Принт

Амонатбонкро фиреб доданд, ё баракс?


Дар шароити бӯҳрони пулӣ, норасоии нақдина, замоне ки Банкоматҳои Амонатбонк ба корти мардум ҳаққи ҳалолашонро ҳатто дар пойтахт намедиҳанд, чигуна мешавад, ки Бонки №1 ба одамони тасодуфӣ беш аз ним миллион сомонӣ қарзи имтиёзнок диҳад? Қаллоб-ку суд шуд, аммо пули давлатро ким мегардонад? Суоли матраҳ ин аст, ки чанд нафар Амонатбонкро «гӯл зада, пул гирифтааст» ва кормандони он оё ба ин авомфиребӣ ҳамдаст нестанд? Ва аз ҳама муҳимтар, чаро раҳбарияти Амонатбонк аз чунин қазияҳо механизми ҷилавгириро то ҳанӯз кор накарда бошад? Ин ҷо зери коса чӣ нимкосаест?

Менглиқулов барои қаллобӣ 9 сол суд шуд
Додгоҳи ноҳияи Қубодиён 1 соҳибкорро барои гирифтани пули бонкӣ ва қаллобӣ 9 солу 2 моҳ ба кунҷи зиндон партофт. Азизулло Қурбонзода-сардори Шӯъбаи тафтишотии Оҷонсии мубориза бо фасоди молӣ дар вилояти Хатлон, дар сӯҳбат бо СССР гуфт, Аламурат Менглиқулов-сокини н.Қубодиён ва ҳамзамон роҳбари ширкати истеҳсолии «Ҳоҷӣ Рӯзимурод» барои он, ки пули бонкро гирифта ва саривақт бозпас нагардонидааст, ҷазо гирифт. Қурбонзода афзуд, ки мавсуф барои таъсис додани корхонаи коркарди меваю cабзавот аз «Фонди дастгирии соҳибкорони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳуҷҷатҳои расмиро барои ба боварӣ даромадан пешниҳод карда, билохира, аз "Амонатбонк" 670.000 сомонӣ гирифта, қарзи имтиёзноки миёнамӯҳлатро ғайримақсаднок истифода бурдааст. Дар парвандаи ҷиноятӣ омадааст, ки Менглиқулов маблағи махсусан калони қарзи бонкиро дар асоси супоришномаҳои пулӣ нақд гирифта, корхонаи коркарди меваю сабзавот насохта, балки онро барои қарзҳои пешинааш сарф кардааст. Аҷиб аст, ки Амонатбонк ба нафаре қарзи ИМТИЁЗНОК медиҳад, ки ӯ аллакай қарздор асту инро дар ноҳия ҲАМА ҷуз кормандони Бонки №1 медонистанд!
Тибқи иттилои расмӣ Менглиқулов ба бонк ва буҷаи давлат зарари махсусан калони молӣ расонида, гунаҳгор дониста мешавад. Суди н.Қубодиён нисбати ӯ дар асоси моддаи 246, қисми 3 ва 247 қисми 4-и банди "б"-и Кодекси Ҷиноии ҶТ, яъне тасарруфи молӣ бонкӣ ва қаллобӣ парванда кушода, ба муддати 9 солу 2 моҳ аз озодӣ маҳрум кард ва дар колонияҳои низомаш шадид гузошт.
Вале суоли матраҳ ин аст, ки пулро ба хазинаи давлат кӣ бармегардонад: шояд Менглиқулов дар тӯли 110 моҳи ҳабсаш? 6090…сомонӣ дар 1 моҳ. Мунтазир мешинем. Мо Метавонем!


Баҳодур Уроқов,
СССР, вилояти Хатлон

Матлабҳои дигар