Принт

Турсунзода: Аз таҷдиди зеристгоҳ то интиқоли барқ

Расидан ба истиқлолияти энергетикӣ яке аз ҳадафҳои муҳими стратегии Ҳукумати ҶТ буда, барои пиёда намудани ин ҳадаф дар тамоми шаҳру навоҳири кишвар корҳои ободониву созандагӣ бо тадриҷ амалӣ меёбанд. Яке аз чунин минтақаҳо ин ш.Турсунзода мебошад, ки бузургтарин шаҳри саноатии ҷумҳурӣ маҳсуб ёфта, соҳаи энергетикии ин шаҳр, ки бар дӯши ҶСНК “Шабакаҳои барқи Турсунзода” вогузор шудааст, дар чанд соли охир рӯ ба рушду беҳбудӣ овардааст.

Таҷдиди зеристгоҳи барқии «Равшан» пас аз 50 сол

Бояд гуфт, ки зеристгоҳи барқии «Равшан» 220/35/10 кВ яке аз зеристгоҳҳои муҳими ш.Турсунзода ба ҳисоб рафта, он соли 1968 бунёд шуда буд. Ин зеристгоҳ аз зеристгоҳи «Регар-500» бо хати барқии ҳавоии 220 кВ бо барқ таъмин буда, то с.2018 танҳо аз 2 адад автотрансформатори навъи АТДЦНТ-125000/220/35/10 кВ, автотрансформатори навъи АТДЦНТ-125000/220/110/10 кВ, 1 адад трансформатори пуриқтидори ТДТНГУ-20000/220/35/10 кВ иборат буду халос. Бинобар бо сабаби солҳои тӯлонӣ истифода бурдан таҷҳизоти барқӣ кӯҳнаю фарсуда шуда, соли 2019 зеристгоҳи барқии «Равшан» 220/110/35/10 кВ аз нав таҷдид гардид. Мавриди зикр аст, ки ҷиҳати амалӣ намудани лоиҳаи “Барқарорсозии ЗИБ “Равшан” 220/110/35/10 кВ” дар санаи 10.02.2014 байни Ҳукумати ҶТ ва Бонки Исломии Рушд Созишномаи қарзӣ ба имзо расонида шуда,       Лоиҳаи мазкур бо Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ аз 25.06.2014 тасдиқ карда шуд. Дар натиҷаи гузаронидани озмуни байналхалқӣ ширкати  “MVV Decon-Dubai Branch” (Дубай АМА) машваратчии лоиҳаи мазкур интихоб шуда, дар санаи 5.06.2015 Қарордод байни ШСХК “Барқи тоҷик” ва ширкати “MVV Decon-Dubai Branch” шартнома ба имзо расид. 22.08.2016 бошад байни ШСХК  “Барқи Тоҷик” ва ҶСК “Тоҷикгидроэлектромонтаж” шартнома ба тасвиб расида, ҳамин тавр зеристгоҳи барқии “Равшан” таҷдид гашта, ҳоло бо иқтидори бештар хизмат расонида истодааст. Тибқи қарордод дар ЗИБ “Равшан” таҷҳизотҳои зерин ворид ва васлу насб карда шуданд: 2 адад автотрансформаторҳои 125 МВА, 2 адад трансформаторҳои танзимкунандаи 40 МВА, 1 адад трансформатори шиддатбаландкунандаи 25 МВА, 5 маҷмуъ чашмакҳои 220 кВ, 8 маҷмуъ чашмакҳои 110 кВ, 2 адад трансформаторҳои эҳтиёҷоти худӣ 400 кВА, чашмакҳои 10 кВ дар биноҳои ДТП-1 ва ДТП-2, васлу насби лавҳаҳои ҳимояи релегӣ автоматӣ ва системаи СКАДА, сохтмони бинои нави идоракунии фаврӣ. 

ЗИБ “Промзона”-васеъсозӣ бо мақсади таъминоти иловагӣ

Бояд гуфт, ки ба хотири боз ҳам беҳтар намудани таъминоти нерӯи барқ дар ш.Турсунзода ва зарурати иҷрои ҳаҷми корҳои иловагӣ, яъне васеъсозии зеристгоҳи барқии “Промзона” 35/10 кВ  ба миён омад. Ин зеристгоҳ низ соли 1980 сохта шуда, тӯли солҳои гузашта таҷҳизоташ кӯҳнаву фарсуда шуда буданд. 

Бо мақсади боз ҳам беҳтар  таъмин намудани истеъмолкунандагон бо нерӯи барқи хушсифат зеристгоҳи барқии “Промзона” ба шиддати 10/ 35/10 кВ- ро васеъ карда шуда, аз нав таҷдид  гашт. Бо ин мақсад, аз ҳисоби маблағҳои сарфшудаи лоиҳаи мазкур дар моҳи феврали соли 2018 байни ШСХК “Барқи тоҷик” ва ширкати пудратии ҶСК “Тоҷикгидроэлектромонтаж” Қарордод барои сохтмони дастгоҳи тақсимоти кушодаи 110 кВ бо насби 2 адад трансформаторҳо бо иқтидори 25 МВА дар зеристгоҳи барқии “Промзона”110/ 35/10 кВ ба имзо расонида шуд. Дар доираи корҳои иловагӣ дар ЗИБ “Промзона” 35/10 кВ васлу насби таҷҳизотҳои барқӣ идома дошта, вобаста ба зери шиддат қарор додани трансформатори якум Т-1 корҳои омодагӣ рафта истодааст. Дар хати интиқоли барқии “Равшан-Промзона” кашидани ноқилҳо ва насб намудани оиқҳо алакай ба анҷом расидааст. 

Тибқи Қарордод дар зеристгоҳи “Промзона” таҷҳизотҳои зерин васлу насб карда мешаванд: 2 адад трансформатори 25 МВА, 2 адад васлакҳои элегазии 110 кВ, 4 маҷмуъ калидҳои барқӣ 110 кВ, 4 маҷмуъ трансформатори ҷараён 110 кВ, 4 маҷмуъ барқгиракҳои 110 кВ, васлу насби ҳимояи релегӣ ва автоматӣ, сохтмони бинои нави идоракунии фаврӣ. Дар хати интиқоли барқии «Равшан-Промзона» бо дарозии 5 км ноқилҳо ва оиқҳо иваз карда шуданд. 

 Пеш аз ҳама деҳаҳои дурдаст

Тавре дар сӯҳбат бо мухбири СССР Салоҳиддин Холиқзода, сардори ҶСНК “Шабакаҳои барқи Турсунзода” иброз намуд, дар нимсолаи 1-уми соли 2019 корхона  фаъолияти худро дар асоси дастуру супоришҳои Ҳукумати ҶТ ва  ширкати “Барқи Тоҷик” ҷиҳати таъминоти боэътимод ва сифатнокии эҳтиёҷоти иқтисодиёт ва аҳолии ш.Турсунзода бо нерӯи барқ, ҷамъоварии хаққи истифодаи он дуруст ба роҳ монда, ҳамаи тадбирҳоро барои сарфакорона истифода намудани қувваи барқ равона кардааст. 

   - Бинобар сабаби кам намудани талафоти нерӯи барқ  дар шашмоҳаи аввали соли 2019 шумораи муштариёне, ки ҳисобкунакҳои барқиашон аз дохили биноҳо ба берун бароварда шудааст ҳамагӣ 680 ададро ташкил дод, аз ҷумла: аз дохили хонаҳои баландошёна-200 адад ва аз хонаҳои заминӣ-480  адад. Дар ин муддат дар ИТ-10/0,4 кВ (истгоҳҳои трансформаторӣ) ба миқдори 71 адад  ҳисобкунаки  барқии электронии интеллектуалӣ насб  карда шудааст. Инчунин, дар деҳаҳои дурдасти Шулум ва Шифокор бинобар сабаби кам намудани талафот трансформаторҳои сербор ба трансформаторҳои иқтидораш баландтар иваз гардиданд. Дар деҳаҳои Ҷари Сурх, Анҷибар, Кадучӣ, Ширкент симҳои пӯлодин ба симҳои алюменӣ иваз шуда, дар гирду атрофи шаҳру деҳаҳои Турсунзода 5 адад трансформаторҳои иловагӣ барои боз ҳам беҳтар гузаронидани давраи тирамоҳу зимистон ва кам намудани талафот насб карда шуданд,-гуфт мавсуф.

Ҳамчунин, хати интиқоли барқи 0,4-10 кВ ба масофаи 4,06 км бо мақсади кам намудани талафот, хати интиқоли барқи 0,4 кВ дар  деҳаи Хонақо, хати интиқоли барқи 10 кВ дар деҳаи Маданият, дар деҳаи Оға хати интиқоли барқи 0,4 кВ сохта ба истифода дода шуд.

Омодагӣ ба зимистон аз тобистон

Дар доираи корҳои омодагӣ ба фасли тирамоҳу зимистони солҳои 2019-2020 аз ҷониби ҶСНК “Шабакаҳои барқи Турсунзода” 1 қатор корҳо ба анҷом расонида шуд, аз ҷумла: дар хати ҳавоии 10/0,4 кВ симҳои лучи алюменӣ 74120 метр, оиқҳо ба миқдори 1850-адад, сарбанд ба миқдори 178-адад, сутунпояҳои оҳанию бетонӣ   ба  миқдори 191-адад иваз карда шуданд. Гузаронидани корҳои қисман  таъмиркунӣ ва ивазкунии асбобҳои барқии сӯхта аз кор баромада, дар олоти тақсимоти 10/0,4 кВ нуқтаҳои трансформатори шаҳр ва деҳаҳо, ҷудокунак (рубильник) ба миқдори  182-адад,  муҳофизак (предохранител) ба миқдори 670-адад, барқгир ба миқдори 32-адад васл карда шуд. Дар хати кабелии 10/0,4 кВ    ба миқдори  4420 метр кабели  намудҳои гуногун  иваз  гардиданд. 

Дар ҳудуди ш. Турсунзода ба миқдори 30 адад  ИТМШ-10/04 кВ (истгоҳи трансформатории маҷмуъи шаҳрӣ) аз таъмири ҷорӣ бароварда  шуда, бастаки   васлӣ 11-адад, КВТПН-10, 10-адад, СТП-10  дар хати кабели 10 кВ васл карда  шуд. Дар нуқтаи  трансформатории шаҳр ва деҳаҳо равғани трансформаторӣ ба  миқдори 5240  литр рехта шуд. Аз аввали сол то ин ҳол ба миқдори 89 адад  истгоҳҳои трансформатории 10/0,4 кВ  аз таъмири ҷорӣ гузаронида шуда, корҳои профилактикӣ сурат гирифтанд. Барои зарурияти истеҳсолӣ ва барои тайёрӣ дидан ба давраи тирамоҳу  зимистони солҳои 2018-2019, дарахтҳо аз хатҳои интиқоли барқи 10/0,4 кВ ба масофаи  462 км тоза карда шуданд. Барои пешгирӣ дар мавсими раъду барқ  3 адад барқгир иваз карда шуд. Корҳои бақайдгирии нишондодҳои сабткунакҳои кории барқгирҳои РВМГ-220 кВ,  РВС-35 кВ дар  ЗБ-35/10 кВ «Промзона», ЗБ-35/10 кВ  «Лоҳутӣ»  гузаронида шуд. Барои пешгирӣ дар мавсими борандагӣ–обхезӣ 12–адад ЗТМ 10/0,4 кВ,  ЗТМШ – 10/0,4 кВ ва ИТ-10/0,4 кВ герметизатсия карда шуда, ҷуйбори обпартои  НБО-и хурди «Ширкент»  аз қуму шағал ва ифлосиҳо тоза карда шуд.

М. Аминзода, СССР  

 

Матлабҳои дигар