Принт

Редаксия супориш дод: БОЗОР РАВ!

Бозори “Саховат” дар хоби ғафлат?

22.11.2020. сот ба вақти Душанбе 14:16 дақиқа. Мо рейди навбатии худро аз КВД “Бозори “Саховат” шурӯъ кардем. Бо ҳамроҳи дӯстам вориди бозор шудем ва чизе аввал ба назарамон расид, набудани назорату назоратчиён дар даромадгоҳи бозор буд. Чун дар бозорҳои дигар муштариёнро пеш аз дохил шуданашон ба бозор, бо антисептику чизҳои дигар пешвоз мегиранд. Аммо дар бозори “Саховат” вазъият фарқ мекард. Чунин ба назар мерасид, ки ин бозор умуман назоратчӣ надорад. Ба дастони мо на касе антисептик пошид ва на ҳарорати баданамонро касе санҷид. Мо намехостем, ки боз ҳамон мавзӯи коронавирусиро зикр кунем, аммо маҷбурем, чун саломатии мардум дар мадди аввал бояд қарор гирад. 

Бо вуҷуди ин, агар мушкили бозор танҳо масъалаи набудани назоратчиён мебуд, боз ҳам дарди бахайр буд. Аммо дар ин бозор як бесарусомонии аҷибе ҳукмфармост. Хусусан дар ошхонаҳои сарироҳӣ.  Дегҳои ош дар ҳар кунҷу канори бозор дида мешуд. Ҳеҷ  деге сарпӯш надошт. Ба назар чунин мерасид, ки дар инҷо ҳеҷ кас дар фикри саломатии ҷомеа ва худ нест. Мо, ки барои фаҳмидани нарху наво ба бозор омада будем, аввал аз нархи ош пурсон шудем. Оши инҷо 5 сомонӣ арзиш дошт. Ба назари мо бисёр арзон намуд ва бо дӯстам хостем аз оши 5 сомонаи “Саховат” тановул кунем. Аммо баъди дидани дегҳои бе сарпӯши ош, аз ниятамон гаштем. Ман аз масъулини ин бозор пурсиданиам, ки оё чангу хоки бозор, микробҳое, ки моро иҳота мекунад ва аз ҳама бадтар, вирусҳо магар ба ошҳои бе сарпӯши шумо сироят намекунанд? Шумо муҳтарам масъулини бозорпас чаро вазъиятро ҷиддӣ назорат намекунед? 

Раис иҷозат намедиҳад?

Дохили бозор шудем ва рост ба назди савдогарон шитофтем. Нархҳои бозор воқеъан дандоншиканнанд. Мо бо яке аз савдогарон бобати нархгузории маҳсулоти хурока суҳбат кардем. Ин савдогар, ки нахост ки номаш ифшо шавад дар сӯҳбат бо мо гуфт, ки болоравии нархҳои  маҳсулот аз мо вобаста нест. Сабаби ин болоравӣ, гаронии нархи доллар мебошад. Доллар, ки гарон шуд албата, ки нарх боло мераванд. Мо низ диламон ба мардум месӯзад. Масалан: мешавад рӯзе, ки харидорон омада гирён мешаванд, ки шароити зиндагиямон вазнин аст, каме нархҳоятонро пастар кунед. Ман ба онҳо мегӯям, ки охир шароити мо низ вазнин аст ва мо низ садҳо мушкил дорем. Ҳалли ин мушкил дар дасти мо нест. Мардум бояд ба сохторҳои зиддахл муроҷиат кунанд. 

Нархҳои кайҳонии бозори “Саховат”

Нархҳои бозор воқеъан моро дар ҳайрат гузошт. Кас медиду бовараш намешуд. 1 кило биринҷ 8 сомону 50 дирам, ярманҷав (перловка) 8 сомону 60 дирам, 1 кило марҷумак 12 сомон.  Нархи равғани “Золотая Корона”-и 2 литра 50 сомонӣ, равғани машҳуре, ки мардумро ба шӯр овард “Олейна”-и 2 литра 38 сомони, 3 литрааш 57 сомонӣ ва нархи равғани “Горнитса” бошад ба  89 сомонӣ расидааст. Мо аз тамоми гирду атрофи бозор гашту гузор карда, аз савдогарон пурсидем, ки чаро шумо равғани 5 литраи “Олейна”-ро ба фурӯш нагузоштаед? Яке аз фурӯшандаҳо, ки Азизова Шарофат ном дошт, ба мо посух дод, ки нархи “Олейна”-и 5 литраро 94 сомони нархгузорӣ кардаанд. Агар мо онро ба фурӯш барорем ва касе онро нахарад зарари моро кӣ ҷуброн мекунад.

Натиҷаи рейди мо: Нархҳои бозори “Саховат”

1. Тухм аз 1 сомону 60 дирам, то 1 сомону 95 дирам                                                                                                                           

2. Равғани 2 литра аз 57 сомони, 4  литра то 88 сомонӣ                                                                                                 

3. Гӯшт сар аз 50 сомонӣ                                                                                         

4. Картошка 3-3, 60 дирам сомонӣ

5. Пиёз аз 2 сомонӣ то 2 сомону 30 дирам 

6. Гулкарам-1 килло 6 сомонӣ

7. Помидор-1 кило 12 сомонӣ

8. Бодиринг 10 сомонӣ

9. Чакка 1 килло 14 сомонӣ

10. Меваҷот-себ 1 кило 21 сомонӣ, 1 кило ангур 35 сомонӣ. 

Омиронаи Сайёф, СССР

 

Дар ҳамин маврид-рубрика

3 дона тухм 5 сомонӣ

Ҳудуди 1 моҳи охир нарху наво дар бозору фурӯшгоҳҳои Тоҷикистон муназзам боло меравад. Аз ҷумла, равған, орд, тухм, шакар ва дигар намуди маҳсулоти хӯрока. Дар чандин шумораҳои гузаштаи ҳафтанома низ, арзу доду шикояти хонандагон нашр шуда буд. Мо ҳам наметавонистем нархи аниқу дақиқи маҳсулоти хӯрокаро барои мардум пешниҳод кунем, зеро ҳар рӯз нархнома дар бозорҳо ба сӯи гаронӣ тағйир меёбад. Аз ҷумла:

20.11.2020. Соат ба вақти Душанбе 11:42 дақиқа. Мо аз бозори КВД “Деҳқон”-и ш. Душанбе дидан кардем. Дар  ин бозор, гаронтарин маҳсулот равғани “Олейна” буд, ки тахминан 1 моҳ пеш зарфи 5 литри он 60 сомонӣ арзиш дошт, аммо айни замон ба 95 сомонӣ баробар шудааст. Ногуфта намонад, ки имрӯз ҳамаи намуди равғанҳо гарон шудаанд. Барои мисол, равғанеро, ки мардум пештар 11 сомонӣ мехарид, имрӯз ба 19 сомонӣ баробар шудааст. Шакар дар ин бозор аз 9,50 то 10 сомонӣ арзиш дорад. Нархи лубиё ва дигар навъҳои донагӣ ба 18-19 сомонӣ расидааст. Дар даромадгоҳи бозори мазкур ярмарка эълон кардаву барои мардум шакари арзон бо нархи 7 сомонӣ ва он ҳам барои 1 нафар то 2 кг мефурӯхтанд. Аммо ба гуфтаи чанд сокини ин маҳалла, мардум барои гирифтани шакари арзон соатҳои дароз бояд навбат истанд. 

Ба гуфтаи мардум, ҳар он чизе ки дар Тоҷикистон гарон мешавад, асло нархаш поин намефарояд, аз ҷумла орду гӯшт ва бензину газ, ки баъди гарон шуданашон солҳост, ки арзон нашуда истодаанд. Ба гуфтаи яке аз фурӯшандагони маҳсулоти хӯрока, Раҷабалӣ Қаюмов нархнома барои ҳама намуди маҳсулоти ниёзи мардум зуд-зуд тағйир ёфта истодааст ва аламовараш он аст, ки ширкатҳо маҳсулоташонро ҳар пагоҳирӯзӣ 1-2 сомонӣ қиматтар мекунанд. Вақте сабабашро мепурсем, танҳо 1 ҷавоб медиҳанд: “доллар гарон шудааст”-мегӯяд ин фурӯшанда. 

Давоми ҳамин ҳафта ба н.Темурмалик сафар доштем ва аз вазъи мағозаҳои маркази ноҳия дидан намудем. Медонед чӣ, хонандаи азиз, 1 дона тухм 1 с 40 д шудааст. Мисол мо 5 сомонӣ додем ва бар ивазаш 3 дона тухм гирифтем. Мардуми бечора бо кисаи холӣ аз назди мағозаҳо гузаштаву танҳо хаёлашонро гаронии маҳсулот фаро гирифтааст. Аз рӯйи мушоҳида маълум шуд, ки ҳамаи мардум танҳо ба 1 савол посух меҷӯянд:

-чаро нарх то ин дараҷа гарон шудаасту касе парво надорад???

 

 Шералӣ Давлатов, 

СССР, Душанбе-Темурмалик-Душанбе

 

Матлабҳои дигар