Принт

“IRS” БА ТАВСЕАИ ПАРДОХТИ ҒАЙРИНАҚДӢ ҲАВАСМАНД АСТ

Ронандагонро мебояд аз  имкониятҳои бо ин мақсад  фароҳамшуда самаранок истифода баранд    

   Далелҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки аз ҷониби роҳбарияти филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста навгониҳо ҷорӣ шуда, ба беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонӣ, тавсеаи пардохти ғайринақдӣ, ба талаботи байналмилалӣ мутобиқ намудани ҳолати роҳ ва раванди нигоҳдории он рабт доранд. 

   Мавриди истифода қарор гирифтани плазаҳои нави толлингӣ ба ҷои плазаҳои амалкунанда шаҳодати гуфтаи боло буда, дар баробари бартариҳои дигар, ба рушди соҳаи сайёҳӣ дар мамлакат низ мусоидат намуда истодааст.  Садҳо далел мавҷуд аст, ки аксари сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ, ки тариқи роҳи Душанбе – Чанок сафар мекунанд, аз ҳолати роҳ ва ибтикороти амалинамудаи роҳбарият ва кормандони филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қаноатманданд.

      Эътироф бояд кард, ки чанд соли охир пардохти ғайринақдӣ аз ҷониби шаҳрвандони мамлакат тавсеа ёфта, раванди дастрасӣ низ ба онҳо хеле сода гардонида шудааст. Тибқи маълумоти оморӣ, айни замон дар ҷумҳурӣ теъдоди истифодабарандагони кортҳои пардохтӣ қариб ду миллион нафарро ташкил медиҳад ва ин раванд бемайлон идома ёфта истодааст. Ҳамрадиф бо ин иқдомот, бонкҳои кишвар низ фаъолияти хешро дар ин ҷода густариш бахшида, ҳатто дар дурдасттарин минтақаҳо банкоматҳои худро ба истифодаи мизоҷон вогузоштанд. Аммо фарҳанги пархти ғайринақдӣ аз ҷониби шаҳрвандон «ба ҳар ду пой мелангад».

  Пӯшида нест, ки ҳоло қисми зиёди шаҳрвандони ҷумҳурӣ то чӣ андоза манфиатовар будани пардохти ғайринақдиро дарк накардаанд. Бинобар ин, рӯ овардан ба пардохти ғайринақдиро мувофиқи мақсад ва заруру ногузир аст. Ронандагон бояд дуруст дарк намоянд, ки истифодаи RFID (чипе, ки онро дар пештоқи оинаи автомобил насб карда, бидуни таваққуф плазаро гузаштан имконпазир аст) ва  кортҳои электронии филиали Ширкат бартариҳои зиёд дорад. 

   Аввалан, он воситаи хеле қулайи баҳравар гаштан аз хизматрасониҳои пешниҳодменамудаи филиали Ширкат  ба ҳисоб рафта, вақти ронандагону мусофиронро сарфа менамояд.  

  Сониян, ин иқдом   то андозае ба коҳиш ёфтани пули нақд дар гардиш, ки аз лиҳози иқтисодӣ хеле муҳим аст, боис мегардад. Таъкид менамоем, ки истифодаи ин намуди хизматрасонӣ ба майлу иродаи шаҳрвандон вобаста буда, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ метавонанд дар низоми толлингии филиали Ширкат дар муддати кутоҳ суратҳисоби худро кушоянд ва аз имкони пардохти маблағи гузариш аз плазаҳо бо роҳи ғайринақдӣ баҳравар шаванд.    

   Муҳим он аст, ки истифодаи RFID (чипе, ки онро дар пештоқи оинаи автомобил насб карда, бидуни таваққуф плазаро гузаштан имконпазир аст), кортҳои марбут ба филиали Ширкат бе иштироки хазинадор, ки қаблан тариқи нақд маблағро қабул мекард, имконпазир аст. 

   Барои онҳое, ки дар пештоқи оинаи автомобилашон RFID насб шудааст, имкон фароҳам меояд, ки умуман дар палазаҳо таваққуф накунанд. Ба ибораи дигар, барои чунин ашхос зимни ҳаркат дар роҳи автомобилгарди Душанбе – Чанок филфавр “чароғаки сабз” фурузон мегардад. 

   Ҳамрадиф бо ин, онҳое, ки аз  кортҳои пардохтии “IRS”  истифода мекунанд, аз бисёр лиҳоз бурд хоҳанд кард. Масалан, ба дорандаи чунин корт кофӣ аст, ки кортро ба панели берунаи пардохт, ки дар ҷойгоҳи хазинадор насб шудааст, наздик барад.  Таҷҳизоти замонавии насбшуда фавран ба кор даромада, маблағи пешбинишуда гирифта, роҳ барои гузариши воситаи нақлиёт кушода мешавад. 

  Истифодаи чунин корт дар баробари бартариҳои зикршуда, ҳамчунин, замина фароҳам меорад, ки тамбашавии автомобилҳо дар плазаҳои толлингӣ умуман  аз байн равад. Зеро сураъати хизматрасонӣ бамаротиб афзуда, сифати он беҳбуд меёбад.

    Хотиррасон бояд кард, ки кушодани суратҳисоб ва гирифтани корт осон ва дар муддати кутоҳ имконпазир буда, шаҳрвандонро мебояд нусхаи шиноснома, нусхаи РМА  (ИНН), нусхаи шиносномаи техникии автомобил, нусхаи ваколатномаро (агар воситаи нақлиёт таҳти соҳибияти дигар шахс бошад), ба пешниҳод намояд. Бо мақсади осон намудани дастарсии шаҳрвандон ва сарфи вақти онҳо шароит фароҳам шудааст, ки дар сомонаи филиали Ширкат – www. irs.tj аз тариқи онлайн ба ин намуди хизматрасонӣ пайваст гарданд.  Ҳамрадиф бо ин, пардохт аз тариқи кортҳои бонкӣ низ мумкин буда, ин амал  бо кумаки хазинадор амалӣ гардида, доштани корти бонки дахлдор ҳатмӣ мебошад. Маълумоти иловагӣ дар саҳифаи филиали Ширкат дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук, сайти филиали Ширкат ва аз тариқи телефони 48 701 10 20 қобили дарёфт аст.  

    Ибтикори мавриди назар далели возеҳи он аст, ки роҳбарияти филиали Ширкати саҳомии “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  , дар ин самт корҳои зиёдро ба иҷро расонидаанд. Боварӣ дорем, ки ояндаи наздик истифодаи кортҳои пардохтӣ ҳангоми пардохти хизматрасонии филиали Ширкат ба падидаи маъмул табдил ёфта, кулли шаҳрвандони аз истифода хоҳанд кард. 

 

Маркази матбуоти филиали Ширкати саҳомии “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

 

Матлабҳои дигар