ХАБАРИ ДОҒ

Моҳият ва зарурияти нуқтаҳои нави вазнченкунии “IRS”

  • Ҷумъа, Авг 17 2018



Эътироф бояд кард, ки сарфи назар аз фаъолияти пурмаҳсули Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, бинобар аз ҷониби баъзе ронандагони воситаҳои нақлиёти гаронвазн риоя нашудани талаботи мавҷуда, аз ҷумла, қоидаҳои ҳамлу нақли молу маҳсулот вайроншавии баъзе қитъаҳои роҳи Душанбе-Чанок ба вуҷуд омада истодааст. Вазъият то ҳадде нигаронкунанда аст, ки дар ин масир садҳо километр роҳ осеби ҷиддӣ дида, филиали Ширкат дар ин минтақаҳо таъмири куллии роҳро гузарониду ин раванд муттасил аст. Бо мақсади пешгирӣ намудани ин падидаи номатлуб-аз меъёр зиёд бор гирифтани ронандагони воситаҳои нақлиёти гаронвазн филиали Ширкат тадбирандешӣ дошту дорад. Дар навбати аввал корҳои фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монда шуд, зеро беҳтарин васила баҳри рафъи мушкилот маҳз ҳамин усул аст. Мутаассифона, бо вуҷуди густурда будани корҳои фаҳмондадиҳӣ на ҳама ронандагон муҳимияти масъалаи мавриди назарро дарк намуданд. Бо мақсади тавсеа бахшидани чораандешиҳо ҷиҳати тамдиди муҳлати истифодаи роҳ роҳбарияти филиали Ширкат тасмим гирифт, ки дар наздикии ҳар плазаи толлингӣ чунин нуқтаҳоро мавриди истифода қарор диҳанд.
Иттилоъ медиҳем, ки аз 10 августи соли равон дар километри 39 нуқтаи нави вазнченкунӣ, ки бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз аст, ба фаъолият шурӯъ мекунад. Баҳри татбиқи ин иқдом ҳамкории филиали Ширкат бо ширкати “Tecsidel” беш аз пеш густариш ёфтааст. Гуфтан бамаврид аст, ки ин ширкат таҷрибаи кофии кор дар лоиҳаҳои мавриди назарро дошта, кишварҳои пешрафтаи олам, аз қабили Франсия, Испания, Британияи Кабир, Норвегия, Шветсия, Ирландия, Федератсияи Россия, Бразилия, Чили, Аргентина, ИМА, Ҳиндустон... аз таҷҳизоту хизматрасониҳои он истифода карда истодаанд. Бартариҳои нуқтаи нави вазнченкунии километри 39 зиёд буда, бо мақсади ба вуҷуд наомадани ҷамъшавии шумораи зиёди воситаҳои нақлиёт аз ҳар 2 ҷониби ҳаракат баркашидани воситаҳои нақлиёт ба роҳ монда шудааст. Чунин тарзи кор шароит фароҳам меорад, ки барои муайян намудани вазн ва андозаи воситаҳои нақлиёт дар нуқтаҳои вазнченкунии нав фурсати зиёд сарф нашавад. Илова бар ин, дар нуқтаи нави вазнченкунӣ пардохти ғайринақдӣ ва корпоративӣ имконпазир буда, ин омил аз лиҳози моҳият қобили мулоҳиза ва муҳиму саривақтист. Махсус таъкид менамоем, ки андешаҳо бобати он ки нуқтаҳои мазкур ба хотири ҷамъоварии иловагии маблағ таъсис ёфтаанд, беасос буда, мо ба ҳеҷ ваҷҳ манфиатдор нестем, ки ронандагон аз меъёр зиёд бор гиранд. Зеро хароҷоти мо дар робита ба таъмири роҳ аз маблағе, ки дар нуқтаҳои вазнченкунӣ ҷамъоварӣ мешаванд, ба карат зиёд аст. Моҳиятан таъсиси нуқтаҳои вазнченкунӣ таъсиррасонӣ маҳсуб шуда, ҳадафи роҳбарияти филиали Ширкат ба ин васила аз байн бурдани қонуншиканӣ-бо бори аз меъёр зиёд ҳаракат кардани воситаҳои нақлиёт аст. Ояндаи наздик дар назди дигар плазаҳо-Шаҳристон, Истаравшан ва Чойрух низ чунин нуқтаҳои вазнченкунӣ фаъол мешаванд.
Бояд гуфт, ки иқдоми мазкур ҷиҳати иҷрои «Қоидаҳои аз роҳҳои автомобилгард гузаштани воситаҳои нақлиёт бо вазн ва андозаҳое, ки аз меъёрҳои муқарраршуда зиёданд» амалӣ шуда, риояи муқаррароти қоидаҳои мазкур аз ҷониби моликону истифодабардагони воситаҳои нақлиёт, новобаста аз шакли моликият ҳатмист. Дар ин ҳуҷҷат минҷумла омадааст, ки «андозаҳои максималӣ ва меъёрҳои вазни воситаҳои нақлиёти автомобилӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо дарназардошти талаботи санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ оид ба вазн ва андозаҳои воситаҳои нақлиёт, ки интиқоли байналмилалии борро дар роҳҳои автомобилард анҷом медиҳанд, муқаррар карда мешавад». Аз сӯи дигар, чунин иқдом дар тамоми мамлакатҳои олам роиҷ буда, натиҷаҳои хуб ба бор овардааст. Итминонамон комил аст, ки мусофирону ронандагон моҳияти ин иқдомро дуруст дарк карда, талаботи  ҷоришударо риоя хоҳанд кард.

Маркази матбуоти филиали Ширкати саҳомии “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон


ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter