ХАБАРИ ДОҒ

Мактаби №1-Таърихи зиндаи Маорифи Тоҷик

  • Панҷшанбе, Фев 27 2020

 

 

Вокуниш ба мақолаи «БОЗДОШТИ ОМӮЗГОР-ПЕДОФИЛ ДАР ПОЙТАХТ», КИ ДАР ГАЗЕТА ВА СОМОНАИ СССР НАШР ШУДА БУД.

Зикр намудан ба маврид аст, ки муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-и шаҳри Душанбе яке аз бонуфуз ва куҳантарин муассисаҳои таълимӣ дар пойтахт шинохта шуда, соли 1932 таъсис ёфтааст. Дар тӯли фаъолияти муассиса чеҳраҳои намоёни илму фарҳанг ва ходимони сиёсӣ, аз қабили Яқубов Наримон Холович - собиқ Вазири нақлиёти автомобилии РСС Тоҷикистон, Марат Орифов -ҳунарпеша  ва  коргардони  синамои  тоҷик,  Ҳунарпешаи  халқии Тоҷикистон,  дорандаи ҷоизаҳои кинофестивалҳои байналмилалӣ ва умумииттифоқӣ (СССР),  Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон,  узви Иттифоқи киноматографистони Тоҷикистон, Темур Зулфиқоров - тобонтарин ситораи тоҷики адабиёти рус, академикҳо-Зафар Усмонов, Яқубов Наим, Якубов Наримон, Каримов Ҷамшед, Хуршед Каримов ва дигар шахсиятҳо, ки айни ҳол дар тамоми соҳаҳо дар дохил ва хориҷи кишвар  сарбаландона фаъолият мекарданду менамоянд, ин даргоҳи муқаддасро хатм намудаанд.

Дар ин муддат дар муассисаи мазкур омӯзгорони пуртаҷриба Бахолдина Александра, Ламакина Валентина, Пачурина Светлана, Кравченко Екатерина, Реппа Фёдор, Скурихина Светлана, Казимова Маҳбуба, Абдулина София, Обидова Ҷамила, Сатхалова Анастасия, Саидова Барно, Азорабекова Омина, Умарова Хайринисо,  Завқова Сарвар, Бабаян Наталия шогирдонро дар руҳияи ҳамидаи инсонӣ тарбия намудаанд.

Иштироки омӯзгорони муассисаи мазкур дар озмунҳои соҳавӣ назаррас буда, тайи солҳои охир омӯзгор Коробкина  Вероника ғолиби даври ҷумҳуриявии озмуни “Муаллими сол-2012”,  омӯзгорон Вафоева  Ирина,  Обидова Ҷамила ғолибони даври шаҳрии озмуни “Муаллими сол-2008” ва “Муаллими сол-2013” гардиданд. Соли 2011 бошад омӯзгори ҳамин муассиса Обидова Ҷамила дар Конференсияи байналмилалӣ дар шаҳри Ханти-Мансийски Федератсияи Россия аз номи муассисаи таълимӣ иштирок намуда, дар рафти он соҳиби сертификати “Беҳтарин муассисаҳои таълимӣ” аз нигоҳи  ЮНЕСКО гардид.

  Дар соли таҳсили 2019-2020 дар муассиса 91 омӯзгор, ки аз онҳо 20 нафар дорои категорияи олӣ, 18 нафар  дараҷаи тахассусии якум, 14 нафар дуюм ва 43 нафар умумӣ ба таълиму тарбияи 2970 нафар хонанда машғуланд.  Инчунин, аз ҳайати омӯзгории имрӯзаи  муассиса 4 нафар омӯзгорон- Ғоибова Марҳамат, Обидова Ҷамила, Завқова Сарвар ва Бабаян Наталя бо унвони Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон мушарраф гардидаанд. 

 Аз соли таҳсили 2013-2014 то инҷониб 57 нафар хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1 ғолиби озмунҳои фаннии ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ гардиданд. Танҳо дар соли таҳсили 2018-2019 хонандагони муассиса Латифзода Парвона аз фанни таърих ва Раҳимов Некрӯз аз фанни технологияи информатсионӣ дар даври ҷумҳуриявии олимпиадаи фаннӣ дар байни хонандагон ғолиб гардиданд.

Дар соли таҳсили 2019-2020 7 нафар  хонандагони муассиса дар даври шаҳрии олимпиадаи хонандагон сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардида, ҳамзамон хонандагон-Давлатова Шифо, Латифзода Парвона гирандагони стипендияи Раиси шаҳри Душанбе ва Ҳусейнзода Замира, Ҳалимова Муфараҳ гирандагони стипендияи Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ барои хонандагони болаёқат мебошанд.  

Албатта, пешгирӣ ва мубориза бар зидди ҳамагуна омилҳои номатлуб вазифаи ҳар як шаҳрванд ба хусус омӯзгорон мебошад. Мо коллективи омӯзгории муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1 ҳодисаи ба амал омадаро маҳкум намуда (омӯзгорон ҳодисаи нангини дастдарозии собиқ муовини директор-Иванкин Вадим Виталевич, соли таваллудаш 1986-ро дар назар доранд, ки бо педофелизм номӣ гардид-ред.), ваъда медиҳем, ки минбаъд низ аз имконияту шароити беҳтарини муҳайёшуда дар самти таълиму тарбияи фарзандон камари ҳиммат мебандем. Мо Метавонем! 

 

Коллективи омӯзгории муассисаи

таҳсилоти миёнаи умумии №1

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter