Принт

Паём - раҳнамо ва дастурамал

 Кормандони Раёсати Бонки давлатии амонатгузории ҶТ «Амонатбонк» Паёми солонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмонро дастаҷамъона тамошо намуда, нуқтаҳои таъкиднамудаи  Сарвари давлатро дар Паёми имсола ҳамчун барномаи муккамали бунёдӣ ва роҳнамо барои ояндаи неки кишвар ниҳоят самимӣ пазируфтанд.

   Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паёми солонаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз доштанд, ки дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Гуфта шуд, ки соли 2020 мо дар вазъияти бошиддати иқтисодиву молиявии ҷаҳонӣ фаъолият карда, бо вуҷуди мушкилоти пешомада, ҷиҳати пешгирӣ намудани пайомадҳои буҳрон ва ҳифзи амнияти иқтисодии мамлакат як қатор чораҳои фавриро роҳандозӣ кардем.

Бо вуҷуди таъсири манфии омилҳои зикршуда, дар натиҷаи амалӣ гардидани тадбирҳои таъхирнопазир аз ҷониби Ҳукумати кишвар устувории нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ таъмин гардида, дар самти беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ тамоюлҳои мусбат нигоҳ дошта шуданд. Иқтисодиёти кишвар дар соли 2020-ум 4,5% афзоиш ёфта, ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 82,5 миллиард сомонӣ баробар гардид.Дар ин давра 9,7% афзоиш ёфтани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, кишоварзӣ 8,8 ва гардиши савдои хориҷӣ 0,8%, аз ҷумла содирот дар ҳаҷми 19,8% заминаи рушди иқтисоди кишварро ба вуҷуд овард.

   Дороиҳои низоми бонкӣ аз 311 миллион сомонии соли 2000–ум ба беш аз 26 миллиард сомонӣ дар соли 2020 расонида шуданд. Дар соли сипаришуда аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ ба соҳаҳои гуногуни иқтисоди кишвар қариб 10 миллиард сомонӣ қарз дода шуд, ки нисбат ба соли 2019–ум 4,6% зиёд мебошад. Вале ин нишондиҳанда барои расидан ба ҳадафҳои рушди кишвар қонеъкунанда нест.

   Ҳанӯз ҳам нокифоя будани ҳаҷми қарздиҳӣ ба соҳаҳои иқтисоди миллӣ, низоми сусти идоракунии корпоративӣ, зиёд будани хавфҳои амалиётӣ ва қарзӣ, боқӣ мондани қарзҳои ғайрифаъол, кофӣ набудани ҷалби сармоя ба низоми бонкӣ ва таъсиси намояндагии бонкҳои хориҷӣ ҷиҳати беҳтар намудани маблағгузории корхонаҳои истеҳсолӣ аз ҷумлаи камбудиҳое гуфта шуданд, ки бояд ҳарчи зудтар бартараф карда шаванд.

   Аз ин лиҳоз, ба Бонки миллии Тоҷикистон дастур дода шуд, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдорро бо дарназардошти таҷрибаи муосири ҷаҳонӣ ба талабот мутобиқ сохта, раванди идоракунии корпоративиро дар ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва тадриҷан афзоиш додани сармояи ойинномавии онҳо таъмин намояд.

   Дар ин раванд, бояд якҷо бо ташкилотҳои қарзӣ оид ба беҳтар намудани сифати дороиҳои низоми бонкӣ, афзоиш додани пешниҳоди қарзҳои дарозмуддат ба соҳибкорони истеҳсолӣ ва фаъол намудани низоми рейтинги миллӣ барои ташкилотҳои қарзӣ ва ширкатҳои суғурта тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд.

Бонки миллии Тоҷикистон ва ташкилотҳои қарзӣ барои ба низоми бонкӣ ҳарчи бештар ҷалб кардани сармояи дохиливу хориҷӣ бо роҳандозии технологияҳои молиявию инноватсионӣ васеъ намудани хизматрасониҳои бонкӣ ва дар ин замина якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор пурра ҷорӣ кардани амалиёти ғайринақдӣ, аз ҷумла ҷиҳати аз байн бурдани омилҳои инсонӣ ҳангоми ҳисоббаробаркуниҳои пулӣ бо аҳолӣ ҳамаи чораҳои заруриро бояд амалӣ намоянд.

   Бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷалби сармояи шаҳрвандон ба иқтисоди миллӣ пешниҳод карда шуд, ки соли ҷорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади қонунигардонии маблағҳо ва дигар дороиҳо афв гузаронида шавад.

 

Натиҷаи фаъолияти Ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Амонат”-и БДА ҶТ “Амонатбонк” дар соли 2020

  Дар Раёсати БДА ҶТ “Амонатбонк” бо иштироки мудири шуъбаи умумии дастгоҳи Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ Абдураҳимова Дилбар, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ш.Душанбе -Мирзозода Иброҳим ва муовини-роҳбари дастгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар н.И.Сомонӣ Ҷурахонзода Ҷумахон ва аъзоёни ташкилоти ибтидоии “Амонат”-и БДА ҶТ “Амонатбонк” аз фаъолияти Ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Амонат”-и БДА ҶТ “Амонатбонк” дар соли 2020 натиҷагирӣ намуданд.

   Дар оғози ҷаласа раиси ташкилоти ибтидоии “Амонат”-и БДА ҶТ “Амонатбонк” Сироҷиддин Икромӣ баромад намуда, иброз доштанд, ки ташкилоти ибтидоии “Амонат”- и БДА ҶТ “Амонатбонк” фаъолияти худро дар соли ҳисоботӣ дар асоси нишондодҳои Паёми солонаи Президенти ҶТ, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон, Қарори Ҳукумати ҶТ «Дар бораи натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2019 ва вазифаҳо барои соли 2020», «Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти ҶТ, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни ифтитоҳи биноҳои нави Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ ва Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон «Амонатбонк» 17 декабри соли 2019 баён доштанд» ва омодагиҳо ба истиқболи сазовор аз таҷлили 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ мондааст.

   Дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон мавқеи сиёсати давлатии ҷавонон дар фаъолияти «Амонатбонк» баланд бардошта шуда, ҷиҳати мустақилона ва бо ҳисси масъулият ширкат кардани ҷавонон дар ҳаёти ҷамъиятӣ, шароити зарурӣ муҳайё гардидааст.

   Қайд кардан зарур аст, ки кормандони Амонатбонк дар аксияи эълон намудаи Дастгоҳи Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳти унвони “Ватан, ҳар гӯшаатро сарсабз хоҳем кард”, ки бахшида ба 26-солагии таъсисёбии ҲХДТ дар саросари ш.Душанбе амалӣ гардида истодааст, фаъолона иштирок намуда, дар шафати роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ, воқеъ дар н.И.Сомонии ш.Душанбе 270 бех ниҳоли дарахтони сояафкану ороишӣ шинониданд. Аъзои ташкилот аз усулҳои муосири таблиғот, роҳу равиши истифодаи босамар аз васоити ахбори оммаи чопиву электронӣ, хусусан шабакаҳои иҷтимоӣ васеъ истифода бурда, дар тарғибу ташвиқи барномаҳои ҲХДТ саҳми назарраси худро гузошта истодаанд. Ҳамасола ба нашрияҳои ҳизбии “Минбари халқ” ва “Мароми пойтахт” ташкилоти ибтидоии “Амонат” аз аввалинҳо шуда, обуна мешавад.

   Қайд кардан ба маврид аст, ки дар соли ҷорӣ 8 ҷаласаи ҳизбӣ ва соатҳои сиёсӣ баргузор гардид, ки дар он кормандони «Амонатбонк», ки аксарияти онҳо аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мебошанд, фаъолона иштирок намуданд.

Инчунин зиёда аз 40 нафар кормандони фаъоли Бонк дар ин давра аъзои ҳизб гардиданд.

   Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ш.Душанбе ва намояндагони ҲХДТ дар н. И. Сомонӣ дар ҷаласа баромад намуда, иброз доштанд, ки имрӯз сулҳу субот ва осоиштагӣ дар Тоҷикистони соҳибистиқлол пойдор аст, ки саҳми арзандаи Раиси ҲХДТ Эмомалӣ Раҳмон дар ин ҷода назаррас мебошад.

   Аз ҷавонони худогоҳу хештаншиноси даврони истиқлол, ки имрӯз аз тамоми шарту шароити мусоид барои таҳсилоту фаъолият ва рушди зеҳнии худ баҳравар мебошанд, даъват ба амал оварда шуд, ки ба қадри неъмати бебаҳои Истиқлол расида, дар пешрафту шукуфоии кишвар саҳми арзандаи худро гузоранд. Зеро ҷавонон ояндаи давлату миллат ва фардои дурахшони Ватани азизу маҳбубамон Тоҷикистон мебошнад.

   Дар охири ҷаласа раиси ташкилоти ибтидоии “Амонат”- и БДА ҶТ “Амонатбонк” Сироҷиддин Икромӣ барои саҳми арзанда дар татбиқи ҳадафҳои Оинномаи ҲХДТ, инчунин анҷом додани корҳои ташкилию сиёсии ҳизб, иштироки фаъолона дар корҳои ҷамъиятӣ ва устувор гардонидани мавқеи ҳизб дар ҷомеа, бо Ифтихорномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ш.Душанбе сарфароз гардонида шуд.

 

Шуъбаи матбуоти БДА ҶТ «Амонатбонк» 

 

Матлабҳои дигар