Принт

“Юнистрим” ҳаққи хизматрасониро барои Тоҷикистон коҳиш дод

    Низоми пардохтии байналмилалии “Юнистрим” ҳаққи хизматрасонӣ барои интиқоли маблағҳоро барои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 6.12.2019 то ба 0,99 фоиз коҳиш дод. Лозим ба ёдоварист, ки то ба фаъолият оғоз намудани Маркази миллии протсессингии интиқоли маблағҳо ҳаққи хизматрасонии “Юнистрим” ба ҳисоби миёна ба Тоҷикистон 1,5 фоизро ташкил медод. Тавре шуъбаи матбуоти Бонки Миллии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар ин бора рӯзи 5.12.2019 зимни мулоқоти муовини якуми раиси БМТ Ҷамолиддин Нуралиев бо Президенти низоми пардохтии байналмилалии интиқоли маблағҳо “Юнистрим” Кирилл Палчун хабар дода шуд.

    Гуфта мешавад, ки тибқи пешниҳоди Ҷамолиддин Нуралиев ва мувофиқ омадани Президенти низоми пардохтии байналмилалии “Юнистрим” Кирилл Палчун, минбаъд ҳаққи хизматрасонӣ барои интиқоли маблағи то 5 ҳазор рубли русӣ, ки қаблан 100 рубли русиро ташкил медод, 50% тахфиф шуда, 50 рубли русиро ташкил хоҳад дод, ки ин имтиёз дар шабакаи нуқтаҳои хизматрасонии “Юнистрим” имконпазир аст. 

     Низоми пардохтии байналмилалии “Юнистрим” шабакаи васеи хизматрасониро барои мизоҷонаш муҳайё карда, дар Федератсияи Русия беш аз 15 000 нуқтаҳои интиқоли маблағ (МТС-4300; Теле2-2150; ПочтаБанк (Почта России)-4600 ва ғайраҳо) дорад. 

 

 

 

Матлабҳои дигар