ХАБАРИ ДОҒ

«City Card» бо «Корти миллӣ»!!!

  • Чоршанбе, Янв 29 2020

 Мусофирон аз “Авесто Гурӯҳ” ва шӯъбаи нақлиёти МИҲД дар ш.Душанбе тақозо менамоянд, ки дар баробари истифодаи “City Card” истифодаи “Корти миллӣ”-ро, ки ба воситаи он маошу нафақаашон ҳар моҳ меояд, низ ҳангоми пардохти роҳкиро дар нақлиёти истифодаи умум роҳандозӣ намоянд. 

   Соли дуюм аст, ки пардохти роҳкиро дар нақлиёти ҷамъиятӣ, хосса автобусу троллейбусҳои пойтахт тавассути низоми электронии пардохт-“City Card» амалӣ шуда, масъули роҳандозии ин навгонӣ ширкати «Авесто Гуруҳ» мебошад. Бояд гуфт, ки истифодаи кортҳои роҳкиро-«сити корт» ҳанӯз ҳам масъалаи ҷиддӣ боқӣ мемонад, зеро аксарияти мардуме, ки аз шаҳру ноҳияҳои дурдаст ба пойтахт меоянд, бо шумули туристони хориҷӣ, бе корти нақлиёт ҳатман паси дари автобусу троллейбус мемонанд. Оддитар карда гӯем, истиқоматкунандагони на танҳо шаҳру ноҳияҳои дур аз пойтахт, балки худи Душанбе низ то ҳол ба пуррагӣ ин системаро аз худ накардаанд.

Корт нест-роҳ нест!

Холаи ман, Руқия Восиева, аз ш.Леваканд ба Душанбе омаду дар кӯча монд. Ҳам корти нақлиётӣ надошт ва ҳам намедонист онро чӣ гуна ва аз куҷо пайдо намуда, бо автобус то хонаи мо бирасад. Бо сабаби корти нақлиёти надоштанаш ӯро ба дохили автобус роҳ надоданд. Пири солхӯрда аз чунин тартиби нав огоҳ набуд, ба ронанда мегуфт, ки ман сокини Душанбе нестам, вале ронанда ӯро ба дохили салон роҳ надод. Кампир пиёда омада, ҷои тамошои пойтахти зебо, чанд рӯз дар бемористон хоб рафт.Чунин ҳолатҳо ҳамарӯза шояд даҳҳо маротиба рух диҳанд. Хуб, ба инаш чашм мепӯшем, аммо меҳмон ва сайёҳи аз хориҷи кишвар омада дар ин ҳолат чӣ бояд кунад? Оё шарт аст, ки ҳама ҳатман “City Card” дошта бошанд? Дар дигар кишварҳо аз ҳисоби корти бонкӣ ва миллӣ мардум метавонанд дар тарабхонаву қаҳвахонаҳо хӯрок хӯрда, дар марказҳои савдо харид кунанду ҳатто пули пардохти хизмати на танҳо нақлиёт, балки фаррошу ошпазро низ тавассути корти миллии худ ҳисоб кунанд. Дар мо чӣ? Корти бонкӣ ғайр аз бонкомат дигар дар ягон ҷо истифода бурда намешавад.

Пардохти роҳкиро бо “Корти миллӣ”. Чаро не?

 Мусофирон аз масъулони ширкати “Авесто Гурӯҳ” ва шӯъбаи нақлиёти МИҲД дар ш.Душанбе тақозо менамоянд, ки дар баробари истифодаи “City Card” истифодаи “Корти миллӣ”-ро, ки ба воситаи он маошу нафақаашон ҳар моҳ меояд, низ ҳангоми пардохти роҳкиро дар нақлиёти истифодаи умум роҳандозӣ намоянд. Агар ин пешниҳод қабул гардад, минбаъд нофаҳмӣ ҳангоми ворид шудан ба дохили автобусу троллейбус аз байн рафта, мардум бе ягон мушкилӣ нархи роҳкироро бо корти маошу нафақагирии хеш пардохт кардан мегиранд. Оё чунин амал имконнпазир аст? 

   Зафарҷон Бурҳонзода, директори иҷроияи ширкати “Авесто Гурӯҳ” дар сӯҳбат бо мухбири СССР иброз дошт, ки ширкати мазкур алакай вобаста ба ин пешниҳод бо “Амонатбонк” сӯҳбат намуда, роҳи ҳалли масъаларо меҷӯяд. Мавсуф мегӯяд, ки ин масъала ҳатман ҳал мешавад, танҳо ҳалли паҳлӯи молии он мондааст, зеро 1 корт чанд шлюз дорад ва ҳангоми пардохти пули роҳкиро дар вақти санҷидани баланси корт метавонад нофаҳмӣ ба миён ояд.

Дунё бо корту мо бо пул...

    Фаромуз Исоев, сокини пойтахт ва ҳамсӯҳбати дигари мо дар ин бора афзуд, ки кортҳои бонкии Тоҷикистон ғайр аз бонк дигар ба ягон ҷо лозим намеоянд. “Масалан, ман худам корти “unipay”, ки дар 145 давлат, инчунин дар кишвари мо низ фаъол аст, бо нархи 300 сомонӣ харидорӣ намудам. Ман ба тамоми бонкҳои худамон рафта, хостам пул хурд кунам, аз ҷумла,  бонкҳои “Эсхата”, “Спитамен бонк”, “Амонатбонк”, вале маблағи худро дастрас карда натавонистам. Хариду фурӯш дар кишвари мо тавассути кортҳо зиёд анҷом намешавад, ҳоло он, ки тамоми дунё аз пули нақд даст кашида, ба воситаи корт сарукор дорад. Дар бораи пардохти нақлиёт...умуман биёед ҳарф назанем, ки хандаовар аст...

Омирона Достиева, 

СССР

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter