Принт

Боварии моро баргардонед!


Салом, СССР! Хизматрасонии бонкӣ дар давлати Шӯравӣ ба дараҷаи хуб ба роҳ монда шуда буд ва танҳо дар солҳои охири мавҷудияташ ба бетартибиҳо роҳ доданд. Аммо аз вақте ки соҳибистиқлол шудем, бонкҳои мо то ҳол мардумро фиреб медиҳанд ва аҷобати кор дар он аст, ки бонкдорон доимо хомӯшанд. Мардуме, ки пулҳои худро барои рӯзи мабодо ба чанд бонки муфлисшуда, аз ҷумла, Агроинвестбонк, гузошта буданд, дар муддати 6-7 соле, ки гирифта наметавонанд, медонед чӣ қадар он пулҳо беқурб шудаанд? Аллакай шумо-бонкирҳои «муҳтарам» 50-60% пули мардумро ба боди фано додед ва ҳамон 40-50 %-и боқимондаро ҳам ба назарам доданӣ нестед! Мизоҷон ҳар қадар, ки ба дари бонк биёянд, фақат 1 ҷавоб мешунаванд: «Пул нест, равед аз ин ҷо!» Гӯё талбандае назди банкир рафта бошад. Аммо дар ҳолате, ки агар ягон шахс аз бонк қарз гирад, дар он сурат пули бонк ҳар моҳ ҳатман фоиз кор мекунад ва хона ё мошини ба гарав гузошташуда бе мушкил ситонида мешавад. Ҳамон замон милиса, суд дар хизмати бонк тайёранд ва дидаем ҳолатҳоеро, ки қарздор бо аҳли оила дар кӯча мондааст.
Агар қонун чунин аст, пас чаро ин бонкҳо муфлис шуморида шуда, дороияш (с молотка!) ба фурӯш рафта, пули мардум бо фоизаш баргардонида намешавад? Бояд комиссияи ликвидатсионӣ созмон дода шавад ва дар он ҳайат ҳатман аз мардуми ҷабрдида 3-4 нафар шомил бошанд. Ақаллан 1 бор ҳақро ба ҳақдор бирасонед, давлатмардони муҳтарам. Ҳоло мардум ба бонкҳои кишвар бовар надоранд! Охир, бонк барои халқ аст, боварии халқро баргардонед. Бонк муфлис мешавад, вале хонаи халқ месӯзад, бонкир ягон зарар намебинад, чунки бонку мошинҳояш истодаанд, хонаҳояш дар ҷояш, ресторан, бозор, мағозаҳояш побарҷоянд. Аҷоиб муфлисшавие! Ба чунин муфлисшавӣ шумо чӣ мегӯед?

Зиёҷон Хошматов,
деҳаи Шайнаки Муллогадо, н.Рӯдакӣ

Матлабҳои дигар