ХАБАРИ ДОҒ

Дар Ӯзбекистон низ роҳҳо пулакӣ мешаванд

  • Панҷшанбе, Янв 02 2020

Қаблан истифодаи роҳ баъд аз пардохти маблағи муайян дар ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон ва Белорус  низ ҷорӣ шуда буд

Ояндаи наздик  дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон истифодаи 3 роҳ ва ду тунели дар ағбаҳо воқеъбуда  баъд аз пардохти маблағ имконпазир мегардад. Дар ин бораи Агентии иттилотии “УЗнюс” иттилоъ додааст. Бино ба иттилои манбаъ, дар ин бора нуҳуми декабри соли равон Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон қарори дахлдорро ба тасвиб расонидааст. 

 Иқдоми мазкур дар доираи ҳамкории бахши хусусӣ ва Давлат амалӣ шуда, беҳбуд бахшидани ҳолати роҳҳо ва сатҳу сифати хизматрасонии нақлиётӣ ҳадафҳои асосии он маҳсуб мешаванд. Аввалин тунели пулакӣ дар ағбаи Камчиқ мавриди истифода қарор гирифта, то соли 2022 шоҳроҳҳои Сирдарё - Бахт, Тошкент - Самарқанд ва Тошкент-Андиҷон пулакӣ хоҳанд шуд. Амалиишавии иқдоми мазкур зери назорати ҷиддии  Президенти Ӯзбекистон қарор дошта, муовинони якуми вазирони молия ва нақлиёт барои сари вақт ва дар сатҳи хубу сифати баланд иҷро намуданаш муваззаф шудаанд.       

 Лозим ба ёдоварист, ки қаблан истифодаи роҳ баъд аз пардохти маблағи муайян дар ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон ва Белорус  низ ҷорӣ шуда буд. Дар Ҷумҳурии Қазоқистон шурӯъ аз соли 2013 зиёда аз 1000 километр роҳ пулакӣ буда, нигоҳдории онҳо ва ҷамъоварии маблағ ба зиммаи ширкати “КазАвтоЖол” вогузор аст. Дар марҳилаи аввали ҷорӣ намудани истифодаи роҳҳои пулакӣ дар Қазоқистон низ бисёриҳо моҳият ва манфиати ин иқдомро дуруст дарк намекарданд. Вале бо гузашти вақти на он қадар зиёд бартариҳои ин иқдом ҳувайдо ва назари мардум ба он комилан мусбат гардид. 

Бо дарназардошти манфиатовар будан тасмим гирифта шудааст, ки то соли 2025 дар Ҷумҳурии Қазоқистон 11, 7 ҳазор километр роҳ пулакӣ шавад.  Айни замон дар роҳҳои пулакии ин кишвар 12 нуқтаи вазнченкунӣ фаъол буда, саҳми  онҳо дар пешгирии ҳаракати воситаҳои нақлиёт бо вазни аз меъёр зиёд арзанда аст. Илова бар ин тасмим гирифта шудааст, ки дар давоми солҳои 2019 -2020 дар роҳҳои давлати мавриди назар 34 нуқтаи вазнченкунӣ ба фаъолият шурӯъ намояд. 

Ҳамсоякишвар – Ҷумҳурии Қирғизистон низ аз ин раванд дар канор набуда, чанде пеш дар парлумони Ҷумҳурии Қирғизистон – Жогорку Кенеш тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Қирғизистон «Оид ба роҳҳои автомобилгард» мавриди баррасии вакилон қарор гирифт. Дар ин бора нашрияи «24.Кg» иттилоъ дода буд. Муҳимият ва ҷолибияти қонуни мавриди назар дар он зоҳир мегардад, ки тибқи тағийиру иловаҳои воридмегардида, минбаъд дар Қиғизистон ба иҷора додани роҳҳо роиҷ мегардад. Вазири нақлиёт ва роҳҳои ин кишвар зимни шарҳи масъалаи мазкур минҷумла гуфтааст, ки дар навбати аввал роҳи Бишкек – Чалдовар ва дар марҳилаи дувум роҳи ноҳияи Узгени ин кишвар ба иҷора дода шуда, ин раванд минбаъд тавсеа хоҳад ёфт.

Дар Ҷумҳурии Белорус низ истифодаи пулакии роҳҳо солиёни зиёд инҷониб  роиҷ буда, айни замон зиёда аз 1189 километр роҳҳои ин мамлакат пулакӣ мебошанд. Ҳаракат дар қисмати аъзами шоҳроҳҳои мамлакат, аз ҷумла Минск – Витебск, Минск – Могилев, Минск – Гомел, Шучин –Гродно, Минск - Гродно (сарҳади Ҷумҳурии Полша), Минск – Ошмяны (сарҳади Ҷумҳурии Литва), Минск – Дзержинск ва ғайра танҳо баъди пардохти маблағ имконпазир аст. Нуктаи ҷолиби дигар он аст, ки арзиши  ҳаракат дар роҳҳои мавриди назар дар Ҷумҳурии Белорус вобаста ба зарурат ва вазъи иқтисодӣ тамоюли афзоишро касб намуда истодааст. Барои мисол, пештар ронандагон барои ҳаракат аз масири Брест то сарҳади Федератсияи Россия 12 эвро маблағ пардохт менамуданд. Чанде пештар тарофаҳо тағйир ёфта, аз ин пас ронандагон мувазаффанд, ки 24,36 эвро маблағ супоранд. 

Муҳим он аст, ки соҳибони воситаҳои нақлиёти сабукрав дар сурати қисман пардохт нашудани арзиши ҳаракат 50 эвро ва дар ҳолати пурра пардохт накардани маблағи пешбинишуда 100 эвро, моликони  автомобилҳои боркаш мутаносибан 130 ва 260 эвро ҷарима  мешаванд.  Аз муҳтавои матлаби мазкур  бармеояд, ки механизми институтсионалию инноватсионӣ истифодаи роҳҳо танҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон роиҷ набуда, дар кишварҳое, ки  бо давлати мо умумияти зиёд доранд, низ мавриди истифода аст.   Муҳим он аст, ки чунин тарзи кор натиҷаҳои хуб ба бор овардааст. Инро дар мисоли  натиҷаҳои фаъолияти пурмаҳсули филиали ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шоҳид ҳастем.

Далер Мерганов, журналист

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter