Принт

Муассисаҳои томактабӣ ба зимистон омодаанд?

 

    Баҳроми Салом, хонандаи мо занг задаву гуфт, ки дар ҳудуди ш.Бохтар 20 адад муасиссаи томактабӣ  фаъолият намуда, онҳо барои гузаронидани фасли зимистон то ба имрӯз омодагиҳои ҷиддӣ дидаанд. Дар ин муасисаҳо ба миқдори кофӣ ҳезуму ангиштсанг захира карда шуда, утоқҳо бо бухорӣ ва гармкунакҳои барқӣ таъмин мебошанд. Дар баробари захираҳои дар боло зикршуда дару тирезаи муассисаҳо шишабандӣ низ карда шудаанд.

     Мураббияҳо ва кормандони муасиссаҳои томактабии №11, 5 ва 4-и шаҳр барои гузаронидани фасли сармо ба миқдори зарурӣ ангишту ҳезум захира карда, бо тарбиятгирандон дар утоқҳои гарм машғулият мегузаронанд. Умуман тамоми муассаҳое, ки дар дар ш.Бохтар имрӯз фаъолият доранд, бо таҷҳизоти замонавии зарурӣ таъминанд. 

 

Матлабҳои дигар