Принт

Ҳафтаи байналмилалии ” Global Money Week-2020” дар БДА ҶТ «Амонатбонк»

Ҳафтаи байналмилалии Global Money Week-2020 моҳи саводнокии молиявиро масъулини БДА ҶТ Амонатбонк дар як қатор филиалҳои Бонк баргузор намуданд.

“Омӯзед! Захира кунед! Пул кор кунед!” -шиори расмии Global Money Week-2020. Таҳти ин шиор гуруҳи кории Бонк чорабинии худро дар филиали №61-и «Амонатбонк» дар ноҳияи Фархор дар ҳамкорӣ бо Фонди хазинаи байналмилалии Олмон оғоз намуданд.

Дар оғози чорабини муовини Раиси Раёсат Шаҳло Сайфзода ҳамаи иштирокчиёни чорабинии мазкурро бо имкониятҳои муосири имрӯзаи «Амонатбонк» ошно карда таъкид намуданд, ки ҳадафи асосӣ чорабинии мазкур баланд бардоштани саводнокии молиявии аҳолӣ, рӯҳбаланд кардани кӯдакон ва ҷавонон барои нигоҳубини пул ва дар ниҳоди онҳо сайқал додани малакаи соҳибкорӣ мебошад, зеро дар шароити кунунӣ ҷалби кӯдакон ва ҷавонон ба бахши молиявӣ аҳамияти махсус дорад.

Дар филиали №61-и «Амонатбонк» дар ноҳияи Фархор семинари машваратӣ дар мавзӯи “Такмили маърифати молиявии аҳолӣ” гузаронида шуд. Дар рафти семинар ба иштирокдорон корманди Фонди хазинаҳои амонатгузорӣ оид ба ҳамкориҳои байналмилалии Олмон дар мавзуҳои нақши пул, қоидаҳои идоракунии пул, банақшагирии молиявӣ ва буҷети оила, таваррум ва таъсири он ба имкониятҳои иқтисодии давлат ва субектҳои хоҷагидор, нақши бонкҳо дар рушди иқтисодиёт дарси омӯзишӣ гузаронид.

Маъракаи Global Money Week-2020 дар филиалҳои Бонк ва марказҳои хизматрасонӣ идома дошта, давоми як моҳ оид ба саводнокии молиявӣ барои хонандагон ва донишҷӯён семинару тренинг аз ҷониби мутахассисони “Амонатбонк” гузаронида мешавад. Чун анъана иштирокчиёни фаъол дар охир бо туҳфахои хотиравӣ сарфароз гардиданд.

 

Оғози курсҳои бозомӯзии кормандон дар БДА ҶТ "Амонатбонк"

Бо мақсади баланд бардоштани савияи дониш, малака, касбияти кормандони Бонк, бо дастур ва супориши  Раиси Раёсати Бонки давлатии амонатгузории Ҷумхурии Тоҷикистон «Амонатбонк» Сироҷиддин Икромӣ Идораи методология ва бозомӯзии кормандон таъсис дода шуд. Бояд қайд кард, ки дар бинои нави Бонк барои омӯзиш ва такмили ихтисос ҳамаи шароитҳо фароҳам оварда шуда, толорҳои омӯзишӣ, утоқи тарҷумаи синхронӣ, бо технологияҳои муосири иттилотиву дафтардорӣ муҷҷаҳаз гардонида шудааст.

Маврид ба зикр аст, ки аз ҷониби Идораи методология ва бозомӯзии кормандон, барои кормандони филиалҳои БДА ҶТ «Амонатбонк», дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ, давоми 5-рӯз тренинги омӯзишӣ дар мавзӯи «Таҳлил ва пешниҳоди қарзҳои хурд» гузаронида шуд. Дар тренинги мазкур тамоми ҷабҳаҳои таҳлили молиявӣ, аз ҷумла ҷалби мизоҷон ва пешниҳоди қарз, таҳияи ҳисоботҳои молиявӣ, хавфҳои қарзӣ ва пешгирии он, гарав ва баҳодиҳии амволи гарав, мониторинг, истифодаи мақсадноки қарз ва ғайра фаро гирифта шуд. 

Ба иштирокчиёни тренинг аз ҷониби мутахассисони Раёсати Бонк, аз ҷумла Сардори идораи методология ва бозомӯзии кормандон Умарзода З, кормандони Идораи мазкур Буриев У.Н, Зокирова С, мушовири Раиси Раёсат оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ-Икромов З. ва сардори Идораи қарздиҳии Департаменти қарздиҳӣ, Фаррухзода С, дарсҳо гузаронида шуданд.

Дар хотима тренинг тавассути саволу ҷавоб ҷамъбаст гардида, ҳаллу фасли мушкилотҳо, пешниҳоду таклифҳои филиалҳо мавриди муҳокима қарор дода  шуданд. Идораи методология ва бозомӯзии кормандон, минбаъд низ тасмим гирифтааст, ки дар тамоми филиалҳои Бонк, оид ба мавзуъҳои самти афзалиятноки фаъолияти бонкӣ, инчунин масъалаҳои рӯзмарраи ҷомеа, тренингу семинарҳои омӯзишӣ, конфронсу мизҳои мудаввар ташкил намояд.

 

Кортҳои пардохтии «Амонатбонк»

Кортҳои  пардохтии бонкӣ – ин воситаи қулаи нигоҳ доштани маблағ буда, хавфи гум кардан ва дуздидан аз байн бардошта мешавад. Ҳамзамон кортҳои пардохтӣ - сарфаи вақт, хизматрасонии қулай, тахфифҳо ҳангоми харидорӣ ё пардохти ҳаққи хизматрасонӣ дар ташкилотҳои савдо ва хизматрасонӣ мебошад. 

 

Намудҳои кортҳо аз Низоми байналхалқии VISA International

Афзалияти кортҳои мо-Бехатарии маблағҳои Шумо.

Имконияти шабонарӯзӣ дастрас намудани маблағҳои нақдӣ дар зиёда аз 50 банкомат. Дар ҳар нуқтаи дунё метавонед бо тарзи ғайринақдӣ ё бо Интернет маҳсулот харидорӣ намоед ва ё ҳаққи хизматрасониро пардохт намоед.

Ҳангоми сафар кардан ба хориҷа зарурияти баёноти маблағҳо вуҷуд надорад.

Хабардор шудан аз ҳар як амалиёт бо корти худ тариқи SMS-хабар.

Суратҳисоби шуморо наздикону пайвандонатон метавонанд  пур кунанд.

Бонк ба мизоҷони худ кортҳои пластикии локалӣ, Корти миллӣ, VISA Electron, VISA Classic  ва боз ҳам бонуфуз VISA Gold пешниҳод мекунад. Кортҳои миллӣ (пардохти миллӣ)-ба ҳамаи хоҳишмандон барои истифода намудан дохили ҷумҳурӣ, ҳамчунин амалӣ шудани лоиҳаҳои маош бо ташкилотҳои шакли моликияташон гуногун дода мешавад. Арзиши корт 20 сомониро ташкил медиҳад.

Афзалияти асосии корти мазкур: дастрасӣ ба маблағ; бо ҳисоби сомонӣ бароварда мешавад; муаммои вобаста ба пасту баландшавии асъор ва бақияи корт.

 

Корти VISA Electron

Кортҳои байналхалқии арзон ба Шумо дар сафарҳо ва ҳаёти ҳамарȳза кȳмак мерасонад. Дар ҳар банкомат ва POS-терминалҳои дигар кишварҳои дунё хизмат расонида мешавад.  Арзиши корт 50 сомониро ташкил медиҳад.

Афзалияти асосии  корт:  Дар ҳар нуқтаи дунё метавонед хизматрасониро анҷом диҳед. Имконияти пардохти молҳо ва хизматрасониҳо дар ширкатҳои тиҷоратию хизматрасонӣ.

 

Корти VISA Classic

Кортҳои пардохтии маъмул барои сафар ба хориҷа пешбинӣ шудааст. Дар ҳама нуқтаҳо хизмат расонида мешавад, ки логотипи низоми пардохтии Visa аст.

Арзиши корт 145 сомониро ташкил медиҳад. Амонати суғуртавӣ-500 сомонӣ 

Афзалияти асосии  корт:  Дар ҳар нуқтаи дунё метавонед бо тарзи ғайринақдӣ ё бо Интернет маҳсулот харидорӣ намоед ва ё ҳаққи хизматрасониро пардохт намоед. Имконияти пардохти молҳо ва хизматрасониҳо дар ширкатҳои тиҷоратию хизматрасонӣ. Корт барои онҳое пешбинӣ шудааст, ки даромади миёна доранд ва таҷрибаи муомила бо кортҳои бонкӣ доранд.

 

Корти VISA Gold

Корт дорои имконияти васеъи истифодабарӣ буда, ҳолати дорандаи худро ҳамчун шахси сарватманд муаррифӣ мекунад. Арзиши корт 195 сомониро ташкил медиҳад. Амонати суғуртавӣ-2500 сомонӣ

Афзалияти асосии корт:  Дар ҳар нуқтаи дунё метавонед бо тарзи ғайринақдӣ ё бо Интернет маҳсулот харидорӣ намоед ва ё ҳаққи хизматрасониро пардохт намоед. Имконияти пардохти молҳо ва хизматрасониҳо дар ширкатҳои тиҷоратию хизматрасонӣ. Тахфифҳои калон ва пешниҳоди фоиданок аз рȳи барномаи байналхалқии «Visa Special Offers».

VISA Gold барои кӣ  пешбинӣ шудааст? Барои мизоҷони бонуфуз ҷиҳати нигоҳ доштани обрȳ ва нуфуз.

 

Лоиҳаи музди меҳнат

БДА ҶТ «Амонатбонк» барои корхонаҳо ва ташкилотҳои сохторашон гуногун, хизматрасонии пардохти музди меҳнатро тариқи кортҳои пардохтии бонкӣ пешниҳод менамояд. Лоиҳаи мазкур барои ташкилот чунин имкониятҳо медиҳад:

Саривақт ворид намудан ва пардохт кардани маоши кормандон тариқи  Банкомат ва ПОС-терминалҳо; Таъмин намудани махфияти маълумот оиди ҳаҷми маоши кормандон; Кам кардани ҳаҷми хароҷоти корхона ва ҳал намудани масъалаи ҳамлу нақли дороиҳо ва нигоҳдории он; Озод шудан аз мушкилии маблағҳои аз тарафи кормандон гирифта нашуда ва кам намудани хароҷоти хазинавӣ;

Баланд бардоштани нуфузи ташкилот аз ҳисоби истифодабарии технологияҳои замонавӣ ва пешқадам; Таъмин намудани хизматрасонии шабонарузӣ тариқи банкоматҳо барои кормандон. Новобаста аз соати кории бонк, кормандон метавонанд маблағҳои дар корти пардохтии бонкӣ доштаи худро гиранд; Аз байн бурдани навбат дар назди хазинаи ташкилот ҳангоми тариқи нақдӣ гирифтани маош дар рузҳои гузаронидани музди меҳнат. 

 

Кормандони ташкилот чунин имконият ба даст меоранд:

Гирифтани маоши худ аз хамаи шабакаҳои терминалии Бонк; Пардохт кардани маҳсулотҳои харидашуда ва хизматрасониҳо бо корти пардохтии бонкӣ дар мағозаҳо тариқи ПОС-терминал; Нест кардани хавфи гум шудани маблағ ҳангоми гум кардани корти пардохтии бонкӣ; Доштани кафолат оиди ҳаҷми даромад;

Мувофиқи талаботи корманд сарф намудани маблағи дар корт буда. Беруннависӣ (выписка) бонк, имконияти банақшагирии маблағҳои худро барои корманд дастрас менамояд. Гирифтани маблағи дилхоҳ ҳангоми гузаронидани амалиёт;

Новобаста аз ҷои қарордошта имконияти гирифтани маблағҳои худ (сафари хизматӣ, рухасатии меҳнатӣ, рухсатии табобатӣ ва ғ.).

 

Шуъбаи матбуоти БДА ҶТ «Амонатбонк»

 

 

 

Матлабҳои дигар