Принт

Хатлон: биноҳои хароб кай гарданд обод?

Ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии ҶТ дар 25 шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бунёду азнавсозии 7667 адад бинову иншоот ба нақша гирифта шуда, то 01.01.2021 дар 5811 адад бинову иншоот корҳои сохтмонӣ ба анҷом расидаанд. Дар соли 2020 бошад 2105 иншооти нав ба мавриди истифода қарор гирифт. Албатта ин хуб аст, аммо дар баробари ҳамаи ин ободкориҳо ҳанӯз ҳам теъдоди корхонаҳои аз кор мондаву тахрибшуда дар миқёси вилоят хеле зиёд буда, бархе ҳатто 10-солаҳо зери барфу борону офтоб бекор хобанд. 

Корхонаҳои фаромӯшшуда?

Зимни сафари ахир ба чанд шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон мо аз вазъи имрӯзаи корхонаҳои саноативу истеҳсолӣ, ки замоне шӯҳрат доштанду мардуми бисёре он ҷо кор карда, нон меёфт, ошно шудем. 

Корхонаи нонбарории ш.Бохтар, ки яке аз корхонаҳои калонтарин ба ҳисоб меравад, 10 соли ахир кор намекунад, танҳо дар 2-3 сехи хурдаш ба истеҳсоли маҳсулоти қаннодӣ машғуланд, ки онҳо ҳам иҷоранишинанд. Заводи равғанбарории н.Ҷ.Балхӣ низ дигар кор намекунад, корхонаи орди н.Хуросон ҳам аз фаъолият мондааст. Корхонаи истеҳсоли равғани эфир-геран дар н.Ҷайҳун, ки ҳудуди ниҳоят калон дораду он ҳам даҳсолаҳо боз бекор хоб аст, ҳаммоми таърихии ҷамоати Тоҷикободи н.Вахш (Баняи Туркманистон!!!), дар наздикии он бинои вайронаи дар замони шӯравӣ устохонаи калони таъмири мошинҳо, бинои нотамом дар шоҳроҳи Душанбе-Бохтар-Панҷи поён, даҳҳо биноҳои вайрона дар Гаравутии н.Дӯстӣ, шумораи зиёди корхонаҳои бекорхобида дар ш.Леваканд, кинотеатри ба вайроназор табдилёфтаи н.Ҷайҳун танҳо қатрае аз баҳранд. Бояд гуфт, ки дар н.Ҷайҳун раисони собиқ қитъаҳои калони заминҳои кишту иншоотҳои саноатиро аз худ кардаанду онҳо ҳам солҳои зиёд бекор хоб буда, ба нафъи мардум ба кор бурда намешаванд. Аксари биноҳои бекорхобида дар ин ноҳия ба қавле ба «зӯрони замон» тааллуқ доштаанд. 

   Баҳсҳои судӣ, гарав ва эҳёи дубора

Дар бораи корхонаҳои бекормондаи саноативу истеҳсолии дар боло зикршуда мухбири газетаи СССР зимни нишасти матбуотии ахири раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, ки рӯзи 10.02.2021 дар Кохи фарҳанги ш.Бохтар баргузор шуд, суол кард ва ҳатто пешниҳод ҳам намуд, ки дар Хатлон низ аз таҷрибаи раиси ш.Душанбе Рустами Эмомалӣ, ки соле қабл ба моликони тамоми корхонаҳои азкормондаи пойтахт дастур дода буд, ки ё таҷдиду азнавсозӣ карда ба кор дароред, ё ба фоидаи давлат корхонаатон бозпас гирифта мешавад, истифода намоянд.

Қурбон Ҳакимзода аз ин пешниҳод дастгирӣ кард ва гуфт, ки вобаста ба таҷдиду азнавсозӣ ва эҳёи корхонаҳои калони саноатӣ дар вилояти Хатлон 1 қатор тадбирҳоро роҳандозӣ карда истодааст:

- Бубинед, проблемаи аксари корхонаҳое, ки аз кор мондаанду имрӯз мо мехоҳем онҳоро дубора фаъол намоем, дар баҳсҳои судӣ буда, бархе дар гарави бонкҳои аз фаъолият монда, амсоли «Агроинвестбонк»-у «Тоҷиксодиротбонк» қарор доранд. Баҳси судии 1 қисми чунин корхонаҳо то 3-4 сол идома дошта, ҳастанд ҳолатҳое, ки 1 корхонаро бо гарав то 4 маротиба ба фурӯш гузоштаанд. Албатта, ин проблема №1 аст, вале мо зина ба зина ин баҳсҳоро гузашта, корхонаву минтақаҳои истеҳсолиро ба соҳибкорони нав дода истодаем, то корхона бунёд намоянд. Дур намеравем, яке аз чунин минтақаҳои истеҳсолии навро пас аз таҷдид чанде пеш дар ш.Леваканд ифтитоҳ намудем. Он ҳам солҳои зиёд бекор хоб буд, вале дубора эҳё кардем, акнун дар ин минтақа корхонаҳои нав ташкил шуда, собуну гӯгирди ватанӣ истеҳсол мекунанд.

Дар баробари ин Қурбон Ҳакимзода афзуд, ки дар 1 соли ахир дар вилояти Хатлон 3 муассисаи томактабӣ, 84 иншооти тандурустӣ, 21 иншоот дар соҳаи фарҳанг, 65 иншооти варзишию сайёҳӣ, 30 адад корхонаи саноатӣ, 4 адад сардхона, 6 фермаи парандапарварӣ, 3 фермаи чорводорӣ, 9 гармхонаи замонавӣ, 20 адад хонаи истиқоматии баландошёна, 1926 манзили истиқоматии шахсӣ ва 1488 иншооти таъминоти дигар ба истифода дода шудааст. Инчунин, дар ин муддат таъмири асосии 160,2 км ва сангфарш кардани 270,3 км роҳи автомобилгард, барқарорсозии 67 пул ва кашидани 119,5 км хати оби ошомиданӣ ба анҷом расонида шудааст.

 PS: Баняи Туркманистон-музейи зинда!

Воқеан ҳам газетаи мардумӣ пешниҳод дорад, ки ҳаммоми маъруфи собиқ маҳаллаи Туркманистон, ки дар соли 1992 Гестапои наҳзат буд, ба мисли даврони қабл барқарор гардида, 1 осорхонаи зиндаи ҷанги гражданӣ шавад. Бигзор тамомии аксу тоблуи одамоне, ки он ҷо муллоҳои наҳзатӣ бо азобу шиканҷа кушта буданд, дар ин осорхона овезон гардад. Мардум бояд донад, наҳзатиёне, ки имрӯз аз хориҷа истода даъвои «демократия ва озодӣ» доранд, дар асл кӣ ва чӣ буданду имрӯз низ агар мабодо корашон барор гирад, ба чӣ ҷиноёти гӯшношуниде қодиранд. Аз сӯи дигар ин музейи зинда метавонад далеле бар парвандаи масъулини ин ҳизб ба додгоҳҳои байнулмилал гардад…

 

ДАР ҲАМИН МАВРИД:

Дар меҳмонхонаи «Қӯрғонтеппа» таъмир сар шуд!

Масъалаи дигаре, ки мухбири газетаи СССР дар нишасти раиси вилояти Хатлон бардошт, ин симои зоҳирии меҳмонхонаи овозадори «Қӯрғонтеппа» буд, ки мухбирони газета дар гузашта чандин маротиба дар бораи аз кор монданаш навиштаанд. Тавре пасон маълум гашт 1 моҳ қабл дар ин меҳмонхона корҳои таъмиру азнавсозӣ оғоз гашта, пеш аз ҳама боми бино, ки зиёда аз 1300 метри квадратӣ масоҳат дорад, пурра аз нав карда шуд. 

Корҳои таъмиру тармим дар утоқҳои меҳмонхона оғоз шуда, чуноне ки дар суҳбати ихтисосӣ ба мухбири СССР Нусратулло Файзуллозода, молики ин меҳмонхона гуфт, то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии ҶТ пурра аз таъмири капиталӣ бароварда шуда, бо шакли наву хизматрасонии муосир дари худро ба рӯи мизоҷон боз хоҳад кард.

700 ҳазор қарз дорем!

   Масъалаи дигаре, ки Нусратулло Файзуллозода бо мухбири мо матраҳ кард ин маблағи қарзи корхонаҳои ба эшон марбут аст, ки чанде пеш бо такя ба маълумоти Раёсати омори вилояти Хатлон, СССР дар ин бора матлабе нашр карда буд.

   - Қарзи корхонаҳои ман ин қадаре, ки Раёсати омор гуфту шумо навиштед нест. Ман миллионҳо сомонӣ қарздор нестам, то ба имрӯз наздики 700 ҳазор қарз дорем ва онро ҳам бо навбат пардохт карда истодаем. Қарзҳои қаблиро низ кам кардаем, ман аз пардохти қарзу андозҳо ҳеҷ гоҳ саркашӣ накардаам ва ҳатман ҳамаро то моҳи сентябри соли ҷорӣ пурра пардохт хоҳам кард, - таъкид дошт Нусратулло Файзуллозода.

PS: Вақте, ки матлаб нашр мешуд Н. Файзуллозода шахсан худан ба СССР занг зада, гуфт: Ман тамоми қарзҳоямро ҷавонмардона супурдам. Мо метавонем!

Ҷамила Ҳусейнова, СССР

 Душанбе-Бохтар-Душанбе 10.02.2021

 

Матлабҳои дигар