Принт

Истамбул, Лалели ва брендҳои туркӣ



Бо супориши редаксия зимни сафари хеш ба Туркия, ки аз 22.09 то 1.10 идома дошт, ман 2 рӯзи онро дар Истамбул гузаронида, бо ҳаёти имрӯзаи Истамбулу сокинон, аз ҳама муҳим бозораш аз наздик ошно шудам. Диққати маро бештар бозоре ба худ ҷалб намуд, ки тоҷирони Тоҷик аз он ҳар гуна молу маҳсулот харида, сипас барои фурӯш ба Тоҷикистон меоранд. Агар 1 рӯзам барои сайру сайёҳат дар мавзеъҳои таърихии ин шаҳр гузашта бошад, рӯзи дигарашро пурра ба омӯзиши бозори яклухтфурӯшии он бахшидам.

Истамбули Осиё ва Аврупо
Истамбул-шаҳри лаби гузаргоҳи Босфор-калонтарин маркази фарҳангиву тиҷоратӣ ва сайёҳии кишвари Туркия буда, қитъаи Осиё ва Аврупоро аз ҳам ҷудо мекунад. 1 қисмати Истамбул дар қитъаи осиёӣ ва қисмати дигари он дар қитъаи аврупоӣ ҷойгир буда, ҳар 2 қисматро пулу нақбҳои зеризаминии бешумор пайваст мекунанд. Бо ин хусусияти ҷуғрофии хеш Истамбул калонтарин шаҳри ҳам Аврупо ва ҳам Осиё ба шумор рафта, шояд ин аст, ки туркҳо дар кишварҳои дигар худро аврупоӣ меҳисобанд.



Шоҳ Сулаймон ва давраи тиллоии империяи Усмонӣ
Дар тӯли таърих ин шаҳр, ки римиҳо ба он номи Константинополи бузургро дода буданд, борҳо мавриди ҳуҷуми қушунҳои шоҳони гуногун қарор гирифта, пас аз он, ки ин шаҳрро империяи усмонӣ ба даст овард, тамоми масҷидҳои православӣ ба масҷидҳои мусалмонӣ табдил дода шуда, туркҳо ба шаҳр номи Истамбулро гузошта, онро пойтахти салтанати хеш эълон карданд. Туркҳо мегӯянд, замони ҳукмронии шоҳ Сулаймони мӯҳташам-ӯ чунин лақаб дошт, давраи тиллоии кишвар буда, аксарияти ёдгориҳои фарҳангиву таърихӣ маҳз дар давраи ӯ бунёд ёфтаанд. Мисоли ин метавонад масҷиди Сулаймония бошад, ки то ба имрӯз шукуҳу шаҳомати хешро гум накардааст.

Масҷиди Кабуд ва манораҳои он
Дар баробари ин масҷиди Кабудро низ ёдгории беназири меъморӣ меҳисобанд-онро шоҳ Султон Аҳмади 1, яке аз аберагони шоҳ Сулаймон бунёд кардааст. Масҷиди Кабуд низ 1 хусусияти хос дорад-он аз 6 манора иборат аст. Мегӯянд, дар он асрҳо сохтани беш аз 4 манора дар масҷидҳо мумкин набуд, лек меъмори ин масҷид хоҳиши шоҳ Аҳмадро нодуруст фаҳмида, 6 манора месозад. Он замон танҳо масҷиди Ал-Ҳарами Макка 6 манора дошту халос. Ба хотири барнахостани низоъ дар байни мусалмонон шоҳ Аҳмад дастур медиҳад, ки дар масҷиди Ал-Ҳарам боз 1 манораи дигар сохта, теъдоди манораҳоро ба 7 адад бирасонанд. Бо ҳамин нофаҳмӣ байни туркҳову арабҳо ба охир мерасад.



Лалели-маркази савдо барои кишварҳои собиқ шӯравӣ
Минтақаи Лалели, ки макони тиҷорат ва харид барои туҷҷору савдогарони кишварҳои собиқ шӯравии Истамбул аст. Агар 20 сол қабл ба ин маҳалли Лалели, ки дар қисмати Истамбули кӯҳна ҷойгир аст, танҳо туркони камбизоат меомаданд, имрӯз он пурра ба ихтиёри савдогарону харидорони русу ӯзбек, қирғизу қазоқ, доғистониву молдован, тотору бошқирд вогузор карда шудааст. Яъне, соҳиби мағоза турк ҳам бошад, кормандонаш ҳатман аз кишварҳои ИДМ мебошанд. Ман низ аз соати 10-рӯз ба кӯча баромада, то соати 18-и бегоҳ тамоми кӯчаву паскӯчаҳои Лалелиро гашта, ҳатто дар баъзе аз дӯконҳо ҳамшаҳриҳои худро дидам, ки мол мехариданд. Аҷибаш он буд, ки дар Лалели 99%-и мағозаҳо савдои хешро яклухт ба роҳ монда, ба нафарони мисли ман-тамошобин намегузоштанд, ки ҳатто вориди дӯкон шавам. «Оптом или в розницу?»-дар дами дар мепурсиданд духтарони рус ё қазоқу қирғиз, агар гӯям, ки барои тамошо медароям, «Нет, нельзя!»-гуфта меронданам.
Дар Лалели тамоми маҳсулотро бояд яклухт бихарӣ ва камтарин теъдоди он 4 адад аз ин ё он намуди мол аст. Дар ҳар кӯчаи Лалели ҳатман 1 маркази боркашонист, ки барои тоҷир корро осон мекунад-шумо интихоб мекунед, мағозадор онро ба меҳмонхона ё ҷои лозимӣ бурда, ширкати дигари боркашон онро аз шумо гирифта ба анбори худ мебарад. Он бор дар навбати худ бо мошинҳои гаронвазн пас аз 1-2 ҳафта ба Тоҷикистон расида меояд. Осон ва бидуни заҳмати зиёд! Вале бо вуҷуди он, ки 1 рӯзамро сарф кардам, натавонистам аз Лалели чизе бихарам: Надоданд!!!

Сифату кайфият ҳам гум шудааст
Занҳои турк мегӯянд, сифату кайфияти молҳои дар мағозаҳои Лалели ба фурӯш гузошта шуда, кайҳо гум шуда, ҳоло маҳсулоти пастсифат ва ё дуюмдараҷаи корхонаҳои истеҳсолии Туркия дар ин мағозаҳо ба фурӯш гузошта мешавад. Маҳсулоти хушсифати туркӣ, хосса сарулибоси кӯдакона, мардонаву занона, пойафзол ва маҳсулоти нассоҷӣ, ки истеҳсоли ширкатҳои машҳури туркиянд, танҳо дар фурӯшгоҳҳои калон фурӯхта шуда, ба Аврупо низ содир мешаванд. Барои мағозаҳои Лалели бошад, имрӯз корхонаҳои миёнаи дӯзандагӣ ва истеҳсолии дохилӣ кор карда, маҳсулоти истеҳсолшуда дар фабрикаҳои шаҳрҳои дуюмдараҷаи Туркия омода мешаванд. Маҳсулоти нассоҷии ҳақиқӣ ва аълосифати туркӣ дар ҷаҳон ҷои 4-ро ишғол карда, дар кишварҳои Ғарб харидори бештар дорад ва нархаш низ гаронтар.
Хуб, маълум аст, ки тоҷирони Тоҷик саъй мекунанд молро арзонтар бихаранд. Ин дар ҳолест, ки асъори хориҷӣ, ба мисли доллари амрикоӣ ҳоло камёфт буда, қурбаш боло рафтааст. Харидуфурӯши тоҷирон дар Туркия бо доллари амрикоӣ анҷом ёфта, савдогарон бар илова ба нархи аслии бор боз аз 30 то 50%-и маблағро зам мекунанд-хароҷоти бор то расидан ба Душанбе.

Брендҳои туркӣ моро фиреб медиҳанд!
Тавре дар боло қайд кардам аз Лалели натавонистам чизе барои наздикону пайвандон тӯҳфа бихарам ва бо тавсия дӯсти тоҷикам Фарзона, ки дар Истамбул коромӯзӣ мекунад, ба маркази савдои «Форум Истамбул» рафтам. Он аз меҳмонхонаи мо он қадар буд. Дар ин маркази савдо тамоми ширкатҳои брендӣ мағозаҳои хешро доштанд. Таваҷҷӯҳи маро бештар мағозаҳои «LC Waikiki», «De Facto» ва «Koton» ба худ ҷалб карданд, зеро новобаста аз он, ки яке аз ин брендҳо дар Душанбе низ мағозаҳои худро дошт, номгӯи мол ва интихоби васеи он маро дар ҳайрат гузошт. Беҳтарин либосҳоро барои кӯдакон ман маҳз аз ҳамин мағоза харидам, нархаш низ аз мағозаҳои брендии Душанбе ба маротиб арзонтар. Баъдан фаҳмидам, ки моли аз фурӯш монда ва камхаридорро ҷамъ намуда, дар 2-3 моҳ 1 маротиба ба мағозаҳо-филиалҳои дар кишварҳои ИДМ фаъолият дошта, аз ҷумла, Тоҷикистон мефиристанд…ва мо моли нав омад гуфта, онро дар Душанбе бо нархи гарон мехарем! Ин буд чанд мушоҳида аз сафари Туркия, ки бароятон гуфтам. То сафарҳои баъдӣ. Мо метавонем!

Ҷамила Ҳусейнова, СССР
Душанбе-Истамбул-Душанбе

Матлабҳои дигар