Принт

Вазирони маорифу фарҳанг иваз шуданд!!!

 

 24.01.2020. Имрӯз бо фармони Президенти ҶТ Нуриддин Саид аз симмати вазири маориф ва илм озод шуда, ҳамон соат Раиси Кумитаи Радио ва Телевизион таъин шуд. Ӯ дар ин вазифа Маҳмадсаид Шоҳиён (Пиров)-ро иваз кард. То ҳанӯз куҷо таъин шудани Шоҳиён маълум нест!

Маҳмадисуф Имомзода аз симмати ректори Донишгоҳи  милии Тоҷикистон сабукдӯш шуда, ҳамзамон вазири маориф ва илми ҶТ таъин гардид.

Шамсиддин Орумбекзода аз вазифаи вазири фарҳанг озод шуда, дар ҷои ӯ Зулфия Давлатзода собиқ муовини аввали раиси Кумитаи кор бо занон ва оила вазири фарҳанг таъин шуд. 

Дар мақомоти қудратӣ низ рокировкаи мансабҳо давом дорад. Ба ҳамин тартиб Шоҳ Искандаров, ки дар собиқ аз қумандонҳои саҳроии оппозитсия буд, аз вазифаи сардори Раёсати ШКД Исфара озод ва ба ҳамин симмат дар ш. Бӯстон таъин шуд.

Абдулло Навҷувонов аз мақоми муовини вазири корҳои дохилӣ озод ва сардори Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд таъйин шуд. Ӯ дар ин симмат Қудрат Назарзодаро иваз намуд. 

Тағйиротҳо давом доранд ва мо пайгири онҳоем. Мо Метавонем!

 

Матлабҳои дигар