Принт

Раванди тағйирот дар бозори дохилии асъор


Ба маълумоти ВАО расонида мешавад, ки Бонки миллии Тоҷикистон қурби хариду фурӯши доллари ИМА ва рубли русии нақдро барои ташкилотҳои қарзӣ муайян намекунад. Қурби аз ҷониби БМТ муайянкардашаванда қурби расмии ин асъорҳои хориҷӣ буда, онҳо танҳо бо мақсади ҳисоббаробариҳо бо буҷет, пардохтҳои гумрукӣ ва баҳисобгирии муҳосибӣ истифода шуда, бо ин қурб хариду фурӯш анҷом дода намешавад. Қурби хариду фурӯш ва табдили асъори хориҷии нақд аз ҷониби худи ташкилотҳои қарзӣ, дар асоси талабот ва пешниҳод дар бозори дохилӣ, бо назардошти хароҷотҳои нақдикунонӣ ва амалиётии ташкилотҳои қарзӣ муқаррар карда мешавад ва аз қурби расмии ин асъорҳои хориҷӣ фарқ мекунад.
БМТ тибқи “Дурнамои самтҳои асосии сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018 ва давраи миёнамуҳлат”, дар соли ҷорӣ бо дарназардошти гузариш ба реҷаи “ҳадафгирии таваррум” дар амалӣ гардонидани сиёсати пулию қарзӣ, сиёсати қурбии ба реҷаи “шинокунандаи танзимшаванда, бе муайян ва эълон кардани ҳудудҳои тағйирёбии қурб” асосёфтаро, амалӣ карда истодааст. Тибқи ин реҷа, қурби пули миллӣ дар асоси таносуби талабот ва пешниҳоди асъори хориҷӣ дар бозори дохилӣ муқаррар мегардад. Талабот ва пешниҳоди асъори хориҷӣ бештар хусусияти мавсимӣ дошта, ҳамеша дар оғози сол талабот ба хариди он зиёд ва пешниҳоди он барои фурӯш кам мешавад. Коҳишёбии қурби пули миллӣ ва баландшавии қурби асъори хориҷӣ, бахусус, қурби доллари ИМА-и нақд асосан зери таъсири ҳамин омил сурат мегирад.

Таъсири омилҳои мавсимӣ
Дар моҳҳoи январ-апрели соли 2018 қурби расмии сомонӣ нисбати доллари ИМА устувор боқӣ монда, ҳамагӣ 0,8 фоиз коҳиш ёфтааст (дар ҳамин давраи соли 2017 коҳишёбӣ ба 7,6 фоиз баробар буд). Айни замон, қурби фурӯши доллари ИМА-и нақд дар бозори ғайрирасмӣ 3,1 фоиз, асосан дар нимаи дуюми моҳи апрел баланд шудааст (дар ҳамин давраи соли 2017 баландшавӣ ба 12,0 фоиз баробар буд). Дар санаи 26.04.с.2018 фарқияти байни қурби расмӣ ва қурби нақдии бозори ғайрирасмӣ ба 3,2 фоиз (дар ҳамин давраи соли 2017 ба 4,6 фоиз) баробар шудааст. Баландшавии қурби доллари ИМА-и нақд ва аз 2 фоиз зиёд шудани фарқияти байни он ва қурби расмии доллари ИМА ва номуътадил гаштани вазъи бозори дохилии асъор дар нимаи дуюми моҳи апрели соли 2018, бинобар сабаби яку якбора паст рафтани қурби рубли русӣ нисбати доллари ИМА дар ин рӯзҳо (то 11,2 фоиз) ва таъсири омилҳои мавсимӣ ба амал омад. Аз эътидол берун паст рафтани қурби рубли русӣ нисбати доллари ИМА ба бадтар шудани вазъи геосиёсии ҷаҳон, бинобар афзудани зиддиятҳои Федератсияи Русия бо мамлакатҳои ғарб ва ҷорӣ гаштани таҳримҳои нав, алоқаманд аст.
Мубодилаи рубли русӣ ба доллари ИМА яке аз манбаъҳои асосии дарёфт кардани асъори хориҷии озод мубодилашаванда маҳсуб гашта, устувор будани қурби он ба ташкилотҳои қарзӣ имконият медод, ки муназзам доллари ИМА-ро бо қурби қобили қабул аз бозорҳои Русия харидорӣ карда, талаботи мизоҷонашонро ба он қонеъ намоянд. Мавҷудияти ҳамин механизм яке аз омилҳои асосии муътадил будани вазъи бозори дохилии асъор ва суботи қурби пули миллӣ дар нимаи дуюми соли 2017 ва семоҳаи якуми соли 2018 ба ҳисоб меравад. Тағйирёбии якбораи қурби рубли русӣ дар чанд рӯзи охир фаъолияти низоми мазкурро ҳалалдор намуда, боиси ба маротиб зиёд гаштани талабот ба доллари ИМА-и ғайринақдӣ аз ҷониби мизоҷони ташкилотҳои қарзӣ - субъектҳои хоҷагидорӣ (аз 16,6 млн. то ба 21,1 млн. доллари ИМА) ва чун натиҷа, ба доллари ИМА-и нақд аз ҷониби соҳибкорони инфиродӣ ва аҳолӣ гашт. Ҳолати мазкур ва инчунин таъсири омили равонӣ, дар навбати худ ба фаъол гаштани бозори ғайрирасмии асъор, баланд шудани қурби фурӯши доллари ИМА-и нақд дар он ва аз 2 фоиз зиёд шудани фарқияти байни қурбҳо сабаб гашт. Тағйирёбии қурби пули миллӣ дар рӯзҳои охир хусусияти бараълои мавсимӣ дошта, ба вазъияти дар моҳи апрели соли 2017 ҷой дошта, шабоҳати зиёде дорад. Фарқият танҳо дар он аст, ки дар соли 2017 коҳишёбии қурби пули миллӣ ва фарқияти аз 2 фоиза зиёди байни онҳо аз аввали сол оғоз гашта, аз коҳишёбии имсолаи моҳи апрел ба маротибаҳо зиёдтар буд.

Ноустувории қурби пули миллӣ муваққатист
Дар соли 2018 БМТ бо дарназардошти устувории вазъи бозори дохилӣ ва мутавозун будани талаботу пешниҳод ба асъори хориҷӣ, бо истифода аз механизми мутамаркази хариду фурӯши рубли русӣ, фаъолияти онро ба танзим медарорад. То санаи 26.04.2018 БМТ аз бозори дохилӣ (байнибонкӣ) 21,7 млрд. рубли русӣ харидорӣ ва дар он 19,9 млрд. рубли русиро фурӯхта, дар бозори беруна амалиётҳои вогардонии (конверсияи) асъори хориҷиро анҷом дода истодааст. Дар баробари ин, БМТ бо мақсади танзими ҳаҷми пули миллии дар муомилотбуда, ҳамарӯза амалиёти барориши (фурӯши) қоғазҳои қиматноки худро анҷом дода истодааст (аз аввали сол ба маблағи 5,3 млрд. сомонӣ). Бо назардошти мусбат будани нишондиҳандаҳои макроиқтисодии ба тағйирёбии қурби пули миллӣ таъсиррасонанда, раванди имрӯзаи ноустувории қурби пули миллӣ қӯтоҳмуҳлат арзёбӣ гардида, бо барқароршудани фаъолияти муназзами механизми мубодилаи рубли русӣ ва оғози дахолатҳои асъории бевосита бо назардошти имкониятҳои мавҷудбуда БМТ (фурӯши доллари ИМА дар бозори байнибонкӣ) бартараф хоҳад шуд.

Шуъбаи матбуот

Матлабҳои дигар