ХАБАРИ ДОҒ

Роҳи Айнӣ-Панҷакент ислоҳ нашуд, ки нашуд!

  • Панҷшанбе, Март 01 2018


Камбудиҳои роҳи Айнӣ-Панҷакентро, ки то ҳол сохтмони онро комиссияи ҳукуматӣ қабул накардааст, бо вуҷуди супоришҳои Президент ва таъкидҳои Вазорати нақлиёту Кумитаи сохтмон ва меъмории назди ҳукумати кишвар пудратчиёнаш ислоҳ накардаанд. Гарчанде аз анҷоми сохтмони роҳи автомобилгарди Айнӣ-Панҷакент 1 сол сипарӣ мешавад, аммо то ҳол дар ин масир камбудиҳои зиёд ҷой доранд. Масъулини вазорати Нақлиёт, Маркази татбиқи лоиҳаҳои таҷдиди роҳҳои ҶТ ва ширкати «Синзиан Бейсин»-и давлати Чин, ки масъулияти сохтмони роҳ ба зимаи онҳо буд, мегӯянд роҳ аз рӯи сифати стандартҳои ҷаҳонӣ сохта шудааст. Аммо коршиносон ба ин гуфтаҳо шубҳа доранд ва мегӯянд, роҳе, ки агар аз рӯи стандарти ҷаҳонӣ сохта шуда бошад, чаро рӯ ба вайроншавӣ овардааст?
Аврангзеб Худойбердиев-сокини ш.Панҷакент, ки борҳо бобати камбудиҳои роҳ ба сохторҳои дахлдор шикоят кардааст, мегӯяд, соли гузашта қисмати ин роҳ дар мавзеи Урметани н.Айнӣ фурӯ рафта буд. Ҳоло бошад баъзе минтақаҳо, аз ҷумла, дар километри 107-ум, роҳ ба пайдо кардани тарқиш шурӯъ кардааст. Аврангзеб мегӯяд, камбудиҳои зиёд, ба хусус, дар минтақаи наздимарзии роҳ ҷой дорад. Дар ҷамоати Саразм, дар роҳи калон, назди баъзе аз деҳаҳо рӯшноӣ нест, ҷӯбор сохта нашудааст, роҳи пиёдагард нест, аломатҳои номи деҳаҳо нест, дар баъзе аз пулҳо васоити ҳимоя аз сел ва дигар корҳо то ба имрӯз ба анҷом расонида нашудааст.
Сокинони Панҷакент мегӯянд, дар ҳоле, ки кушодашавии гузаргоҳи Ҷартеппа-Саразм ва ташрифи меҳмонон ба Панҷакент дар назар аст, камбудиҳои ҷойдошта бояд ҳарчи зудтар ислоҳ гардад. Дар масъалаи саҳланкориҳои роҳсозони роҳи мазкур даҳҳо матлабҳои интиқодӣ дар матбуот, аз ҷумла, дар газетаи мардумии СССР ба нашр расида, даҳҳо камбудиҳои дар сохтмон ҷойдоштаро коршиносон зикр ҳам кардаанд, аммо на ҳамаи он нуқсонҳо то ба имрӯз бартараф шуданд. Ҳини ба истифода додани роҳи Айнӣ-Панҷакент ҳам моҳи октябри с.2015 президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иброз дошта буд, ки «ҳоло роҳ пурра ба истифода дода нашудааст ва 1 сол мӯҳлати кафолат дорад. Аз ин рӯ, нависед гӯед, камбудиҳояшро масъулин ислоҳ мекунанд».

Мо гуфтем! Ислоҳ намекунанд!!!
Менеҷери роҳи мазкур Анзур Раҷабов бо гузашти 2 сол камбудиҳои ҷойдоштаро иҷро накардааст. Магар амали Раҷабову ширкати «Синзиан бейсин» писанд накардани қонунгузории Тоҷикистон нест?
Дарозии роҳи Айнӣ-Панҷакент, ки ҳудуди 114 км аст, бо маблағи 114 млн. доллари амрикоӣ, санаи 27.10.2012 бо ширкати президенти кишвар маросими таҷдиду азнавсозиаш оғоз шуда буд. Аз он 100 млн. доллари амрикоӣ аз Бонки Осиёии Рушд ҳамчун грант ва боқимонда қарзи Фонди ОПЕК ва ҳиссаи Ҳукумати ҶТ аст. Ҳангоми оғози кори сохтмон гуфта мешуд, ки бар асоси нақшаи пешбинишуда паҳнои роҳи таҷдидшаванда аз 12 то 15 ва дар дохили ш.Панҷакент 20 метрро ташкил дода, ҳаракати чорқатораи нақлиёт ва сохтмони гузаргоҳҳои зеризаминӣ таъмин карда хоҳад шуд. Аммо ин гуфтаҳо дар баъзе қитъаҳо на иҷро шуд ва ягон гузаргоҳи зеризаминӣ ҳам бо вуҷуди таъкиди сарвари мамлакат сохта нашуд. Ба иттилои масъулини ҳукумати ш.Панҷакент ҳоло комиссияи давлатӣ роҳи мазкурро қабул накардааст ва бояд то қабули роҳ ширкати роҳсозӣ камбудиҳоро ислоҳ намояд.

Хуршед Фозилов,
Панҷакент, СССР

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter