Принт

Ҷалби бонувон ба низоми бонкӣ


Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади татбиқи иқдомҳои cозандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни суханронӣ дар Форуми байналмилалии соҳибкории Душанбе-2018 таҳти унвони «Рушди соҳибкориву сармоягузорӣ ва равандҳои муосири иқтисодӣ» (15.10.2018) оид ба ҷалби бештари бонувон ба муассисаҳои низоми бонкӣ, хосса, ба вазифаҳои масъулияти моддидошта як қатор тадбирҳоро ба роҳ мондааст. Боиси тазаккур аст, ки дар Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии ҶТ (аз 22.12.2016) бо дарназардошти хизматҳои арзандаи занону духтарон дар таъмин ва ҳифзи манфиатҳои ҷомеаи демократию ҳуқуқбунёд пешниҳод карданд, ки ҷалби занону духтарон ба кор дар муассисаҳои низоми бонкӣ, хадамоти алоқа, шуғл ва дигар бахшҳои хизматрасонӣ бештар гардонида шавад, то ки дар ин сохторҳо низому тартиботи кор боз ҳам тақвият ёбад. Мақсади пешниҳод ба хотири он буд, ки дар оянда аз нерӯи созандаи бонувону духтарон боз ҳам бештар истифода бурда, ба амалӣ гардидани ташаббусҳои онҳо мусоидат намоем. Зеро дар мавриди сиёсати гендерӣ Ҳукумат ҳамеша ҷонибдори ибтикороти занону духтарон аст ва онҳоро ҳамаҷониба дастгирӣ мекунад. Ҳоло дар кишвари мо имконият фароҳам оварда шудааст, ки занон дар ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷомеа баробари мардон ширкати бевосита ва фаъол дошта бошанд, аз ҷумла  дар низоми бонкии кишвар барои рушду нумӯи бонувон мутахассисон диққати ҷиддӣ дода мешавад. Махсусан дар ҷавоб ба дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат шумораи занон дар низоми бонкӣ меафзояд ва ба ҳолати 1.10.2018 шумораи умумии кормандон аз ҳисоби бонувон дар низоми бонкии мамлакат 5232 нафарро бонувон ташкил медиҳанд. Ба ибораи дигар, вазни қиёсии бонувон дар ҳайати умумии кормандони бахши бонкӣ дар интиҳои семоҳаи сеюми с.2018 32,3%-ро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи с.2017 тамоиюли афзоиш дорад (0,4%).
Дар баробари ин, бо ҳамовозӣ ба дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат дар масъалаи дастгирии занону духтарон метавон гуфт, ки дар БМТ занон аз корманди оддӣ, то ба вазифаҳои пурмасъули Муовини Раис, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, ҳайати хизматрасон мақому мартаба доранд, ки аз фаъолияти самараноки онҳо дар низоми бонкии мамлакат гувоҳӣ медиҳад. Агар амиқтар ба таркиби ҳайати кормандон назар андозем, мебинем, ки ба санаи 1.11.2018 занон аз ҳисоби умумии кормандон дар низоми БМТ 247 нафар ё 30%-ро ташкил медиҳанд. Аз ин шумора 36 нафар (25%) дар вазифаҳои  роҳбарикунанда кору фаъолият карда, 4 нафар дорои унвони илмӣ - номзади илм ва 1 нафар доктори илм (PhD) мебошанд. Дар баробари ин, бо мақсади иҷрои супориши Протоколии маҷлиси Ҳукумати ҶТ №6 аз 29.04.2016 доир ба ҷобаҷогузории кадрҳои болаёқат, поквиҷдон, масъулиятшинос, пеш аз ҳама аз ҳисоби занҳо ба вазифаи сармуҳосиб, хазинадор ва дигар вазифаҳои дорои масъулияти моддидошта бояд тазаккур дод, ки дар БМТ Шуъбаи хизматрасонии хазинавӣ чунин хусусияти корӣ дошта, бевосита ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ хизмат мерасонад. Бо мақсади татбиқи дастури мазкур, як нафар зан ба вазифаи сардори Шуъбаи хизматрасонии хазинавӣ таъин шуда, ҳайати умумии кормандони шуъбаи мазкур аз ҳисоби бонувон (4 нафар) таъин гардиданд, инчунин ба вазифаҳои масъули ҳисобдорӣ ва хоҷагидорӣ чанд нафари дигар аз ҳисоби бонувон ҷалб карда шуданд, ки пурсамар фаъолият карда истодаанд. Дар баробари ин, БМТ ба масъалаи бо кор таъмин намудани занҳо дар ташкилотҳои қарзӣ, махсусан дар марказҳои хизматрасонии бонкӣ пайваста таваҷҷуҳ зоҳир мекунад.

Қадрдонии бонувон аз ҷониби роҳбарият
Айёми соҳибистиқлолии Тоҷикистон ва рӯзгори пурфайзи давлатдории миллӣ ба зиммаи занону духтарон масъулияти боз ҳам бештар вогузор мекунад. Яъне, зарур аст, ки занону духтарон дар баробари ободонии мамлакат ва таъмини дастовардҳои сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии он бо кору амали шоиста ва ахлоқи ҳамидаи худ дар амри боло бурдани сатҳи маънавии аҳли ҷомеа саҳмгузор бошанд. Аз ин рӯ, Роҳбарияти БМТ ҳамеша  фаъолияти пурсамари кормандон, аз ҷумла бонувонро мавриди таваҷҷуҳ қарор дода, мунтазам дар ҷашну идҳо меҳнати онҳоро қадрдонӣ мекунад. Аз ҷумла, бахшида ба 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии ҶТ 39 нафар кормандони БМТ барои хизмати шоиста ва саҳми арзанда дар фаъолияти низоми бонкӣ бо Ифтихорномаҳои БМТ сарфароз шуданд, ки аз онҳо 19 нафарашон занҳо мебошанд. Анъанаи мазкур дар БМТ доимӣ сурат мегирад. Дар баробари ин, бояд қайд кард, ки барои фаъолияти пурсамар  ва бовиҷдонона, собиқаи бардавоми корӣ, саҳми арзанда дар рушди инкишофи низоми бонкӣ тайи солҳои охир 7 нафар бонувон бо нишони сарисинагии “Аълочии Бонки миллии Тоҷикистон” сарфароз шудаанд.

Фарҳангу арзишҳои миллӣ –либоси ягона
Бо мақсади фаъол намудани нақши бонувон дар соҳаи бонкӣ, пешбурди корҳои таблиғотӣ оид ба ривоҷ додани фарҳангу арзишҳои миллӣ аз ҷумла тарзи пӯшидани либос дар ҷои кор, одоби муошират ва ғайра Шӯрои бонувони БМТ фаъолият дорад. Бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи либоси ягона, Комиссия ташкил ва таҳияи либоси ягона барои бонувони БМТ таъсис дода шуд. Бо фармони Раиси БМТ Ҷамшед Нурмаҳмадзода аз 1.09.2018 барои бонувони БМТ либоси ягона ҷорӣ карда шуд. Дар ҳайати Комиссияи махсус роҳбарони воҳидҳои сохторӣ ва мутахассисон шомил буда, роҳбарии он ба дӯши муовини Раис вогузор шуд. Дар баробари ин, роҳбарияти БМТ барои баланд бардоштани сатҳи тахассусии кормандон аз ҳисоби занон, таълим ва такмили ихтисоси онҳо дар семинару курсҳое, ки дар дохил ва хориҷи кишвар баргузор мегарданд, таваҷҷуҳи хос зоҳир карда мешавад. Бо ин мақсад ҳар сол барномаи мақсадноки таълим ва такмили ихтисоси кормандон таҳия ва амалӣ карда мешавад. Ҳамзамон барои баланд бардоштани сатхи тахассусии кадрҳо аз ҳисоби занон дар 10 моҳи с.2018  66 нафар занҳо-мутахассисони БМТ ба таълим ва такмили ихтисос фаро гирифта шудаанд. Аз ин шумора 23 нафар мутахассис дар хориҷи кишар ва 43 нафар мутахассис дар курсҳои назди БМТ ширкат карданд.

Дастгирии бонувони соҳибкор
Мо, имрӯз ифтихор аз он дорем, ки дар кишварамон занон дар баробари мардон дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ба фаъолияти пурсамар машғуланд ва барои таҳкими дастовардҳои Истиқлолият ва бунёди давлатдории миллӣ саҳми сазовор мегузоранд. Бонувони БМТ дар баробари бонувони вазорату идораҳои дигар дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар фаъолона ширкат варзида, дар бисёр чорабиниҳои ҳукуматӣ фаъолона ширкат меварзанд. Ин нукта ҳам шоистаи зикр аст, ки бо дастгирии Роҳбарияти БМТ дар ҳамкорӣ бо Ассотсиатсияи миллии занони соҳибкори “Кадбону” дар БМТ дар мавзӯи “Нақши бонкҳо дар беҳтар намудани маблағгузории соҳибкории занон” бо иштироки бештар аз 70 бонувони соҳибкор чорабинии сатҳи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд. Мақсад аз ҷамъ овардани бонувони соҳибкор дар як мизи гирд дар рӯ ба рӯи ташкилотҳои қарзӣ аз он иборат буд, ки занони соҳибкор масоили маблағгузориро ба соҳибкории хурду миёна бо намояндагони ташкилотҳои қарзӣ баррасӣ намоянд ва ҳамкориро дар оянда боз ҳам таҳким бахшанд.
Бояд гуфт, соҳибкорӣ дар кишвар яке аз омилҳои мусоидаткунанда ба вусъатёбии бахши воқеии иқтисодиёт, таҳкими иқтидори содиротии кишвар, паст намудани сатҳи бекорӣ ва баланд бардоштани некӯаҳволии мардум ба ҳисоб меравад. Қарздиҳии хурд дар кишвар яке аз самтҳои асосии дастгирии соҳибкории хурду миёна ва паст намудани сатҳи камбизоатӣ ба шумор меравад, ки баҳри инкишоф додани он низоми бонкии кишвар тамоми имкониятҳои мавҷудаи худро равона месозад. Қарзҳои хурди додашуда дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ 3 488,6 млн. сомониро ташкил медиҳад. Аз ин ҳисоб, ҳиссаи қарзҳои хурди додашуда ба занони соҳибкори кишвар бошад 20,3% рост омада, маблағи 707,0 млн. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 64,3 млн. сомонӣ зиёд аст. Афзоиши қарзҳои хурди додашуда ба занони соҳибкор асосан ба вилояти Суғд 428,4 млн, ш.Душанбе 229,4 млн. сомонӣ, вилояти Хатлон 21,2 млн. сомонӣ, Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон 12,3 млн. сомонӣ, ноҳияҳои тобеи Ҷумҳурӣ 13,5 млн. сомонӣ ва водии Рашт 2,3 млн. сомонӣ рост меояд. БМТ баҳри таъмини рушди босуботи соҳаи соҳибкории иқтисодиёти кишвар дар доираи салоҳияти худ тамоми имкониятҳои мавҷударо истифода бурда истодааст.

Таъмини волоияти қонунгузорӣ
Бо иқдоми Роҳбарияти БМТ дар БМТ ба таври мунтазам мулоқоту вохӯриҳо бо бонувон дар мавзӯъҳои муҳими рӯз бо намояндагони Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҶТ, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати ҶТ баргузор карда мешавад. Аз ҷумла, ҳангоми баррасии Қонуни ҶТ «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни ҶТ “Дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд” бобати саҳми занону модарон дар таълиму тарбияи фарзандон, аз ҷумла, роҳ надодан ба тақлидкории бонувон ба фарҳангу либоспӯшиҳои бегона ва пешгирии майли ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи муносибати хубу ҳамдигарфаҳмӣ, ватандӯстӣ ва зоҳир намудани ғамхорӣ нисбати аъзоёни оила таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад.

Саҳмгузории бонувон барои оянда
Имрӯз Ҳукумати ҶТ бо дастуру ҳидоятҳои хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масъалаи таҳкими мақом ва таъмини ҳуқуқи конститутсионии занон пайваста тадбирҳои зарурӣ меандешад ва ин тадбирҳо зина ба зина мутобиқ ба меъёрҳои ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ амалӣ мегарданд. Бояд гуфт, ки саҳми занону духтарон дар фаъолияти бонкдории мамлакат имрӯз шоиста арзёбӣ мешавад. Меҳнати софдилонаи занону духтарони мо дар БМТ ҳамеша дар мадди назари роҳбарият қарор дорад ва дастовардҳои назарраси онҳо қадршиносӣ карда мешавад. Умедворем, занони мо минбаъд низ дар баробари тарбияи фарзанд, тарғиби одобу ахлоқ, арзишҳо ва дигар муқаддасоти миллӣ, ҳамчунин дар пешбурди низоми бонкдории мамлакат, боло рафтани эътимоду боварии мардуми кишвар ба низоми бонкӣ ва муътадил нигоҳ доштани қурби пули миллӣ ва эҳтирому арзишҳои миллӣ бештар саҳм хоҳанд гузошт.

М.Ҳасанова,
cардори Шуъбаи матбуоти БМТ

Матлабҳои дигар