ХАБАРИ ДОҒ

Тафсири сиёсати қурбии Бонки миллии Тоҷикистон дар соли 2020

  • Чоршанбе, Апр 08 2020

Бонки миллии Тоҷикистон ҳамчун мақоми танзимкунандаи бахши молиявию бонкӣ, сиёсати пулию қарзиро баҳри нигоҳдории муътадилии сатҳи нархҳои дохилӣ, коҳиш додани фишорҳои қурбӣ, ба танзим даровардани афзоиши ҳаҷми пул дар муомилот бо истифода аз механизму фишангҳои монетарӣ, амалӣ карда истодааст.

Айни замон, тибқи муқаррароти “Дурнамои сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2020 ва давраи миёнамуҳлат”, сиёсати қурбии ба реҷаи “шинокунандаи танзимшаванда” татбиқ карда мешавад.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки хуруҷ ва паҳншавии пандемияи коронавирус дар ҷаҳон ва таъсири он ба иқтисодиёти ҳамаи давлатҳо, аз ҷумла давлатҳои тараққикарда, инчунин ба иқтисодиёти аксари кишварҳои шарикони асосии тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон, зиёд гардидани лапишҳо дар бозорҳои молиявии ҷаҳонӣ, номуайяниҳо дар сиёсати иқтисодии ҷаҳон, ба маротиб паст шудани нархи нафт дар бозорҳои ҷаҳонӣ таҳдидҳои навро ба миён оварданд, ки бевосита таъсири манфии худро ба иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон мерасонанд.

Аз аввали сол то санаи 19 марти соли ҷорӣ тағйирёбии қурби расмии пули миллӣ нисбат ба доллари ИМА 0,6 фоиз коҳиш ёфтааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 ба андозаи 0,5 банди фоизӣ зиёд мебошад.

Қурби фурӯши доллари нақди ИМА бошад, дар бозори ғайрибонкӣ 6,2 фоиз баланд шудааст (аз 9,79 сомонӣ дар аввали сол то ба 10,40 сомонӣ дар санаи 19 март), ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5,3 банди фоизӣ зиёд мебошад.

Бояд зикр намуд, ки бо назардошти вазъи номуътадили иқтисоди ҷаҳонӣ, дар ин давра қурби расмии асъори миллии аксари кишварҳои шарикони асосии тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ, ноустувор гаштааст. Аз ҷумла, қурби рубли Федератсияи Россия – 24,7 фоиз, рубли Беларус – 15,8 фоиз, тангаи Қазоқистон – 14,8 фоиз, лираи Туркия – 8,6 фоиз, соми Қирғизистон – 4,7 фоиз, нисбат ба доллари ИМА коҳиш ёфтаанд.

Яке аз сабабҳои асосии баланд шудани қурби фурӯши доллари нақди ИМА дар бозори дохилии асъор ва зиёд шудани талабот ба он, ин афзоиш ёфтани тавозуни манфии савдои кишвар, коҳишёбии вуруди интиқолҳои пулӣ дар ин давра ва вобаста ба ин кам шудани пешниҳоди асъори хориҷӣ дар бозор ва ғайраҳо, мебошад.

Боиси таъсири омилҳои беруна ва дохилии мазкур, фарқияти байни қурби расмии Бонки миллии Тоҷикистон ва қурби фурӯши доллари нақди ИМА, тавассути анҷомдиҳии амалиётҳои хариду фурӯши асъори хориҷӣ дар бозори ғайрибонкӣ аз меъёри муқарраршуда - 2 фоиза гузашта, аз 2,2 фоиз дар санаи 25.02.с.2020 то ба 6,7 фоиз дар санаи 19.03.с.2020 зиёд гардид.

Қайд намудан зарур аст, ки гузариш ба реҷаи “ҳадафгирии таваррум” дар амалӣ гардонидани сиёсати пулию қарзӣ, ки аз соли 2018 оғоз гардидааст, аз Бонки миллии Тоҷикистон истифодаи механизм ва усулҳои ба он мутобиқро талаб менамояд.

Айни ҳол, Бонки миллии Тоҷикистон баҳри коҳиш додани фишорҳои қурбӣ дар бозори дохилии асъор, бо истифода аз тамоми манбаъ, имконияту воситаҳо, аз ҷумла механизми хариду фурӯши рубли русӣ, иҷро намудани уҳдадориҳои бо асъори хориҷӣ ифодаёфтаро, таъмин намуда истодааст.

Вале, новобаста аз ин, фарқияти аз меъёр зиёди қурби расмӣ ва қурби фурӯши доллари нақди ИМА дар бозори ғайрибонкӣ зиёд гардида истодааст, ки барои ба танзим даровардани он амалӣ намудани як қатор чораҳои иловагии фаврӣ, зарур мебошанд.

Бинобар ин, Бонки миллии Тоҷикистон барои коҳиш додани фишорҳои қурбӣ, таъсири хавфҳои асъории ҷойдошта ва таъмини риояи меъёри фарқияти то ба 2 фоизаи байни қурби расмӣ ва қурби фурӯши доллари нақди ИМА ва аз байн бурдани фарқият дар бозори ғайрибонкӣ, тасҳеҳи (коррексияи) якдафъаинаи қурби расмии доллари ИМА-ро ба андозаи то 5,0 фоиз амалӣ менамояд.

Ин имкон медиҳад, ки воридот ва интиқоли маблағҳо тавассути низоми бонкии кишвар бештар гардида, манфиати иниқолдиҳандагони маблағҳо аз хориҷи кишвар ҳимоя гардаднд, шаффофияти амалиётҳо бо мизоҷон таъмин карда шавад ва фаъолияти ҳаннотон дар бозорҳои ғайрибонкии нақдӣ маҳдуд гардад. Ҳамзамон, мутавозунии қурби пули миллӣ ба зиёд шудани ҳаҷми содирот ва воридот мусоидат намуда, боиси афзудани даромади буҷети давлатӣ мегардад.

Бонки миллии Тоҷикистон бо тамоми масъулият вазъияти сиёсати қурбиро зери мушоҳидаю таҳлил ва назорат қарор дода, барои таъмин кардани суботи бозори дохилии асъор ва муътадил нигоҳ доштани қурби пули миллӣ воситаю имконият ва захираҳои заруриро истифода менамояд.

 

Таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар Бонки миллии Тоҷикистон

19 марти соли 2020 дар Бонки миллии Тоҷикистон ҷашни байналмилалии Наврӯз бо баргузории ҷаласаи идона ва ташкили озмуни намоиши либосҳои миллӣ таҷлил карда шуд.  Чорабинии идонаро муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Лола Салимова ифтитоҳ намуда, фарорасии ҷашни байналмилалии Наврӯзи оламафрӯзро ба кормандони низоми бонкӣ ва дар симои онҳо, ба тамоми сокинони кишвар муборакбод гуфт.

Лола Салимова зикр намуд, ки Наврӯз аз муборактарин ҷашнҳои миллии мо тоҷикон ва дигар мардумони ҳавзаи Наврӯз маҳсуб шуда, аз замонҳои қадим то ба имрӯз бо ғояҳои олии башарӣ, дӯстию иттиҳод, созандагӣ, ободкорӣ, инсонпарварӣ ва шукргузории бепоён аз неъматҳои табиат мардумро гирди ҳам овардааст. 

Бо шарофати Истиқлолият ва дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Наврӯз дар баробари ҷашни Истиқлолият муҳимтарин ҷашни миллии мо эълон шудааст ва ҳамасола бо шаҳомати хос дар саросари ҷумҳурӣ таҷлил карда мешавад.

Ҳамчунин, моҳи феврали соли 2010 бо кӯшиш ва ташаббуси Пешвои миллат иҷлосияи 64-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар хусуси ҷашни байналмилалӣ эълон кардани Наврӯз қатънома қабул кард ва ҷашни фархундаи Наврӯз ба ҷашни ҷаҳонӣ табдил ёфт ва акнун дар тамоми ҷаҳон ҷашн гирифта мешавад,-таъкид намуд муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Лола Салимова. 

Зимни чорабинӣ таъкид гардид, ки ҳар ҷашну маросими мардумӣ ҳикмат ва баракате дорад. Хусусан дар айёми Наврӯз, ки зиндагию рӯшноӣ, некию накукорӣ, сулҳу созандагиро меситояд ва мақоми инсонро азизу гиромӣ медорад, баргузории ойинҳои ҷуфтбаророн, хонабаророн, оташафрӯзон, гулгардонӣ, суманакпазӣ, аёдати беморон, ёд кардани гузаштагон, навозиши сари ятимону бепарасторон, хайру эҳсон ба ниёзмандону дармондагон ба анъанаҳои нек табдил ёфтааст.

Бо назардошти ин оини наврӯзӣ, Бонки миллии Тоҷикистон низ ба сифати сарпараст ба Хона-интернати беморони рӯҳии ноҳияи Ҳисор пайваста дасти мадад дароз мекунад ва ҳамчунин, минбаъд ҷиҳати тозаю покиза нигоҳ доштани макони зисту кор ва дар чор фасли сол ба наврӯзгоҳи ҳақиқӣ табдил додани он талош менамояд. 

Дар идомаи чорабинӣ барои таҷлили бошукуҳи ҷашни фархундаи Наврӯзи байналмилалӣ озмуни намоиши либосҳои миллӣ гузаронида шуд. Зимни баргузории озмуни намоиши либосҳои миллӣ дар Бонки миллии Тоҷикистон бонувони бонк либосҳои миллӣ ва анъанавии мардуми тоҷик, аз ҷумла атлас, адрас ва чаканро ба намоиш гузоштанд. Озмуни мазкурро ҳайъати комиссия баҳогузорӣ намуда, ғолибони онро муайян ва бо туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонид. 

Дар ҳамин гуна фазои идона чорабинии наврӯзӣ ба поён расид ва зимни ҷамъбасти он муовини Раиси БМТ Лола Салимова бори дигар ҳозиринро бо фарорасии Наврӯзи фархундапай муборакбод гуфт ва ба ҳамаи иштирокдорон муваффақият ва комёбиҳо таманно кард.

 

Шуъбаи матбуоти БМТ

 

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter