Принт

Душмани №1 барои Путин

 

Алексей Навалний чун тарошае аз бом сари Кремлин уфтод. Имрӯз аксарият ҳайронанд, ки баъди Аксёнов, Немтсов ва дигар рақибони сарсахти ВВП ин нафар аз куҷо пайдо шудааст? Воқеан ҳам, Навалний проекти кист? Ва агар хонанда фикр дорад, ки дар ҷаҳони муосир бидуни проект Шахсиятҳои худрӯй ба таври стихиявӣ пайдо мешаванд, хато мекунад. Зеро зуҳури ҳар оппоненти тавоно дар қиболи ину ун сиёсатмадор, ба вежа абарқудрат, проект аст ва лоиҳаи хеле сермаблағ.

Навалний ва филми «Дворец Путина»

Дидам, ну конечно, дидам, ин филмро. Ва маро бидуни ун ғаризаҳое, ки Навалний дар филм мекишт, чизи дигар ба ҳайрат овард. Аз куҷо ӯ-Навалний ин қадар пул ёфтааст, ки мӯҳру васиқаву қулфу калиди КГБ-ФСБ-ро шикаста, роҷеъ ба Путин ин миқдор инфо ҷамъ оварад? Ҳайратбарангез нест, ки Алексейи мо ҳатто ҷойхобу кабинет ва ҳатто мизи хӯрокхӯрии Путинро дар Дрезден пайдо кардаст?! Танҳо ҳамин эпизод кофист, ки бинандаи ҳушманд воқиф шавад:

-Паси Навалний СРУ, Ми-6 ва хадамоти махсуси Германия меистад.

 Проекти бобарор

Ва ин ки Навалний ҳадафмандона ба Русия баргашт, то ӯро ҳабс кунанду мардум ба по хезад, низ лоиҳаи тарҳрезишудааст. Аҷиб наменамояд, ки маҳз дар арафаи намоиши филми баҳсбарангез атрофи 125 млрд рубли, гӯиё, пора гирифтаи ВВП, Навалний ба Маскав бармегардад, то ӯро ҳабс кунанд? Коре, ки ҳатто тавонмандтарин ва нотарстарин инқилобчии уруси ҳама давру замонҳо-Ленини бузург накарда буд.

Воқеан ҳам, револютсияи Ленин низ спонсор дошт. Ва сарпарасти ун инқилоб…Германия буд! Кишваре, ки Навалний аз он ҷо ба Русия баргашт. Вале Ленин ингуна намоишкорона худро ба чанги жандармерия наандохт, ки Алексей кард. Пас, пушти ин «худфидоӣ» чӣ меистад? Наход гази заҳрохимикати «Новычок», ки гӯиё бо он Навалний заҳролуд шудаву ба Германия бурда шуда буд, чунин таъсири морфӣ дошта бошад, ки кайфо-кайф ба зиндон баргардӣ? Воқеият ин аст, ки Навалний дар тӯли «табобат» дар Аврупо, ваъдаи мустаҳкам гирифтааст, ки «Запад ему поможет!»…

Таваллуди оппозитсионер

Алексей Навалний рус нест. Укроин аст, яъне хохол. Бигзор худро нимарусу нимукроинӣ ҳам гӯяд, вале пушт-пушти падар аст! Христианҳо еврей-ку нестанд, то пушти модариро низ бишносанд. Ӯ соли 1976 таваллуд шудааст. «Шустрый» буд ва сар аз солҳои донишҷӯӣ атрофии хешовандони укроинияш бизнес ва капитал ҷамъ кард.

Вале дар синни 20 солагӣ бо натсистҳо пайваст. Ба гуфтаи худаш натсист неву натсионалист шуд, миллатпараст. Вале мавҷудияташ дар гурӯҳҳои миллатгарой гувоҳӣ медиҳанд, ки Лёха-Картохаи мо миллатпараст не, миллатчист, яъне натсист. Бубинед, замоне, ки ӯ яке аз муассисони «Русский Марш» буд, чӣ мегуфту чиҳо менавишт. Иқтибос бо забони русии асл, ки хонандаи мо хуб мефаҳмад:

-Надо признать, что мигранты, в том числе и выходцы с Кавказа, зачастую едут в Россию со своими очень своеобразными ценностями. Такого уровня предрассудки русские преодолели ещё во времена Ярослава Мудрого. Например, в Чечне женщин, которые ходят без платков, расстреливают из пейнтбольного ружья, а потом Рамзан Кадыров заявляет: «Парни молодцы, настоящие сыны чеченского народа!». Потом эти чеченцы приезжают в Москву. А у меня здесь жена и дочка. И мне не нравится, когда люди, которые говорят, что женщин нужно расстреливать из пейнтбольного ружья за то, что они без платочков ходят, устанавливают здесь свои порядки.

Навалний ва скинхедҳо

Оре, хонандаи гиромӣ, Алексей Навалний бо скинхед-каллабурҳои тоссар, ки садҳо тоҷикро низ дар ин кишвар қатл кардаанд, алоқаи бевосита дорад. Ӯ ҳатто бо дӯстияш бо лидери «Славянский союз»-Дмитрий Дёмушкин ифтихор дошт ва ахириро дар суд ҳифз кард (Навалний мисли Жириновский юрист аст!).

Дар бораи Славянский Союз танҳо 1 далел кофист, ки киву чӣ будани ин ҳаракат муаррифӣ шавад. Нигаред ба акс-эмблемаи ин созмони натсистӣ!!!

 Дидед? Свастикаи гитлерӣ. Ин ҳамон созмонест, ки ҳар сол, 20 апрел,  дар зодрӯзи Гитлер-бобошон, ба кӯчаҳои Маскаву Питер рехта, сари Тоҷиконро мебурранд!!! 

Рӯиҳамрафта, Лёха Навалний бо созмонҳои ҳатто аз ҷониби Прокуратураи Россия, экстремистӣ ҳукм гирифтаи «Национал-социалистическое общество», «Движение против нелегальной иммиграции», «Северное братство» ҳамкории ҳасана ва зич дошт!

Навалний бештар аз ин, 2 ҳаракати сирф натсистии урусӣ-ДПНИ (Движение против нелегальной имиграции) садраш Александр Белов ва «Великая Россия»-ҳаракати натсистии Андрей Савелевро расман дастгирӣ мекард ва мегуфт (Мегуфт? Мегӯяд!), ки Россияро шовинизм ва натсизм аз сарсиёҳон ҳифз хоҳад кард!

Ба 1 ҳарф Навалний 1 натсисти фашистмаобест, ки мехоҳад Россияро на танҳо аз Тоҷику ӯзбеку қирғиз, ки ҳатто чечену доғистониву тотор ва ҷумла мусалонҳо  поккорӣ кунад! Яке аз миссияҳои Навалний ба даст овардани ҳукумат дар Россия ва баъдан ба христиану мусалмон ҷудо кардани ин кишвар аст!

15 миллион барои Навалний

Ба ҳисоби Максим Соловёв-журналисти рус, ки воқеан ҳам аз Тоҷикон пуштибонӣ менамояд, танҳо барои 1 проекти ахирии Навалний хадамоти ҷосусии Англия 15 млн доллар ҷудо кардааст. Духтараш Даря дар Университети Стэнфорди Амрико ройгон мехонад. Журнали Тайм Алексейро ба гурӯҳи 100 одами таъсиргузори олам ва 25 нафари машҳуртарин дар Интернет шомил кард. Филми охиринаш дар бораи «ришваи бузург ба Путин», бо номи «Дворец Путина» дар 3 рӯз ҳудуди 80 млн бинанда ёфт. Рӯзи 23.01.2021 ба ҳимояаш армияи бузурги скинхедҳо ва натсистони рус баромада, дар тамомии шаҳрҳои бузурги Россия тазоҳурот ва бетартибӣ ташкил карданд. Газетаи мардумии СССР ҳанӯз 13 сол пеш ба Кремл, ба Путин, ба Медведев ҳушдор дода буд, ки рӯзе не рӯзе фашистону скинхедҳо зидди давлати худ хоҳанд шӯрид. 

СССР-ро бояд Кремл мехонд. Мо медонем, ки чӣ мегӯем.  Мо Метавонем!

М. Мубориз

Махсус барои СССР

 

 

Матлабҳои дигар