-и филиали №57-и «Амонатбонк» дар шаҳри Кулоб оид ба пардохтҳои коммуналӣ ва дигар пардохтҳо бо мақсади тасарруфи маблағҳои дар ихтиёраш буда, 172 ҳазору 113 сомониро, ки дар 1 рӯз ҷамъоварӣ гардида буд, гирифта ба манфиати худ сарф кардааст. Нозимовро бо моддаи 245, қисми 4, яъне азонихудкунӣ ё исрофкорӣ, тасарруфи молу мулки ғайр, муҷрим дониста, делои ӯ ба суд ирсол шудааст.

Чунин ҳолати азхудкунии маблағ дар ноҳияи Бохтар низ рӯй додааст. Иқтисодчии пешбари шуъбаи қарздиҳии филиали Амонатбонк дар н.Бохтар-Кабулов Маҳмадалӣ бо экс.қарзии филиали ҶСК Агроинвестбонк дар н.Бохтар-Холов Рустам тибқи маслиҳати пешакӣ ғайриқонунӣ ва сохтакорӣ ба номи 20 нафар сокинони навоҳии Бохтару Вахш ҳуҷҷатҳои қарзӣ тартиб дода, аз ҳар 2 бонки мазкур дар маҷмуъ 239 ҳазору 903 сомониро аз худ кардаанд. Нисбати Кабулов ва Холов бо моддаҳои 265, 340, қисми 2, банди “б,в” парвандаи ҷиноӣ боз шуда, ба суд ирсол гардидааст.

Чунин ҳолати ғайриқонунӣ аз худ кардану ба манфиати шахсӣ истифода бурдани маблағи мардум дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин (Шӯрообод) низ ба назар мерасад. Файзалӣ Холов-сардори шуъбаи муҳосиботи амалиётҳои депозитӣ ва интиқоли пулии филиали ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” дар н.Ш.Шоҳин бо мақсади тасарруфи маблағҳои дар ихтиёраш буда, 12 ҳазору 954 доллари ИМА-ро аз шаҳрванд К.Ф. ҳамчун пасандоз қабул карда, сохтакорона ҳуҷҷатҳои дахлдори бонкиро тартиб дода, ҳуҷҷатҳоро дар ҳамин бонк ба қайд нагирифта, маблағҳои қабул кардаашро пурра ба эҳтиёҷоти шахсии худ сарф намудааст. Нисбати Холов бо моддаи 245, қисми 4, банди “б” парвандаи ҷиноӣ боз шуда, ба суд ирсол карда шуда, тафтишоти судӣ аз болои ҳар 3 идома дорад…

Баҳодур Уроқов,

СССР, вилояти Хатлон

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter