ХАБАРИ ДОҒ


Аз қабули Қонуни ҶТ «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» рӯзҳо сипарӣ мешаванду моҳҳо мегузаранду ҳамон қадар эътиқодам ба саривақтиву замонавӣ будани ин қонун қавитару устувортар мегардад. Дар муҳлати баъди интишори қонун барои баёни таъзияву изҳори тасаллият ба чанд маросиме рафта бошам, дидам, ки сафи таъзиягарон ба маротиб кам ва рӯз дар миён коста шудан дорад. Чанд рӯз пештар ба манзили бародари қадрдоне ба маросими 40 омадаму пас аз дуову фотеҳа каме нишастам. Дар ҳамин муҳлат, ки соат аз 9 гузашта буд, танҳо 2 тани дигар барои ҳамдардӣ қадам ранҷа намуданду халос. Дар назди ҳавлии марҳум аз ҳамсояву ҳамдеҳагон, ҳамкорон ва хешу табор ангуштшумор касонеро дидам, ки ба хотири фотеҳахонӣ омадаанд. Худораҳматӣ (гарчанде мансабдор набуд) дар зиндагияш одами баобрӯ, меҳрубону мушфиқ, хайрхоҳу сахӣ ва инсони ба қавли мардум дастархондор буд. Агар дар зиндагияш маъракае мекард, 2 тарафи роҳи мошингузар пур аз мошин мешуду дар ҳавлӣ ҷои сӯзанпартоӣ намемонд. Чун инро дидам маъракаҳои ёдбуди то давраи қонун ба ёдам расид.

Шикамчарон будем, на мусалмон
Ҳанӯз соат 8-и субҳ нашуда фавҷ-фавҷ шиносу ношинос, дорову нодор, ҳамсояву ҳаммаҳалла…ба хотири чаронидани шикам меғурумиданд. «Худой медонаду ман медонаму ту ҳам медонӣ», ки аробакашони бозор макони баргузории маросимҳоро ба ҳамрикобони худ мефурӯхтанд. Агар раваду дар 1 маҳалла чанд маърака бошад, гуруҳи ишкамкалон, албатта, бо ҳар роҳ аниқ мекарданд, ки ошпаз кист, навъи биринҷ девзира аст, ё оқпар, марҷону лазер аст, ё краснодар, ош муқаррарист, ё 1х1. Ин тоифа бе ҳеҷ шарму ҳаё ва изою ибо «ДэПэ» талаб карда, мизу дастархон об задаву рӯфтагӣ мегашт. Акнун куҷоянд ин «дӯстони нониву забонӣ», ки аз рӯи ихлос биёянду даст ба дуо бардоранд, арвоҳи гузаштагонро шод кунанд? Гузашти вақт собит сохт, ки на он мусалмонем, ки худро метарошем. Балки 1 табақаи риёкору намоишкор будем, ки онро танзим 100% исбот кард. Танзим нафс, чарои шикам, худнамоиву риёкорӣ ва «мусалмонии дурӯғинамон»-ро шикаст.

Қиёмуддин Абдуллоев,
шаҳри Ваҳдат

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter