ХАБАРИ ДОҒ

Ғариву пешхезӣ (Ё найрангбозӣ дар мактаби Кембриҷи Англия дар Душанбе)

  • Чоршанбе, Июл 22 2020

 

 Ба таваҷҷӯҳи Вазири Маориф ва илми ҶТ, мӯҳтарам Маҳмадисуф Имомзода 

Ба таваҷҷӯҳи сафири Англия дар ҶТ, мӯҳтарам Мэтю Лоусон

Соли 2018 дар Тоҷикистон ҳодисаи таърихӣ ба вуқуъ пайваст. Дар пойтахти кишвар Мактаби бритонии Академияи Кембриҷ (Cambridge Worldwide Academy) ба кор шуруъ кард. Хурсандии волидайнро, ки мехостанд атфолашон соҳиби дипломи ин академияи воқеан ҳам №1 дар ақсои олам шавад, ҳадду канор набуд. Зеро бар тибқи иттилоъи Шабнам Алиназарова-менеҷери кадрҳои академияи мазкур, Cambridge Worldwide Academy ба атфоли тоҷик на 1, на 2, балки 4 сертификат медод. Хонум Шаҳло шояд барои пиар ва рекламаи академияашон ба хабарнигорон гуфта буд, ки

 “Дар баробари аттестати маорифи ҶТ ҳамзамон ба хатмуттаҳсилин аттестати хатми мактаби миёнаи Британияи Кабир дода мешавад. Рӯиҳамрафта, 2 сертификати дигар зам мегардад:

Сертификати пешвоӣ (лидерство) ва раёсат (управление)

Сертификати донишҳои корпоративӣ.

Дар ҷамъ бо ин 4 ҳуҷҷат хонандагони мо дар хориҷи кишвар, ба вежа Аврупо соҳиби ҷои кори хуб мешаванд”.

Нархи баланди Кембриҷ

Ва ҳарчанд маблағи таҳсил дар ин мактаб барои Тоҷикистон беандоза баланд буд, табиист, ки мардум барои дониши фарзандони худ, ояндаи рахшони онҳо, ба масале “куртаи охирини худро фурӯхта”, пул ёфтанд. Таҳсил дар Cambridge Worldwide Academy  аз синфи 1 то 9 84,7 ҳазор сомонӣ ($8 900) дар 1 сол буду аз синфи 10 то 13 (онҳо мисли мо 11 сол неву 13 сол мехондаанд!) 90,8 ҳазор сомонӣ ($9 600). Табиист, ки маблағгузорӣ бо қурби доллар пардохт мешуд ва бо пастшавии қурби сомонӣ қимати таҳсил рӯз то рӯз боло мерафт.

Коронавирус ва Кембриҷ

Банда, ки ба сатҳи донишандӯзии атфол сахт аҳамият медиҳам, низ писарам Мубориз Достиевро баҳори имсол аз Мактаби байнулмилалии президентӣ (IРS) гирифта, ба Cambridge Worldwide Academy бурдам. Бо ин ният, ки сатҳи англисидонӣ ва донишандӯзияш тақвият ёбад. Усулан, роҷеъ ба сатҳи дониш дар ин мактаб чизе гуфтанӣ нестам. Зеро дарак ҳам надорам. Чунки, таври маълум, баъди ҳамагӣ чанд ҳафта хондани Мубориз дар ин академия, дар Тоҷикистон низ коронавирус ба қайд гирифта шуда, мактаби фавқ ба карантин баста шуд. Акнун дарсҳо бояд тариқи он-лайн мегузаштанд.

Вале хонандаи гиромӣ, дар ин мактаб чунон бепарвофалакӣ, беэътиноӣ, бенизомӣ ва бетартибӣ ҳукмрон будааст, ки ҳамон дарсҳои он-лайниро низ баъди 2 ҳафтаи даводаву арзу шикоятҳо ба Мубориз васл карданд! Сипас, пули пардохти интернет сар шуд! Ҷои оне, ки мактаб ақаллан аз ҳисоби пуле, ки барои таҳсил, сару либосу ғизои мактаббачаҳо мегирад, ба кӯдакони Тоҷик раҳму шафқат намуда, ақаллан дарсҳои интернетиашонро ройгон кунад, баракс тариқи “Барномаи Зум” , ки хеле гаронарзиш аст, ба онҳо дарс медод.

Телефони нав ҳам харидем (дар Тоҷикистон тибқи қонунгузорӣ мактаббача набояд телефон дошта бошад!) ва ҳамарӯза 2-3 Гиг интернет харидорӣ мекардем. Зеро барномаи “Зум” тариқи шабакаҳои хориҷӣ пайваст мешавад ва хеле гаронарзиш аст!!!

 Инаш ҳам гӯрба!-гуфти Ортиқи Қодири беҳамто. Тоқат кардему пул додем. Вале ҳамон дарсҳои он-лайнияшон низ сарам-дилам мегузашт. Муаллимин аслан парвое надоштанд, ки бачаҳо дар дарс ҳастанд ё на? Ягон нафар, бидуни хонум Ашӯрова-маъмури ин даргоҳ аз ҳоли кӯдакон хабар намегирифт. Роҳбари синфро рӯзу ҳафтаҳо ҷуста намеёфтем.

Воқеан бо ин пуле, ки шахсан ман пардохт кардам (35000+7500=42.500 TJS) барои ҳамагӣ ним моҳ ҳам не (!!!), Мубориз метавонист, бо 10% ин пул ҳамаи дарсҳояшро аз интернет харидорӣ намудаву машғул бошад. Мо барои интернет-таҳсил не, барои дарси зинда бо муаллими зинда ин миқдор пул пардохт кардаем!!! 

Дарс набуду пулро диҳед!

14.07.2020. Соат ба вақти Кембриҷ 10:53 дақиқа. Ва болои ана ин ҳама фиребу найранг масъулини Cambridge Worldwide Academy аз рӯи масали “Ғариву пешхезӣ” амал карда, имрӯз хонум Ашӯрова, занг зада мегӯяд, ки Шумо бояд барои таҳсили писаратон боз...фалон қадар маблағ пардохт намоед!

Ман 1 чиро нафаҳмидам ва мехоҳам расман Вазорати Маориф ва илми ҶТ, Сафорати Англия дар ҶТ ва директори Cambridge Worldwide Academy ба мани бесавод шарҳ диҳад, ки ҷои кам кардан ва ё баргардонидани маблағи таҳсили кӯдакони Тоҷик, дар ҳолати карантинӣ ва вирусӣ ва таҳсили он-лайнӣ, ки муаллимон аз хонаҳошон дили нохоҳам ба кӯдакон дарс мегуфтанд, чаро боз маблағ талаб мекунанд? Ё фикр намекунед, соате расида, ки Прокуратураи генералӣ низ ба қазия қӯш шаваду мавзуъро ба баррасӣ кашад? Зеро то ҷое медонем, Президенти ҶТ бо судури 1 амр, дар шабурӯзи коронавирусӣ, ба тамомии мардуми кишвар сабукӣ оварда буд. Инҳо вазнинӣ меоваранд! 

Cambridge Worldwide Academy бар тибқи қавонини 2 кишвар-Тоҷикистон (дар мадди аввал) ва Англия (дар мадди дуввум) амал мекунад. Пас онҳо набояд ба мардум сабукӣ оранд? Хоса дар мавриде, ки бархе мударрисинашон ҳатто аз хориҷа низ дарс мегуфтанд (аслан дигар фарқаш чист аз хориҷа ё Душанбе? Зеро кӯдак муаллимро надид, қобилияти донишандӯзияш ба карат поин мешавад. Дар сурати акс мактабу академияҳои зинда ба чӣ лозиманд?!).

 

Ба умеди расидагӣ ба мушкили ман ва дигар волидайн,

Достиев С.М.

падари Мубориз Достиев-хонандаи Cambridge Worldwide Academy,

журналист

 

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter