Принт

Барқ қимат мешавад

Аз 1.10.2017 нархи қувваи барқ дар Тоҷикистон боз боло хоҳад рафт. Пеш ин гурӯҳи истифодабарандагон барои ҳар кВт/соат 14,65 дирам маблағ пардохт менамуданд, акнун нархи ҳар киловатт/соат 16,85 дирамро ташкил медиҳад. Яъне, нархи ҳар киловатт/соат барои аҳолӣ ҳамагӣ 2,2 дирам боло бардошта шудааст.
Чуноне ки ба мухбири мо дар маркази матбуоти ШСХК «Барқи тоҷик» хабар доданд, ин амал дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарифҳои неруи барқ ва гармӣ» аз 29 августи соли ҷорӣ дар тарифҳои энергияи барқ ва гармӣ тағйирот ворид карда шуд, пеш гирифта шудааст. Шурӯъ аз рӯзи 1 октябри соли равон дар қаламрави кишвар нархи ҳар киловатт/соат неруи барқ барои тамоми категорияҳои истифодабарандагон ба ҳисоби миёна 15 фоиз зиёд гардид.
Ба иттилои манбаъ, тағйироти нарх ба гурӯҳи камбизоати ҷомеа таъсир намерасонад, чунки маблағи онҳо аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷуброн мегардад.

СССР

Матлабҳои дигар