ХАБАРИ ДОҒ

 

Иштироки БМТ ва Вазорати молия
дар Ҷаласаҳои баҳории Хазинаи байналмилалии асъор ва Бонки Ҷаҳонӣ (IMF/WB SPRING MEETINGS 2018)
Намояндагони расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода, Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода, Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев, Намояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Бонки Ҷаҳонӣ ва Хазинаи байналмилалии асъор Илҳом Раҷабов ва роҳбарони воҳидҳои сохтории калидии БМТ дар доираи Ҷаласаҳои баҳории Хазинаи байналмилалии асъор ва Бонки Ҷаҳонӣ, ки дар шаҳри Вашингтони ИМА 16 - 22 апрели соли 2018 баргузор гардид, якчанд мулоқоту машваратҳои судмандро анҷом доданд. Дар вохӯриии Ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ, ки таҳти роҳбарии Ноиби Президенти Бонки ҷаҳонӣ ҷаноби Сирил Муллер доир гашт, масоили ҳамкории дуҷонибаи судманд дар самтҳои гуногуни иқтисодиёт баррасӣ карда шуд. Раиси БМТ Ҷамшед Нурмаҳмадзода, Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ва Муовини якуми Раиси БМТ Ҷамолиддин Нуралиев зимни суханрониҳо оид ба тадбирҳои Ҳукумати ҶТ барои фароҳам овардани фазои мусоиди сармоягузорӣ ва дар ин замина эълон намудани мораторий барои санҷишҳо ҷиҳати рушди соҳибкорӣ, шароит ва имкониятҳои мусоид барои сармоягузорони хориҷӣ ва соҳаҳои афзалиятноки иқтисодиёт, аз ҷумла гидроэнергетика, туризм, низоми бонкӣ, дастрасӣ дар бозорҳои коғазҳои қиматноки ҷаҳонӣ ва барқарор намудани муносибатҳои муросилотии бонкӣ бо бонкҳои ИМА маълумоти муфассал манзур карданд. Зимни мулоқот Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон диққати махсусро барои иштироки Бонки Ҷаҳонӣ дар татбиқ ва анҷоми саривақти иншооти бузурги дорои аҳамияти минтақавӣ - лоиҳаи Нерӯгоҳи барқӣ обии (НБО) Роғун, ки бо иқдоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри анҷоми саривақтии иншооти мазкур, ки сохтмони он босуръат идома дорад, инчунин барои ширкат дар лоиҳаҳои дигар, аз қабили САSA - 1000 ҷалб намуданд. Ноиби Президенти Бонки ҷаҳонӣ ҷаноби Сирил Муллер дар рафти мулоқот барои тавсеа бахшидани ҳамкорӣ ва татбиқи лоиҳаҳои алоҳида дар соҳаи гидроэнергетика, кишоварзӣ, бахши хусусӣ дар минтақаҳо, дастрасии аҳолии ноҳияҳои дурдаст ба хизматрасониҳои молиявӣ, рушди омилҳои инсонӣ изҳори омодагӣ намуд. Дар маҷмӯъ, барои татбиқи лоиҳаҳои Бонки ҷаҳонӣ дар асоси стратегияи миёнамуҳлат ҷиҳати дастгирии рушди устувори низоми молиявию бонкӣ дар доираи имкониятҳои мавҷуда аз ҷониби Ноиби Президенти Бонки ҷаҳонӣ ҷаноби Сирил Муллер изҳори ҳавасмандӣ карда шуд.

Мулоқоти Роҳбарияти БМТ
бо намояндагони Департаменти хазинадории ИМА, MIGA
Дар доираи ҷаласаҳои солонаи Хазинаи байналмилалии асъор ва Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ, ки 16-22 апрели соли 2018 дар шаҳри Вашингтони ИМА барпо шуд, Ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат аз Раиси БМТ Ҷамшед Нурмаҳмадзода, Муовини якуми Раиси БМТ Ҷамолиддин Нуралиев, Вазири молияи ҶТ Файзиддин Қаҳҳорзода, Намояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Бонки Ҷаҳонӣ ва Хазинаи байналмилалии асъор Илҳом Раҷабов бо намояндагони Департаменти хазинадории Вазорати молияи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (ИМА) таҳти роҳбарии Мушовири калони Гурӯҳи хизматрасониҳои бонкию молиявии Департаменти хазинадории Вазорати молияи ИМА ҷаноби Уилям Томас мулоқоти корӣ анҷом доданд. Зимни мулоқот Ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагони Департаменти хазинадории ИМА-ро бо иқдомҳои Ҳукумати ҶТ дар самти муҳайё намудани шароити мусоиди сармоягузорӣ, кафолат ва имтиёзҳо ба сармоягузорони хориҷӣ шинос карданд. Аз ҷумла, Раиси БМТ Ҷамшед Нурмаҳмадзода вобаста ба як қатор навовариҳо ва ислоҳот дар низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон, корҳо дар самти муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм (МҚД/МТ) ва стратегияи солимгардонии низоми бонкии кишвар маълумоти муфассал пешниҳод намуда, ҳавасмандии худро барои барқарор намудани муносибатҳои муросилотии бонкӣ дар минтақа, ки ба рушди на танҳо низоми бонкӣ, балки иқтисодиёти кишвар низ мусоидат менамояд, изҳор намуд. Дар идомаи ҷаласа гурӯҳи иборат аз намояндагони ташкилотҳои қарзии кишвар таҳти роҳбарии Муовини якуми Раиси БМТ Ҷамолиддин Нуралиев вобаста ба барқарор намудани муносибатҳои муросилотии бонкӣ ва тавсеаи ҳамкориҳо дар бахши низоми бонкӣ бо намояндагони Департаменти хазинадории ИМА мулоқотро ба роҳ монданд. Намояндагони ташкилотҳои қарзии кишвар ҳавасмандӣ ва омодагии худро барои ҳамкорӣ дар самти ба роҳ мондани муносибатҳои муросилотии бонкӣ бо бонкҳои ИМА изҳор намуда, мусоидати Департаменти мазкурро дархост карданд. Департаменти хазинадории ИМА барои оғози ҳамкориҳои дуҷонибаи судманд изҳори омодагӣ намуда, иброз доштанд, ки пешниҳодҳои зикршуда, мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор дода хоҳанд шуд. Худи ҳамин рӯз, дар доираи ҷаласаҳои баҳории Хазинаи байналмилалии асъор ва Бонки Ҷаҳонӣ Роҳбарияти БМТ ва Вазорати молия бо намояндагони Агентии кафолати сармоягузории бисёрҷониба (МIGA) оид ба иштирок дар татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла соҳаи энергетика муҳокима гардида, бо назардошти пешниҳод гардидани маълумотҳои зарурӣ тибқи талаботҳои МIGA дар мувофиқаи тарафайн мавриди омӯзиш қарор хоҳанд гирифт. Қайд кардан зарур аст, ки МIGA ташкилоти зертобеи Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ буда, мақсади асосии фаъолияти он зиёд намудани сармоягузориҳои мустақим тавассути пешниҳоди кафолат аз хавфҳои сиёсӣ ва пурзӯр намудани иқтидори қарзгирии давлатҳои аъзои Бонки Ҷаҳонӣ ба шумор меравад. Инчунин, дар доираи сафар вохӯрии ҳайати мазкур бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ оид ба раванди татбиқи лоиҳаи Бонки Ҷаҳонӣ “Баланд бардоштани рақобатнокии бахши хусусӣ” дар самти таҷдиди инфрасохтори низоми молиявӣ машварати корӣ доир намуда, ҷонибҳо барои вусъат бахшидани татбиқи лоиҳа муҳокимаронӣ намуданд. Намояндагони расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ҷаласаҳои баҳории Хазинаи байналмилалии асъор ва Бонки Ҷаҳонӣ, дар доираи мулоқотҳои тарафайни судманд масъалаи тавсеа бахшидани ҳамкориҳои иқтисодӣ, бахусус дар низоми молиявӣ ва бонкиро бо шарикони рушд муҳим арзёбӣ намуданд.

Дурнамои ҳамкорӣ
17 апрели соли 2018 дар доираи вохӯрии Ҳайати Бонки миллии Тоҷикистон бо намояндагони Ширкати консалтингии "NAVIGANT" дар шаҳри Вашингтон (ИМА) масъалаҳои нақши муносибатҳои муросилатӣ ва имконияти барқарор намудани онҳо мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Машварати корӣ таҳти роҳбарии Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев ва иштироки намояндагони ташкилотҳои қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Ҷаласаҳои баҳории Хазинаи байналмилалии асъор, Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ - 2018 баргузор гардид.  Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев дар ибтидо намояндагони бонкҳои Тоҷикистонро ба намояндагони Ширкати консалтингии "NAVIGANT" муаррифӣ намуда, вобаста ба вазъи низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти муфассал пешниҳод намуд. Дар рафти мулоқот Ҷамолиддин Нуралиев махсусан таъкид намуд, ки барқарор намудани муносибатҳои муросилотии бонкӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва Қафқоз ба рушди воқеии на танҳо низоми бонкӣ, балки иқтисодиёти кишварҳои минтақа, вазъи молии онҳо мусоидат хоҳад кард, ки низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба ин раванд ҳавасманд мебошад. Сипас, Директори Ширкати консалтингии ""NAVIGANT" Еллен Зимилес оид ба хизматрасониҳои ширкат, таҳияи ҳисобот ва ташхис дар асоси маълумотҳои пешниҳодшуда аз ҷониби бонкҳо, ки барои ба роҳ мондани муносибатҳои муросилотӣ дар оянда мусоидат менамоянд, муаррифии муфассал пешниҳод намуд. Зимни муаррифӣ фаъолияти ширкат ва хизматрасониҳое, ки барои ба роҳ мондани муносибатҳои муросилотӣ ба бонкҳо замина фароҳам меоранд, аз ҷумла, бо истифода аз таҷрибаи мавҷуда бо бонкҳои давлатҳои гуногун, мавриди таваҷҷуҳи ҳозирин гардонида шуд. Дар рафти вохӯрӣ Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев, ки ҳайати бонкҳои ватаниро роҳбаладӣ мекунад, дар хусуси то кадом андоза мусоидат намудани хулосаи ширкати мазкур барои барқарор намудани муносибатҳои муросилотии бонкҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақа ва самтҳои дигари хизматрасонии ширкат суол кард. Дар посух намояндагони Ширкати консалтингии "NAVIGANT" маълумот оид ба талаботҳои ИМА ҷиҳати ба роҳ мондани муносибатҳои муросилотӣ бо бонкҳои давлатҳои дигар, таъмини амният ва мутобиқат ба стандартҳои байналмилалӣ, таъмини мониторинги доимии фаъолияти бонкҳои барои ба роҳ мондани муносибатҳои муросилотӣ ҳавасманд, бахусус назорати доимӣ ва мониторинги амалиётҳоро пешкаш намуданд. Зимни машварати корӣ намояндагони бонкҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон низ вобаста ба хизматрасониҳои ширкати номбурда, имкониятҳои ҳамкорӣ ва талаботҳои ширкат муколамаи пурмуҳтаво доир намуданд. Дар ҷамъбаст Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев ба намояндагони Ширкати консалтингии "NAVIGANT" барои тавсияҳои муфид дар бахши муносибатҳои муросилотӣ изҳори миннатдорӣ карда, бонкҳои ватанӣ барои идома додани ҳамкорӣ бо ташкилоти мазкур таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.

Мулоқоти Ҷамолиддин Нуралиев бо намояндаи Бонки ҷаҳонӣ
Дар доираи Ҷаласаҳои баҳории Хазинаи байналмилалии асъор ва Бонки Ҷаҳонӣ -IMF/WB Spring meetings 2018 (шаҳри Вашингтони округи Колумбия (ИМА) апрели соли 2018), бо иштироки Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев ва намояндагони Бонки ҷаҳонӣ машварати корӣ баргузор гардид. Зимни машварат ҷонибҳо оид ба раванди татбиқи лоиҳаи “Баланд бардоштани рақобатнокии бахши хусусӣ” дар самти таҷдиди инфрасохтори низоми молиявӣ табодули андеша намуда, барои таҳким бахшидани ҳамкорӣ ҷиҳати идома ёфтани лоиҳаи мазкур ибрози назар намуданд. Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев оид ба компоненти 4-и лоиҳа дар бораи “Беҳтар намудани инфрасохтори молиявӣ”, раванди татбиқи он, тадбирҳои андешидашуда дар бахши мутобиқ намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва зарурати идома додани ин лоиҳа баҳри рушди инфрасохтори низоми пардохт махсусан қайд намуд. Ҷониби Бонки ҷаҳонӣ оид ба итмом расонидани нақшаҳои пешбинишудаи лоиҳаи мазкур ва дар хусуси таҳким бахшидани раванди иҷроиши баъзе аз қисмҳои дахлдори он таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд. Бояд гуфт, ки барои татбиқи лоиҳаи Бонки ҷаҳонӣ “Баланд бардоштани рақобатнокии бахши хусусӣ” Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати ҶТ ва БМТ ҷалб шудаанд.

Иштироки Ҳайати БМТ ва бонкҳои ватанӣ
дар семинари Хазинаи байналмилалии асъор:"Қатъ гардидани муносибатҳои муросилотии бонкӣ дар мамлакатҳои минтақаи Қафқоз ва Осиёи Марказӣ"
Ҳайати Бонки миллии Тоҷикистон бо роҳбарии Муовини якуми Раиси БМТ Ҷамолиддин Нуралиев ва ташкилотҳои қарзии ватанӣ 18 апрели соли 2018 дар ҷаласаи сатҳи баланд дар мавзӯи “Қатъ гардидани муносибатҳои муросилотии бонкӣ дар мамлакатҳои минтақаи Қафқоз ва Осиёи Марказӣ“, ки бо иқдоми Хазинаи байналмилалии асъор, Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ дар шаҳри Вашингтони ИМА  баргузор гардид, ширкат варзиданд. Дар чорабинии мазкур дар қатори намояндагони низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон инчунин, ҳайати ҷумҳуриҳои  Арманистон, Озарбойҷон, Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва намояндагони бонкҳои муросилотии ҷаҳонӣ, институтҳои байналмилалии молиявӣ ва мақомотҳои танзимкунанда иштирок доштанд. Чорабинии мазкурро Муовини Директори Хазинаи байналмилалии асъор Тао Чжан ифтитоҳ намуда, ҳозиринро барои иштирок дар машварати сатҳи баланд хайрамақдам гуфт ва барои ширкати фаъол даъват намуд. Дар қисмати аввали чорабинӣ  саҳми ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ  ҷиҳати ҳалли мушкилоти муносибатҳои муросилотии бонкии кишварҳо баррасӣ карда шуд. Вобаста ба ин мавзӯъ ва корҳои анҷомдодашуда дар ин самт Муовини Дабири кулли Шӯрои суботи молиявӣ Рупер Торн, сардори хадамоти Департаменти низоми пулию қарзӣ ва бозорҳои сармояи ХБА Анантакришнан Прасад, мутахассиси пешбар оид ба масъалаҳои бахши молияи Бонки Ҷаҳонӣ Эмилӣ ван дер Дус де Виллбуа муаррифии муфассал пешниҳод намуданд. Дар ин қисмат ба кори ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ ва саҳми онҳо дар мусоидат ба муколамаи байналмилалӣ ва дастгирии мақомотҳои расмии давлатҳо дар таҳкимбахшии сиёсати давлат дар самти коҳиш додани хавфҳои қатъ шудани муносибатҳои муросилотии бонкӣ ва бартараф намудани оқибатҳои манфӣ баҳодиҳӣ карда шуд. Зимни муҳокимаронӣ масъалаҳои пурзӯр намудани риояи қонунгузорӣ оид ба МҚД/МТ, аз ҷумла, малакаи нозирони комплайнси бонкҳо, мутобиқ намудани фаъолият ба стандартҳои байналмилалӣ ва тавсияҳои ФАТФ, инчунин таҳким бахшидани робитаи бонкҳо бо бонкҳои муросилотии хориҷӣ бо мақсади ба роҳ мондани муносибатҳои муросилотӣ, вусъат бахшидани назорат аз ҷониби мақоми танзимгар,  таъмини шаффофияти бонкҳо ва ҳифзи амнияти иттилоотӣ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт. Вобаста ба ин мавзӯъ дар қисмати мубоҳиса намояндагони низоми бонкии як қатор кишварҳо ба муҳокимаронӣ баромаданд. Аз ҷумла, Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев вобаста ба имконияти ХБА дар таҳким бахшидани муколамаи мусоид ҷиҳати бартараф намудани мушкилоти муносибатҳои муросилотии бонкӣ барои кишварҳои минтақа, инчунин саҳми ширкатҳои консалтингӣ дар таҳкими муносибатҳои муросилотӣ ва имконияти роҳбаладии ХБА барои муколамаи мусоид дар минтақа баҳри рушди иқтисодиёт ва суботи молиявӣ андешаҳои худро баён дошт. Доир ба саҳми институтҳои байналмилалии молиявӣ ва нақши онҳо дар ҳалли мушкилоти муносибатҳои муросилотии бонкӣ, инчунин, Муовини якуми Раиси ҶСК "Ориёнбонк" Шуҳрат Исматуллоев, Раиси ҶСП "Аввалин бонки молиявии хурд" Энтем Гиямшо Лама ба суолҳои худ посух гирифтанд. Дар муҳокимаи мазкур инчунин намояндагони низоми бонкии Ҷумҳурии Озарбойҷон иштироки фаъол дошта, як қатор пешниҳодҳо карданд.  Оид ба пурзӯр намудани муқовимат ба қонунигардонии даромадҳо ва маблағгузории терроризм, (МҚД/МТ СҚО) директори Департаменти мониторинги молиявӣ Файзулло Файзуллозода муаррифии муфассалро пешниҳоди ҳозирин гардонид. Ба иштирокдорони семинар инчунин муаррифии намояндаи ХБА оид ба Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Падамжа Ханделвал дар мавзӯи "Мушкилоти қатъ шудани муносибатҳои муросилотии бонкӣ дар минтақаи Қафқоз ва Осиёи Марказӣ" бо таҳлили васеъ пешниҳод гардид. Дар идомаи кори семинар иштирокдорон тағйиротҳои минтақавӣ дар соҳаи муносибатҳои муросилотии бонкӣ ва қувваҳои асосиро баррасӣ намуда, натиҷаи тадқиқот оид ба мушкилоти қатъ шудани муносибатҳои муросилотии бонкӣ, аз ҷумла, табодули таҷрибаи иштирокдоронро дар хусуси ба амал омадани як намуди ҷунбиш дар кишварҳои худ муҳокима намуданд. Дар қисмати дигари ҷаласа қарорҳо дар заминаи бахши хусусӣ, муколамаи байни бонки муросил бо бонки респондент дар бораи қарорҳои мушаххаси соҳа баҳри беҳбудии раванди мушаххас (идентификатсия) кардани муштариён, санҷиш ва табодули маълумот дар бораи муштариён ва бенефитсиарҳои онҳо мавриди муҳокима қарор гирифт. Дар рафти муҳокима пайомадҳои эҳтимолӣ, муҳлати амалӣ шудани қарорҳо ва монеаҳо дар қабули қарорҳои соҳа баррасӣ гардид. Дар хотима, барои хулосаҳои асосӣ ва мулоҳизаҳои ниҳоӣ сухан ба Директори Департаменти ХБА оид ба Шарқи Наздик ва Осиёи Марказӣ ҷаноби Ҷиҳад Азур дода шуд. Ҷиҳад Азур ба иштирокдорон барои ширкати фаъолона дар муҳокимарониҳо изҳори миннатдорӣ намуда, қайд кард, ки “кор дар самти муносибатҳои муросилотии бонкӣ идома дода мешавад ва ҳар як муҳокимароние, ки барпо шуд, бояд дар амал татбиқ карда шавад. Ҳамин тариқ, муколамаи байни бонкҳои муросил ва бонкҳои респондент бо мақсади ба роҳ мондани муносибатҳои муросилотии бонкӣ идома меёбад ва ҳар як иштирокчӣ дар ин самт бояд саҳмгузорӣ намуда, барои ноил шудани муносибатҳои муросилотии бонкӣ тамоми талаботҳои заруриро иҷро намояд. Барои ба даст овардани маълумоти боз ҳам мукаммал дар атрофи масъалаҳое, ки дар кори семинар баррасӣ шуд, тадқиқоти иловагӣ доир карда мешавад ва дар дурнамо самтҳои асосӣ барои татбиқи муносибатҳои муросилотии бонкӣ муайян хоҳад шуд”. Қобили қайд аст, ки дар ҷаласаи сатҳи баланд дар мавзӯи “Қатъ гардидани муносибатҳои муросилотии бонкӣ дар мамлакатҳои минтақаи Қафқоз ва Осиёи Марказӣ“ ҳайати Бонки миллии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Муовини якуми Раиси БМТ Ҷамолиддин Нуралиев ва намояндагони як қатор бонкҳои ҷумҳурӣ, аз қабили БДА ҶТ "Амонатбонк", ҶСК "Ориёнбонк", ҶСК "Спитаменбонк", ҶСК "Эсхата", ҶСП "Аввалин бонки молиявии хурд", ҶСК "Соҳибкорбанк", ҶСК "Тоҷиксодиротбонк" ва ҶДММ ТАҚХ "Арванд" ширкат варзиданд.

Роҳбарияти БМТ бо Ҳайати Хазинаи байналмилалии асъор
оид ба Тоҷикистон дурнамои ҳамкориро муҳокима намуданд
Роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳайати Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода ва Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев, Намояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Хазинаи байналмилалии асъор ва Бонки Ҷаҳонӣ Илҳом Раҷабов дар мулоқоти корӣ бо роҳбари Ҳайати Хазинаи байналмилалии асъор оид ба Тоҷикистон хонум Падамжа Ханделвал масъалаҳои таҳкими ҳамкориҳои судмандро мавриди муҳокима қарор доданд. Дар оғози мулоқоти корӣ Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода оид ба нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, вазъи низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ислоҳот ва тадбирҳои дар ин самт андешидашуда, таъмини суботи молиявӣ, татбиқи сиёсати босамари пулию қарзӣ маълумот дод. Ҷонибҳо дар атрофи мавзӯи асосии мулоқоти корӣ - оғози барномаи нави ислоҳоти исқтисодӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хазинаи байналмилалии асъор табодули андеша намуданд. Аз ҷумла, дар рафти суҳбат Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода қайд намуд, ки бо назардошти тавсияҳои Хазинаи байналмилалии асъор як қатор корҳо ба анҷом расонида шуданд. Аз ин рӯ, барои фароҳам омадани заминаи мусоид ҷиҳати қабули Барномаи нави ислоҳоти иқтисодӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт.  Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев зимни суҳбат вобаста ба оғози барномаи нави Хазинаи байналмилалии асъор, ки барои таъмини суботи молиявӣ, татбиқи сиёсати босамари монетарӣ ва таҳкими низоми бонкӣ мусоидат менамояд, изҳори назар намуд. Ҷамолиддин Нуралиев аз ҷумла бо назардошти корҳои анҷомдодашуда дар бахшҳои гуногуни иқтисодиёт ва нишондиҳандаҳои муътадили иқтисодии кишвар дар чанд соли охир, ба вусъат бахшидани раванди оғози барнома бо назардошти ислоҳоти имконпазир даъват ба амал овард. Роҳбари Ҳайати Хазинаи байналмилалии асъор оид ба Тоҷикистон хонум Падамжа Ханделвал дар робита ба таклифу пешниҳодҳои гуфташуда ибрози назар намуда, изҳор дошт, ки муҳокимаи минбаъда оид ба ҳамкории ҷонибҳо дар самтҳои баррасишуда дар наздиктарин фурсат дар доираи сафари Ҳайати ХБА ба Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди муҳокима қарор хоҳад гирифт. Бояд қайд кард, ки дар мулоқоти мазкур Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода низ ширкат варзида, зимни вохӯрӣ дар хусуси ислоҳот дар бахшҳои иқтисодиёт, аз ҷумла соҳаи буҷету андоз маълумот дода, оид ба иқдомҳои дар ин самт амалишаванда ибрози андеша намуд. Бояд қайд кард, ки Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода, Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев ва роҳбарони воҳидҳои сохтории калидии БМТ дар доираи ҳафтаи ҷаласаҳои солонаи Хазинаи байналмилалии асъор ва Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ - Spring meetings 2018, ки 16 - 22 апрели соли 2018 дар шаҳри Вашингтони ИМА доир гашт, дар доираи мулоқотҳои тарафайни судманд масъалаи тавсеа бахшидани ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба дар самтҳои афзалиятноки иқтисодиёт, аз ҷумла бахши воқеии иқтисодиёт, низоми молиявӣ ва бонкӣ, соҳаи энергетика ва дигар бахшҳои муҳимми иқтисодиёт арзёбӣ намуданд.

Шуъбаи матбуоти БМТ

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter