Принт

Дарвоз & Шералӣ ва баракс

 

Дар пасманзари корҳои сохтусозӣ барои сазовор ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ, сарватмандону раисону вазирон, соҳибкорон ва куллияи мардуми тавондори Тоҷик саҳҳиманд. Вале агар гӯям, ки Шералӣ Кабиров яке аз авангардҳои ин амри Президенти ҶТ мебошад, хато нахоҳам кард. Зеро имрӯз ҳар куҷое ободӣ ҳаст, дасти ӯ ва изи пойи корхонаи зертобеаш ҳис мегардад. Ба вежа дар Дарвоз-ватани бобоияш, ки ҳини сафари мо бо гӯши худ мешунидем, ки кӯдакони дарвозӣ мегуфтанд: 

«Мехоҳам калон шаваму мисли Шералӣ Кабиров шавам!». 

Сафари мо-чанд нафар аз бонувони журналисти тоҷик, Ҷамила Ҳусейнова, Лидия Исамова РИА Новости, Роза Шапошник Азия плюс, Парвона Аҳрорӣ-журналисти мустақил,  ба ноҳияи Дарвози ВМКБ ғайричашмдошт ва бе огоҳиву тайёрии хосса сурат гирифт. Бояд гуфт, ки соле ҳатман 1-2 маротиба мо дугонаҳо бо ҳам ҷамъ омада ба ин ё он гӯшаи диёр роҳ пеш мегирем, истироҳат мекунему ҳам бо минтақаҳои Тоҷикистони азиз, бо зисту зиндагонии мардум ва ободии диёр ошно мешавем. Ин дафъа Дарвозро бесабаб интихоб накардем, моро мавзеи зебои «Чорчаман»-у табиати нотакрори Қалъаи Хумб хеле вақт боз мафтуну ба худ ҷалб мекард. Ҳатман, ки сафари занҳо боз ҳам занҳои журналист бо чақ-чақи намакину латифаву зарофат мегузарад ва мо ҳам аз ин чиз дур набудем, аммо ҳоло ман мехоҳам дар бораи ноҳияи Дарвозу мардумонаш чанд мушоҳидаи худро нависам.

Самимияти дарвозӣ

Вориди ноҳияи Дарвоз шудему манзараи тамоман дигар боз шуд. Хонаҳои зебои мардум, истгоҳҳои хуб, биноҳои наву замонавии мактабу бунгоҳҳои тиббӣ, идораҳои маъмурӣ, долу дарахти пурбору дарёву чашмаҳои оби сарду нилгундошта диққати моро бештар ба худ ҷалб мекарданд. Ҳар ҷойе таваққуф мекардем, ҳатман бо сокинони ин ё он деҳа, амсоли Жак, Нулванд, Шкев, Ёгед суҳбат карда, ҳолу аҳвол мепурсидем. 

Мардуми деҳот, ки аз коронавирус ва ҳаёҳӯи он дуранду камхабар, аз паси кишту дараву боғу ҳосилу молу рӯзгори худ саргардонанд. Ва ҳар ҷойе ист мекардем, ҳатман кадбонуҳои дарвозӣ табақи пур аз анҷиру себу нок ва косаи асал мебароварданд: 

«Шумо чунин неъматро дар шаҳр надоред!»-мегуфтанд кадбонуҳои дарвозӣ. Бо самимият ва лутфу меҳрубонии хоссаи куҳистонӣ, ки онро мо сокинони пойтахт тамоман гум кардаем, моро ҳар дарвозӣ пешвоз мегирифт...

Шералии Дарвоз

Воқеан ноҳияи Дарвоз назар ба дигар ноҳияҳои ВМКБ, ки аз ҳамаи онҳо боздид ба амал овардаам, ободтар ба назар менамояд. Намехоҳем ин гуфтаҳо малоли хотири дӯстони бадахшониамон шавад, вале эшон худ шоҳиданд, ки тайи 10 соли ахир Дарвоз чӣ қадар рушду пешрафт кардааст. Ва саҳму заҳмату талоши Шералӣ Кабиров, 1 нафар ҷавонмарди зодаи ин диёр ва тоҷири муваффақи тоҷик дар ободии Дарвози имрӯз кам нест. 

Дар муддати 2 рӯзи сафар ҳар куҷое мерафтем, мешунидем, ки «ин биноро Шералӣ кардааст, фалон корхонаро Шералӣ бунёд намудааст, он маконро Шералӣ обод кардааст!». Ҳатто кӯдакони дарвозӣ мегӯянд, ки «Мехоҳам калон шаваму мисли Шералӣ Кабиров бошам!». Агар гӯям, ки барои сокинони Дарвоз Шералӣ Кабиров қаҳрамон, намуна, пири кор, даст ба хайру сахиву валӣ ва Ҳотами Той аст, хато намекунем ва барои ин гуфтаҳо далел ҳам дорем.

Аз НБО то парки иноватсионӣ ва афлесун

Бояд гуфт, ки бо ташаббус, дастгирӣ ва кӯмаки Шералӣ Кабиров дар соли ҷорӣ дар деҳаи Вишхарви н.Дарвоз корхонаи «Карон-калсит», меҳмонхонаи муосири «Чорчаман-Хилз», порки инноватсионии саноатию муосир бо бренди «Ratel» бунёд ёфт, ки он аз қисмати коргоҳҳои хурди истеҳсол ва бастабандии асалу оби тозаи ошомиданӣ, ниқобҳои тиббиву маҳлулҳои безараргардонӣ ва боғҳои замонавии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва ситрусӣ бо технологияи беҳамто иборат аст. Ин корхонаҳо метавонанд на танҳо ВМКБ, балки шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлобро низ бо маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ таъмин намоянд. Воқеан ҳам, 1 нукта бисёр ҷолиб аст, корхонаҳое, ки ин соҳибкор месозад, нақшаи дуру наздик доранд, ояндадоранд ва муҳимтар аз ҳама аллакай даромад-«прибыл» меоранд!

Ба ғайр аз ин, аз ҷониби Шералӣ Кабиров дар маркази шаҳраки Қалъаи Хумб Маркази бонувон, тарабхонаи «Ориёно», меҳмонхонаи «Карон»-яке аз лоиҳаҳои камназир дар кӯҳсор, мактаби муосири бо тамоми таҷҳизоти лозима барои хониш бунёд, таҷдид ва азнавсозӣ карда шудааст. Боғи фарҳангию фароғатӣ бо рамзи манораҳои Эйфели Парижу Биг-Бен (Соати Бузурги Лондон) ва дигар аҷоиботи олам ҳар шом макони фароғат ва дӯстдоштаи дарвозиҳо шудааст. 

Шералӣ Кабиров ҳатто бинои МИҲД н.Дарвозро низ таъмиру азнавсозӣ карда, маҳз бо ибтикори эшон ҳоло н.Дарвоз чароғон аст, зеро НБО «Шинг» низ бо ташаббус ва дастгирии ин ҷавонмарди ватандӯсту хайрҳоҳи меҳан таҷдид гашта, то ба имрӯз ба мардум хизмат мерасонад. Ва ин танҳо хӯшае аз ташаббусҳои созандаи ин тоҷири муваффақи кишвар аст, ки мо дар ин ноҳияи дурдасти кӯҳӣ шахсан дидему ошно шудем. 

Мегӯянд, ки аз дурдасттарин деҳаҳои Ш.Шоҳину Ванҷ ва ҳатто Нусвай ҳаммарзи кишвари ҳамсояи Афғонистон низ мардум то Душанбе омадаву паём оварда аз мавсуф хоҳиш мекунанд, ки барои кашидани хати обу сими барқ, бунёди роҳу мактабу бунгоҳи тиббӣ барояшон кумак кунад. Зеро медонанд, ки Шералӣ метавонад ва не намегӯяд!

Кош ҳар ноҳияе Шералӣ медошт…

Бо Шералӣ Кабиров ошно нестем. Ягон бор надидаем ва боре ҳам нанишаставу мулоқот ҳам накардаем. Ҳамдигарро ғоибона мешиносем ва хуб ҳам медонам, ки эшон, чун ҳама афроди прогрессив ва соҳибхиради кишварамон, аз мухлисони газетаи мардумии СССР аст. Зимни сафар ба Дарвоз мавсуфро аз сари нав шинохтем бо ҳамон амалҳои созандаву ободкориҳояш, ки барои мардуми ин диёр кардаасту боз ҳам хоҳад кард. Ҳар куҷое нарафтем фақат номи Шералӣ буд, бо муҳаббат ва сипосгузорӣ. Кош, ҳар 1 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон мисли Шералӣ ҷавонмардоне медошт, ки барои ин миллату ин давлат чунин сарбозони сарсупурда мебудандӣ!

 

Ҷамила Ҳусейнова, Лидия Исамова, Роза Шапошник, Парвона Аҳрорӣ,

Махсус барои СССР

Душанбе-Дарвоз-Душанбе, 

4-6.09.2020

Аз сардабир: 100% медонам, ки Шералӣ Кабиров ҳаргиз намехоҳад дар борааш матлаби тавсифӣ нависанд, зеро худро солдат-сарбози ин миллату ин давлат ва сарвари он медонад ва ободкориро кори ҷонияш. Ман ҳам ин матлабро чоп намекардам, агар … зераш 4 имзои 4 журналисткаи маъруфтарини кишвар намешуд. Мо Метавонем!

 

Матлабҳои дигар