ХАБАРИ ДОҒ

Обу Барқ дар Тоҷикистон боз қимат шуд!!!

  • Чоршанбе, Июл 24 2019

 

 

Раисону Вазирон, ки худ сабабгори пешниҳоду гароншавии нархномаҳоянд, ба осонӣ амали худро бар дӯши Ҳукумати ҶТ вогузор мекунанд ва ҷавоби оддиву осонро пайдо кардаанд: «Ин тасмими ҳукумат аст, на аз ман!». Ҳукумат, яъне кӣ???

Хабари гарон шудани нархи қувваи барқ аз 1.09.2019 пурбаҳстарин хабар дар ҳафтаи охир шуд. Тамоми расонаҳо бо такя ба Ҳукумати ҶТ дар бораи аз 1.09.2019 гарон шудани тарофаҳои нерӯи барқ барои ҳамаи категорияҳои истеъмолгарон гуфтанду навиштанд. Тибқи қароре, ки Ҳукумати ҶТ рӯзи 22.06.2019 қабул кардааст, аз рӯзи 1-уми тирамоҳи соли ҷорӣ барои 1 киловатт-соат қувваи барқ мардум ба ҷои нархи имрӯзаи 19,37 дирам, бояд 22,66 дирам пардозанд. Вале ин хабарро дар рӯзҳои аввал на ширкати «Барқи тоҷик» тасдиқ кард, на Вазорати энергетика ва захираҳои оби кишвар. Тибқи маълумоти ба даст омада, тарофаҳо барои истифодабарандагони саноатӣ ва ғайрисаноатӣ-55,14 дирам, истифодабарандагони соҳаи буҷетӣ, соҳаҳои коммуналӣ ва иншооти варзишӣ-22,66 дирам, барои нассосҳои қубурҳои об ва истгоҳҳои нассосҳои обёрии мошинӣ, базаҳои таъмирию истеҳсолии Агентии беҳдошти замин ва обёриии назди Ҳукумати ҶТ-7,87 дирам (аз 1 апрел то 30 сентябр) ва 22,66 дирам (аз 1 октябр то 31 март), барои чоҳҳои амудии мелиоративӣ ва пойгоҳҳои обкашии мелиоративӣ-7,87 дирам муқаррар шудааст.

Тарофаҳо барои истифодаи нерӯи барқ дар дегҳои барқӣ ва дастгоҳҳои барқӣ бо мақсади таъмини оби гарм ва гармкунии биноҳо-136,62 дирам барои 1 киловатт (бахши ғайрибуҷетӣ) ва 40,37 дирам (мақомоту муассисаҳои буҷетӣ), барои нассосҳои интиқоли оби нӯшокӣ (ба истиснои нассосҳои инфиродӣ) ва обу корез (канализатсия)-10,76 дирамро ташкил хоҳанд дод. Дар банди ҷудогонаи қарор, Комбинати металлургии Тоҷикистон зикр шудааст, ки аз 1.09.2019 барои 1 киловатт-соат нерӯи барқ 9,68 дирам (аз 1 апрел то 30 сентябр) ва 55,14 дирам (аз 1 октябр то 31 март) пардохт мекунад. Тарифҳо барои истифодабарандаи асосии нерӯи барқи Тоҷикистон-КВД "Ширкати алюминии тоҷик" айни замон чунинанд: аз 1 май то 30 сентябр-7,20 дирам барои 1 киловатт ва дар мавсими зимистон (аз 1 октябр то 30 апрел)-11,80 дирам. Бояд гуфт, ки охирин маротиба нархи қувваи барқ моҳи ноябри соли 2018 боло рафта буд ва ҳамакнун пас аз гузашти на беш аз 8 моҳ он дубора гарон шуд. 

Об ҳам ба парвоз омад!

Соли гузашта дар баробари боло рафтани нархи қувваи барқ арзиши оби нӯшокӣ низ дар кишвар, хосса ш.Душанбе гарон шуда, аз 15.10.2018 нархи 1 кубометр об барои истифодабарандагоне, ки дар хонаашон ҳисобкунаки обӣ насб кардаанд, 2,34 сомониро ташкил дод. Истифодабарандагоне, ки ҳисобкунаки обӣ насб накардаанд, арзиши об барои 1 нафар узви оила 8,42 сомонӣ муайян шуд. Барои ташкилоту идораҳои тиҷоратӣ ва сафоратхонаҳову намояндагиҳои созмонҳои хориҷӣ ин маблағ 6,73 сомонӣ ва барои ташкилотҳои буҷавии кишвар он 2,66 сомониро ташкил намуд. Он замон раҳбарияти КВД «Обу коррези Душанбе» сабаби болоравии нархи обро дар навсозии системаи обу коррезии пойтахт ва таҷдиди хатҳои муҳандисӣ арзёбӣ карда буданд. 

Айбро бар Ҳукумат бор накунед, вазирон! 

Соле нест, ки нархи обу барқ-ин 2 неъмати бебаҳое, ки Тоҷикистон ватанаш аст, боло наравад. Вале мутаассифона, масъулини мо, ки маҳорати шарҳ додани ин қиматшавиро ба намояндагони ВАО надошта, ба ҷои ҷавоби мушаххас айбро бар сари Ҳукумати ҶТ бор мекунанд. Мисоли ин гуфтаҳо вазири энергетика ва захираҳои оби кишвар Усмоналӣ Усмонзода аст, ки рӯзи 15.07.2019 зимни нишасти матбуотӣ ба суоли хабарнигорон дар бораи сабабҳои болоравии нархи барқ гуфт: «Дар мавриди боло рафтани нархи неруи барқ Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шудааст. Барои пайдо намудани маълумоти бештар метавонед ба Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намоед»… Яъне, ин вазири тоҷик низ «айб»-ро ба сари Ҳукумати кишвар бор кард, ҳол он, ки Ҳукумати ҶТ бидуни муроҷиату дархости вазорати номбурда ва ширкати «Барқи тоҷик» масъалаи боло бурдани нархи тарофаҳо ва мувофиқаи он бо вазорату идораҳои дигар на қарорро қабул мекунад ва на имзо. Чӣ тавр вазирон, ки худ сабабгори пешниҳоду гароншавиянд, ба осонӣ амали худро бар дӯши Ҳукумати ҶТ вогузор мекунанд?! Мисли Илҳом Атоев, муовини сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати ҶТ, ки маъракаи шиносномаивазкуниро ҳам бар гардани Ҳукумати кишвар бор кард! На танҳо ин 2 мансабдор, балки аксарияти вазирону раисон низ ҳоло ҷавоби оддиву осонро ёфтаанд: «Ин тасмими ҳукумат аст!». Ҳукумат, яъне кӣ? Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон, ки Раиси Ҳукумати ҶТ аст ва Қоҳир Расулзода, Сарвазири ҶТ? Тавре аз ҷавобҳои Усмонзодаву Атоев ва даҳҳо вазирону раисони дигар бармеояд, танҳо Ҳукумати Марказӣ гунаҳкори тамоми мушкилоти соҳаҳои зертобеи эшон ҳастанд!!! Кор кунед вазирону раисон, барои амалҳоятон шахсан ҷавоб диҳед ва айби худро бар дӯши Ҳукумати ҶТ нагузоред, зеро Ҳукумат шумоед!

Ҷамила Ҳусейнова, СССР

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter