Принт

Истихроҷи тилло дар Айнӣ

Рӯзи 23.08.2019 бо мақсади шинос шудан бо ҷараёни сохтмони корхонаи бузурги саноатии ҶСП «Талко Голд» дар мавзеи Кончочи н.Айнӣ аз ҷониби КВД «Ширкати алюминийи тоҷик» саёҳати иттилоотӣ (press tour) ташкил шуд. Зимни боздид шоҳид шудем, ки айни ҳол корҳо дар сохтмони корхонаи бузурги саноатии ҶСП «Талко Голд» бо суръат пеш рафта истодаанд. То имрӯз ҳудуди 7 км нақб барои истихроҷи тилло, сурма ва дигар металлҳо канда шудааст. Баробари ба истифода додани ин корхона Тоҷикистон метавонад аз рӯи истихроҷ ва истеҳсоли сурма дар ҷаҳон баъд аз Чин ва Россия ба ҷои сеюм барояд. Корхонаи бузурги саноатӣ дар заминаи маъдани кони Кончоч, ки иборат аз 3 қитъа-Чӯлбоӣ, Кончоч ва Шахкон аст, ба истифода дода мешавад. Дар кон захираи 5 элементи кимиёӣ (тиллову сурма- асосӣ ва нуқра, симоб, флюорит) ҳамчун унсурҳои ҳамроҳ ҳисобу китоб ва ба тавозуни захираҳои давлатӣ гузошта шудаанд. Ҳамаи унсурҳо дар мамлакати мо истихроҷу коркард шуда, тилло, нуқра ва сурма дар шакли маҳсулоти ниҳоӣ, яъне металл истеҳсол карда мешаванд.

Дар захираи умумии конҳои гурӯҳи Кончоч сурма қариб 265.000 тонна, тилло қариб 50 тонна, флюорит-76.650 т, нуқра 59,44 т, симоб 11 97,1 тоннаро ташкил медиҳанд. Саҳмдорони ҶСП «Талко Голд»-КВД Ширкати алюминийи Тоҷик ва Ҷамъияти Саҳҳомии Чин «Ширкати саноати маъдани тибетии Хуаюй» аллакай корҳоро оид ба ҷалби сармояҳо ба сохтмони корхона баргузор намуда истодаанд.

Ёдовар мешавем, ки 24.06.2018 президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди ин корхонаи бузург санги асос гузошта буд. Иҷрои корҳои сохтмонӣ дар ин мавзеъ 1 солу 6 моҳ ба нақша гирифта шудааст. Солҳои 2018-19 аз худ намудани конҳои гурӯҳи Кончоч, сохтмон ва мавриди баҳрабардорӣ қарор додани муҷтамаи саноатии ҶСП «Талко Голд» дар назар аст. Ба роҳ мондани истеҳсоли тилло ва сурма марти с.2020 ба нақша гирифта шудааст. Анҷоми сохтмони муҷтамаи истеҳсолӣ дар кони Кончоч марти с.2020 дар назар аст. Ба кор андохтани иқтидорҳои истеҳсолӣ имкон медиҳад, ки беш аз 600 ҷои корӣ таъсис ёбад. Дар заминаи бунёди ин корхона марҳила ба марҳила аз 1000 то 1500 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон бо ҷои кори доимӣ ва маоши хуб таъмин мегарданд.

Ш.Амин,

СССР

 

Матлабҳои дигар