ХАБАРИ ДОҒ

 

 

Тоҷикистони азиз тавонист дар арсаи байнулмилал чеҳраи асили худро бо ҳама шукӯҳу шаҳомату зебоиву барноиву гулбасарӣ нишон диҳад. Ба таҳқиқ, баъди Лоиҳаи Роғун, САММИТи 27 сарвари давлатҳои олам дар Душанбе, аз бузургтарин пружаҳое буд, ки таҳти раҳбарии бевоситаи Эмомалӣ Раҳмон ҷомаи амал пӯшид ва кишвари моро ба ҷаҳониён муаррифӣ кард. Касе ин пешрафтро надид, кӯри модарзод ҳам не, ки кӯр дар 2 дунёст. Мо Метавонем!  

Барои иштирок дар кори ҳамоиши мазкур сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои узв, аз қабили Озарбойҷон, Афғонистон, Баҳрайн, Бангладеш, Ветнам, Миср, Исроил, Ҳиндустон, Урдун, Ироқ, Эрон, Қазоқистон, Қатар, Камбоҷа, Чин, Корея, Қирғизистон, Муғулистон, Аморатҳои Муттаҳидаи Арабӣ, Покистон, Фаластин, Русия, Таиланд, Туркия, Ӯзбекистон, Шри-Ланка ва кишварҳои нозир, аз ҷумла, Индонезия, Филиппин, Малайзия, Украина, Америка, Япония, ташкилотҳои байналмилалии нозир, аз ҷумла, Созмони Милали Муттаҳид (СММ), Созмони байналмилалии муҳоҷират, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА), Анҷумани парламентии кишварҳои туркзабон, созмони шарик-Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) ва меҳмони ҳамоиш-Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Тоҷикистон ба ҳам омаданд.

Барои нахустин бор, Раҷаб Тайиб Эрдуғон-президенти маъруфу машҳури Туркия бо хонумаш Эмине Эрдуғон ба Душанбе омад. Бону аллакай изҳор дошт, ки дар Тоҷикистон аз проектҳои хайрия ва ҳамкорӣ дар ин самт кор хоҳад гирифт-ӯ дар шаҳраки «Шифобахш» 1 Маркази тавонбахшии маъюбонро ифтитоҳ кард. Ҳасан Рӯҳонӣ, президенти Ҷумҳурии исломии Эрон низ пас аз сардиҳо дар муносиботи 2 кишвар ба Тоҷикистон омада, дар оғози мулоқоти вежа бо эшон Эмомалӣ Раҳмон, Президенти ҶТ гуфт: «Ба хонаи дуюми худ хуш омадед!»

МҲТБО чист?

Тайи чанд рӯзи ахир ҷамоаи Тоҷикистон маҳз сари ҳамин аббревиатура баҳсу мунозира дошт. Зимнан, хабарнигорони СССР тасмим гирифтанд, хонандаро бо ин созмони бонуфузи Осиё, ба таври мӯъҷаз ошно сохта, дар бораи муҳимтарин нуктаҳои суханронии сарони давлатҳои узви МҲТБО дар ҷаласаи мазкур низ бигӯянд. Мо Метавонем!

Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) анҷуманест, ки ҳадафаш таҳкими ҳамкорӣ, ҳифзи суботу низом дар қораи Осиё аст. Онро метавон шевае аз Иттиҳоди Аврупо ва ё мини-СММ (ООН) дар ин қора номид. МҲТБО беш аз 4 млрд сокини ин қораро дар бар гирифта, яке аз пурнуфузтарин анҷуманҳои олам маҳсуб меравад. Фарзи мисол, Иттиҳоди Аврупо бо ҳама бузургияш 510 млн аҳолӣ дорад. Яъне, дар сурати ҳамкорӣ ва рушди тиҷорат МҲТБО яке аз бузургтарин Иттифоқ дар ҷаҳон хоҳад шуд.

Идеяи бунёди ин созмон ба Нурсултан Абишевич Назарбоев-президенти собиқи Қазоқистон дахл дорад. Маҳз ӯ октябри с.1992 ғояи бунёди МҲТБО-ро пешбарӣ кард. Он даврон аксарият бо шубҳа ба ин идея нигаристанд. Аммо дар маҳдудаи ҳамагӣ 27 сол ба ин созмон 21 давлат ворид шуда, 9 кишвари дигар ба ҳайси нозир фаолият дораду 4 созмони бонуфузи олам онро назорат мебаранд. Ситоди МҲТБО дар Нур-Султон (собиқ Остона)-пойтахти Қазоқистон ҷойгир буда, раҳбарияти Олияш САММИТ-и кишварҳои узв аст, ки дар 4 сол 1 бор ба ҳам омада, қарору қонуну дастур қабул мекунанд. Форум ё худ маҷлиси машваратии баъди САММИТ ин ҳамоиши Вазирони хориҷии аъзои МҲТБО аст, ки низ дар 4 сол 1 бор, вале 2 сол баъди дидори сарварони кишварҳои узви ин созмон ба вуқуъ мепайвандад. Раҳбарии МҲТБО ҳар 4 сол бар дӯши 1 давлати созмондиҳандаи МҲТБО вогузор мешавад. Ҳоло Тоҷикистон дар раъси ин созмон қарор дорад. 

Аъзои МҲТБО: Озарбойҷон, Афғонистон, Баҳрайн, Ветнам, Миср, Ҳинд, Ироқ, Ирон, Изроил, Қазоқистон, Камбоҷа, Хитой, Қирғизистон, Муғулистон, Покистон, Фаластин, Русия, Тоҷикистон, Тайланд, Туркия ва Ӯзбекистон.

Давлатҳои нозир: Бангладеш, Белоруссия, Индонезия, Ливан, Малайзия, ИМА, Украина, Филиппин ва Япония.

Ҳамкорони стротегӣ: СММ, Созмони амният ва ҳамкории Аврупо (САҲА-ОБСЕ), Лигаи давлатҳои араб (ЛДГ) ва Маҷмааи парлумонии давлатҳои туркзабон.

 

Эмомалӣ Раҳмон: «Хатару таҳдидҳо андешидани тадбирҳои муштаракро тақозо менамоянд!»

Эмомалӣ Раҳмон, Президенти ҶТ зимни суханронии хеш дар ифтитоҳи ҷаласаи Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё, ки дар ш.Душанбе сурат гирифт, аз таҳдидҳои рӯ ба рӯ дар минтақа гуфт:

-Аз замони Саммити охир дар минтақаи МҲТБО таҳаввулоти назаррасе ба вуқӯъ пайвастаанд. Зуҳуроти афзоишёбандаи терроризму ифротгароӣ, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддира ва ҷиноятҳои киберӣ ҳамоно ба амнияти минтақавӣ ва байналмилалӣ хатар ба бор меоранд. Мубориза бо ин таҳдидҳо аз ҳамаи давлатҳои аъзои Машварат андешидани тадбирҳои муштараки таъхирнопазирро тақозо менамояд!

 

Обшавии босуръати пиряхҳо-хатари минтақа

Тоҷикистон, ки 93% қаламрави онро кӯҳҳо ташкил медиҳанд, бо назардошти хусусиятҳои ҷуғрофии худ, рӯ ба рӯи оқибатҳои харобиовари офатҳои табиӣ, ки ҳар сол боиси зарари калони моддӣ ва талафоти ҷонӣ мегарданд, осебпазир аст. Дар кишвари мо тайи 40 соли охир зиёда аз 1000 пирях нобуд шудааст, ки ин дар навбати худ, ба бахшҳои калидии иқтисоди миллӣ-гидроэнергетика, кишоварзӣ ва саноат таъсири манфӣ мерасонад. Идомаи раванди обшавии босуръати пиряхҳо ба ҳаҷми захираҳои обии Осиёи Марказӣ, ки зиёда аз 60% дар қаламрави Тоҷикистон ташаккул меёбад, таъсири манфӣ мерасонад. 

-Офатҳои табиӣ ҳамасола ба иқтисодиёти кишварҳои мо хисороти бузург мерасонанд. Дар ин робита, мо пешниҳод менамоем, ки василаҳои самарабахши расонидани кӯмаки ҳамаҷониба ба кишварҳое, ки аз офатҳои табиӣ зарар мебинанд, таҳия гарданд. Ба ҳама маълум аст, ки дар Осиёи Марказӣ захираҳои обӣ ҷузъи муҳими рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва беҳбудии экологии минтақа ба ҳисоб мераванд. Дар ин робита, расидан ба ҳадафҳои рушди устувор дар минтақа танҳо тавассути истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ, кам кардани талафот ва сарфаи онҳо барои наслҳои оянда имконпазир аст, -афзуд Э.Раҳмон дар суханронии хеш.

 

Путин: «Аз муҳорибаи бидуни қоида» даст кашем!

Владимир Путин, президенти Федератсияи Россия зимни суханронии дар «Кохи Наврӯз» аз сарони кишварҳои узви МҲТБО даъват ба амал овард, ки барои барқарор кардани адолат дар иқтисоди ҷаҳонӣ аз «муҳорибаи бидуни қоида» бояд даст кашанд. Ӯ афзуд, мутаассифона, дар ҷаҳони имрӯза ҷангҳои ҳақиқии тиҷоратӣ аланга гирифта, рақибони бозор бо роҳҳои ғайриқонунӣ ва ғайрибозорӣ аз байн бурда мешаванд. 

«-Ин раванд ба «муҳорибаҳои бидуни қоида (Бой без правил)» шабоҳат дорад ва мо дар якҷоягӣ бояд роҳҳои баромад аз ин бунбастро пайдо намоем», гуфт Путин.

 

Руҳонӣ: «Ховари миёнаро минтақаи мушкилзо кардаанд!»

Ҳасан Руҳонӣ, президенти ҶИЭ зимни суханронии хеш дар ҷаласаи МҲТБО таъкид намуд, ки Ховари Миёна имрӯз бо дахли баъзе аз кишварҳои ҷаҳон ба 1 минтақаи бӯҳронзада ва мушкилзо табдил ёфтааст: 

«-Дахолати хориҷии баъзе аз қудратҳо ба кори дохилии Ховари Миёна, сиёсатҳои якҷониба ва духӯра, терроризм ва экстремизм, аз даст додани эътимод дар мавзуъҳое, ки ба амнияти байналмилалӣ, аз ҷумла, МҲТБО дахолат доранд, минтақаи моро ба яке аз минтақаҳои бӯҳронӣ ва ноамн дар ҷаҳон табдил додааст», - таъкид намуд Руҳонӣ.

 

Зодрӯзи Сӣ Ҷинпин ва «морожники Путин»

Путин 15.06.2019 ба Сӣ Ҷинпин-президенти Чин бахшида ба рӯзи таваллудаш 1 сандуқ яхмоси русии навъи пломбир, кулчақанди калон ва 1 гулдон тӯҳфа намуд. Хотиррас мешавем, ки Сӣ Ҷинпин 15 июн ба синни 66 расид. Чуноне, ки Дмитрий Песков, сухангӯи В.Путин субҳи ҳамон рӯз ба намояндагони ВАО хабар дод, пеш аз оғози ҷаласаи Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё Путин ба қароргоҳи Сӣ Ҷинпин дар Душанбе рафта, ӯро табрик намуд ва сипас мулоқоти хоса анҷом дода, роҷеъ ба муносибатҳои 2 кишвар табодули афкор кард.

 

Шоми дӯстӣ дар Варзоб

Бояд гуфт, ки 14.06.2019 дар бӯстонсарои беруназшаҳрӣ Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори сарони давлатҳо ва ҳайатҳои иштирокчии Ҳамоиши 5-уми МҲТБО дар мавзеи Варзоб «Шоми Дӯстӣ» баргузор кард. Э.Раҳмон меҳмононро бо намунаи беҳтарини ҳунарҳои мардумӣ, маҳсули эъҷози устоҳои чирадаст, тарҳи хонаҳои миллӣ, кандакорӣ, нону кулчаҳои ширмол, анвои мухталифи маҳсулоти қаннодӣ ва таъомҳои гуногуни кадбонуҳои пурҳунар шинос намуд. Инчунин, дар намоишгоҳ даҳҳо навъи меваҳои тару тозаи Тоҷикистон, анвоъи гуногуни полезиҳо, амвоъи аз лиҳозу таъму сифат беҳамто ба маъраз гузошта шуда, меҳмонони олиқадр ба ҳар 1 маҳсулоти намоиш ва намудҳои гуногуни таомҳои миллии мо таваҷҷуҳи зиёд зоҳир карданд.

Сарони давлатҳо ва ҳайатҳои иштирокчии Ҳамоиши 5-уми МҲТБО президенти ФР В.Путин, президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қ.Токаев, президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ш.Мирзиёев, раиси Иҷроияи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Абдуллоҳ Абдуллоҳ, президенти Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри-Ланка Майтрипала Сирисена, президенти Ҷумҳурии Халқии Бангладеш Муҳаммад Абдул Ҳамид, Сарвазири Шоҳигарии Камбоҷа Хун Сен аз меҳмоннавозии гарми анъанавии тоҷикӣ қаноатманд шуданд.

Ва аммо расонаҳои тамоми оламро шӯхиҳои Эмомалӣ Раҳмон бо Путин В.В. дар ин шом ва зимнан бо ханда ҳамдигарро ба оғӯш кашидани президентони 2 кишвар ба ваҷд овард. Ҳоло аксарияти хабаргузориҳо танҳо ҳадс мезананд, ки «Раҳмон ба Путин чӣ гуфт?!».

 

650 хабарнигор дар Душанбе

Беш аз 650 нафар хабарнигорони хориҷиву ватанӣ ҷаласаи Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиёро инъикос карданд. Ҷараёни кори ҷаласаро рӯзномаву маҷаллаҳо, радио, ТВ ва бунгоҳҳои хабарӣ аз кишварҳои Тоҷикистон, ИМА, Чин, Канада, Баҳрайн, Аморати Муттаҳидаи Араб, Афғонистон, Эрон, Камбоҷа, Туркия, Ҳиндустон, Беларус, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Озарбойҷон, Ветнам, Покистон, Бангладеш, Лубнон, Шри-Ланка, Қирғизистон, Россия, Ироқ, Иттиҳоди Аврупо… ба таври зинда пахш намуданд. 

«Кохи Наврӯз» макони асосии баргузории Саммити МҲТБО буда, дар ошёнаҳои 1 ва дуюми он Маркази матбуот ташкил карда шуд. Дар Маркази матбуот барои 450 нафар ҷои нишаст фароҳам гашта, он бо 350 компютер ва интернети баландсуръати ноқилӣ ва беноқил-вайфай (WIFI) пайваст буд.

 

Ҷамила Ҳусейнова-аз маркази матбуотии Кохи Наврӯз

Муҳаммади Мубориз-аз ситоди марказии СССР

14-15-16.06.2019

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter