ХАБАРИ ДОҒ

Нархи бензин 7 сомонӣ шуд!

  • Панҷшанбе, Авг 17 2017


Чаро масъулини ш.Қӯрғонтеппа наметавонанд нархи сӯзишвориро ба 1 тартибу низоми доимӣ дароранд!? Соҳибкорони шаҳр пештар баҳона мекарданд, ки дар пайи тармафароиҳои зиёд ва барои чанд муддат баста будани роҳи Душанбе-Хуҷанд нархи сӯзишворӣ дар кишвар ба таври қобили мулоҳиза боло рафтааст. Имрӯз нархи 1 литр бензини навъи АИ-95 ба 6,80-7сомонӣ расидааст. Ронандагони мусофиркаши ш.Қӯрғонтеппа мегӯянд, болоравии нархи сӯзишворӣ кори онҳоро бо мушкил рӯ ба рӯ кардааст. Салоҳиддин Мирзоев-ронандаи нақлиёти мусофирбар гуфт, ки ман аз Раёсати зиддиинҳисорӣ иддао дорам, чаро нархи сӯзишворро танзим намекунад? Агар аз ӯҳдаи фаъолияти кориашон намебароянд, чаро ин корхонаро аз байн намебаранд? Ман оиладор ва иҷорашинам, зиндагиро бо кирокашӣ пеш мебарам ва пас аз боло рафтани бензин аз 1 бурида нон ҳам хоҳем монд. Ясриби Карим-коршинос мегӯяд, дар нуқтаҳои сӯзишворӣ маводи сӯхт фаровон аст, аммо онро захира мекунанду барои фурӯш кам мебароранд. Хосса, дар ҳолатҳои изтирорӣ ва фавқуллода нархи маводи сӯхтро дучанд карда ба бозор мебароранд. Маълум аст, ки аз чунин амал на танҳо ронандаҳо зарар мебинанд, балки пайдарпай гарон шудани нарх ба роҳкиро низ таъсир мегузорад. СССР барои равшанӣ андохтан ба ин мушкил, ки тайи 1 ҳафтаи охир сокинони ш.Қӯрғонтеппа ва ноҳияҳои атрофи онро нигарон кардааст, тавассути телефони 83222 2 53 58 ба маъсули Раёсати зиддиинҳисории шаҳр Б.Давлатов муроҷиат намуд, аммо касе аз ин ниҳод нахост бо журналист ҳамсӯҳбат шуда, мавзӯро шарҳ диҳад.


Баҳодур Уроқов,
СССР, вилояти Хатлон

1 Паём

  • Шарҳр додан суни Шанбе, 19 Август 2017 09:55 Паём аз суни

    Бародари гироми Баходур Уроков дар Точикистон ягон вакт нархи бензин,орд, ва рохкиррою курби доллар поён намефарояд агар гўед барои чи ман мегўям ки об аз боло лой аст!

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter