Принт

Вохӯрии раиси БМТ бо роҳбарият, мудирони филиалҳо ва сардорони воҳидҳои сохтории БДА ҶТ “Амонатбонк”

Мақсади мулоқоти мазкур баррасии фаъолияти сохторҳои марбута ва дарёфти роҳҳои бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ва ҳалли мушкилоти соҳаҳои мазкур буд, ки барои рушди минбаъдаи иқтисоди миллӣ зарур аст. Пешвои миллат таъкид намуданд, ки ҷиҳати ноил шудан ба ҳадафи олии давлат, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мо бояд пешрафти бахшҳои воқеии иқтисодиёт, такмили низоми идораи давлатӣ, суботи молиявӣ, беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ ва дастгирии соҳибкорӣ, дар маҷмӯъ рушди муназзаму устувори иқтисодиёти мамлакатро таъмин намоем. Илова бар ин, қайд намуданд, ки низоми молияву бонкии кишвар ҳамчун омили муҳими рушди иҷтимоиву иқтисодии Тоҷикистон бояд ба афзалиятҳои давлат ва ба манфиати ҷомеа равона шуда, барои бо сармоя таъмин намудани соҳаҳои воқеии иқтисодиёт, ҳавасманд намудани соҳибкорону тоҷирон ва умуман, баланд бардоштани фаъолнокии иқтисодӣ дар ҷомеа, ташкили ҷойҳои корӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ хизмат намояд. Зимни мулоқот Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ андешидани чораҳои заруриро дар самти татбиқи самараноки ислоҳот доир ба низоми идоракунии молияи давлатӣ лозим дониста, тавсеа бахшидани риояи интизоми давлатӣ, баланд бардоштани сатҳи касбият ва масъулияти кормандон ва пешгирӣ кардани амалҳои коррупсионӣ низоми идораи молияро зарур донистанд. Дар баробари ин, Пешвои Миллат қайд карданд, ки дар натиҷаи таъсири омилҳои дохиливу берунӣ, инчунин, ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ набудани идораи як қатор бонкҳо ва ба таври зарурӣ ба роҳ намондани назорат вазъи умумии низоми бонкӣ дар кишвар буҳронӣ шуд. Хотирнишон намуданд, ки камбудиҳои мавҷудаи сохторӣ, аз ҷумла зиёд будани хавфҳо дар низоми бонкӣ ва қарзҳои ғайрифаъол, паст будани сатҳи захираҳои софи байналмилалӣ, қобилияти пардохт ва сармояи бонкҳо, сатҳи баланди долларикунонӣ дар иқтисодиёт, лапишҳои асъорӣ, таъмин нагардидани рақобати солим дар бозори хизматрасониҳои бонкӣ ва дастрасии пасти аҳолӣ ба воситаҳои молиявӣ ҳанӯз боқӣ мондаанд. Дар робита ба ин масъала дар БМТ бо иштироки раиси БМТ Ҷамшед Нурмаҳмадзода, раиси Раёсати БДА ҶТ “Амонатбонк” Сироҷиддин Икромӣ, мудирони филиалҳои Бонк аз миқёси кишвар ва сардорони воҳидҳои сохтории Раёсат ҷаласа баргузор шуд. Дар ин ҷаласа Нурмаҳмадзода ба ҳозирин ҷиҳати ислоҳи камбудиҳо ва саривақтӣ иҷро намудани ҳамаи дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат маърӯза намуданд. Дар маърӯза бо таъкид ба супоришҳои аз ҷониби Пешвои муаззами миллат қайдшуда ва ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта ба ҳозирин супоришҳои иловагӣ пешниҳод гардид.

Дар рафти ҷаласа барои баланд бардоштани саҳми низоми бонкӣ дар рушди иқтисодиву иҷтимоӣ, махсусан, саноатикунонии кишвар зиёд намудани ҳаҷми қарзҳо ба соҳибкории истеҳсолӣ, бахусус, ба соҳаҳои истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот ва ба содирот нигаронидашуда андешидани чораҳои қатъиро лар ин самт талаб намуданд. Зикр шуд, ки БДА ҶТ “Амонатбонк” ҳамчун бонкӣ давлатӣ ва низомсозӣ ҷумҳурӣ бояд дар дастгирии сиёсати давлат пешсаф бошад ва нақши он дар самтҳои зикргардида хеле ҳам муҳим аст. Аз ҷониби Нурмаҳмадзода ба мудирони филиалҳо ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳо супоришҳои қатъӣ дода шуд. Инчунин, бояд қайд кард, ки ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон Нақшаи чорабиниҳо оид ба бартараф намудани камбудиҳои низомӣ бонкӣ омода карда шуда, барои иҷро ба Бонк ирсол карда шуд. Аз ҷониби раиси БМТ Ҷ.Нурмаҳмадзода таъкид шуд, ки зарур аст камбудиҳои дар фаъолият ҷойдоштаро бартараф карда, иҷрои саривақтӣ ва сифатнокии Нақшаи чорабиниро таъмин намоянд. Ҳамзамон дар идомаи ҷаласа аз ҷониби С.Икромӣ барои саривақтӣ иҷро кардани супоришҳои мазкур ва расидан ба аҳдофи манфиатовар ба ҳозирин маърӯза пешниҳод шуд. Раис иброз доштанд, ки Раёсати Бонки давлатии амонатгузории ҶТ “Амонатбонк” эродҳои асоснок ва дастуру супоришҳои муфиди ба фаъолияти Бонк нигаронидашударо бо як ҳисси масъулият дарк намуда, Ҳукумати ҷумҳурӣ ва БМТро бовар мекунонад, ки ҷиҳати бартараф намудани камбудию норасоиҳои ҷойдошта тамоми тадбирҳои заруриро роҳандозӣ менамояд. Бонк кӯшиш менамояд, нишондиҳандаҳои молиявиро дар соли ҳисоботӣ босифат ва сари вақт таъмин намуда, барои расидан ба натиҷаҳои боз ҳам назаррас талош намояд.  

Маркази матбуоти БДА ҶТ «Амонатбонк»

 

Матлабҳои дигар