ХАБАРИ ДОҒ
Принт

Вакилони мо пир шуданӣ нестанд?

  • Панҷшанбе, Фев 22 2018


Салом, редаксияи азиз! Дар газетаи СССР (№33, 17.08.2017) мақолаи журналист Абдуқодири Абдуқаҳҳор "Мо нафақахӯр не, зиндадаргӯрем!"-ро хондам, ки айни муддаост ва дар байни одамон боиси муҳокимаю дастгирӣ шуд. Нависанда арзи дили нафақахӯрони зиёдеро, ки солҳои тӯлонӣ барои халқу Ватан содиқона хизмат намуда, имрӯз бо нафақаи ночиз ҳаёти вазнинеро аз сар мегузаронанд, ба вакилони мардумӣ расондааст. Аламовараш он аст, ки роҳбарони корхонаю ташкилотҳо ва муассисаҳо шарм надошта, ба чашми кормандони шоистаи худ, ки солҳо номбардори коргох буданд, нигариста, мегӯянд:
"Шумо нафақа баромадед, аз кор озод!".
Куҷо шуд қадршиносию одамгарии Тоҷиконаи мо? Магар инсон ҳам дар пирӣ чун 1  ашёи нолозим ба кунҷе партофта мешавад? Агар ӯ ақаллан ба ҳисоби миёна 1000 сомонӣ нафақа мегирифт, шояд он вақт кор накарда, дами пирӣ меронд. Ку ҳақиқату адолат? Оне, ки хизмате накардааст ва оне, ки солҳо заҳмат кашидааст, ҳар 2 баробаранду 200-240 сомонӣ нафақа мегиранд?! Ин ба тарозуи ақл рост намеояд. Кош, ба ҷои ин қадар мактабҳои олӣ бештар корхонаҳои истеҳсолӣ месохтему мардумро бо кори доимӣ таъмин мекардем, шояд сатҳи зиндагиамон беҳтар мешуд.

Соли 2019-Соли пирон…
Ташвишовараш он аст, ки баъзе роҳбарони корхонаю муассисаҳо ба қадри мутахассиси хуб нарасида, "имсол соли ҷавонон"-ро дастак карда, ба иззати нафси калонсолон мерасанд ва захираҳои тиллоии ҷомеаро бо ҷавонони чаласаводи бетаҷриба иваз намуда, оқибаташро андеша намекунанд. Боиси афсӯс аст, ки баъзе ҷавонон саводу маҳорат ё хоҳиши кор кардан надоранд. Шояд сабаб дар гурӯҳҳои шартномавӣ таҳсил кардани донишҷӯён, ё ба "маршировкаҳои" тӯлонӣ банд шудани эшон бошад? Агар устодони пуртаҷриба дасти онҳоро нагиранд, пас ба онҳо кӣ роҳ нишон медода бошад? Ин ҷо бояд андеша кунем, ки чаро давлати Сосониён шикаст хӯрд? Шояд мақоли хуби "1 мард пас аз 40 сол ба воя мерасад"-ро шиор карда, соли ояндаро соли нафақахӯрон, ё калонсолон эълон намоем?
Мӯҳтарам вакилони мардумӣ! Аз шумо эҳтиромона хохиш дорем, оид ба мақолаи А.Абдуқаҳҳор, ки дар симои 1 нафақахӯр рӯзгори 100-ҳо нафарро мисол овардааст, чораи зарурӣ андешед!

Майсара Шералӣ
омӯзгор

Китобҳо

Flag Counter