ХАБАРИ ДОҒ

Таҷлили 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар БМТ

  • Чоршанбе, Сен 22 2021

3 сентябри соли 2021 дар Бонки миллии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода бо иштироки Директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳим Холиқзода ва ҳузури Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев, муовинони Раис Мирҳаёт Ёқубзода, Моҳбону Накҳатзода ва ҳайати кормандони БМТ бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии ҷашнӣ доир гардид.

Дар ибтидо Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода аҳли нишастро бо ин ҷашнвораи бузурги миллат - 30-умин солгарди ҷашни Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, онро волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату миллати тоҷик унвон кард, ки бо талошу ҷонбозиҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст.

“Истиқлол нишони барҷастаи пойдории давлат, бақои симои миллат, рамзи асолату ҳувият, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад. Ифтихор аз он дорем, ки сӣ сол қабл бо роҳнамоии фарзанди фарзонаи миллат ва сарвари тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон нахустин хиштҳои пойдевори истиқлоли воқеӣ ва давлатдории миллии худро ниҳода, ормонҳои ҳазорсолаи халқи тоҷикро ба воқеият табдил додем. Имрӯз бо шарофати Истиқлоли давлатӣ имкон фароҳам гардид, ки роҳи ислоҳоти иқтисодӣ, ташаккули иқтисодиёти миллӣ ва сохторҳои нави идоракуниро пеш гирифта, низоми иқтисоди Тоҷикистонро ба набзи иқтисоди ҷаҳонӣ пайваст намоем ва ба ин васила рушди босуботи кишварро таъмин созем»,-тазаккур дод Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода.

Директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳим Холиқзода зимни суханронии хеш қайд кард, ки Истиқлолият ба мо имконияти таърихие фароҳам овард, то Ватани худро соҳибӣ кунем, давлатдории миллии худро барпо намоем, суннату арзишҳои миллиамонро эҳё созем, ормонҳои деринаи халқамонро амалӣ гардонем ва зиндагии озодонаи мардумамонро ба роҳ монем.

«Мо ифтихор аз он дорем, ки миллати тоҷик таърихан ва табиатан фарҳангпарвар, офарандаи ганҷинаҳои тамаддуни башарӣ, созанда, бунёдкор мебошад ва ин сифатҳои олиро аз насл ба насл мерос гузошта, дар тарихи навини халқамон саҳифаҳои заррину дурахшонро эҷод мекунад, ки ҳамаи ин комёбиҳо аз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маншаъ мегирад”,-иброз дошт Абдураҳим Холиқзода.

Дар рафти маҷлиси тантанавӣ Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Нуралиев Ҷамолиддин Камолович барои фаъолияти пурсамар, меҳнати софдилона, саҳми арзанда гузоштан дар инкишофи низоми бонкӣ ва роҳандозии ислоҳоти муассир ҷиҳати рушди соҳа ба муносибати 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишони сарисинагии “Аълочии Бонки миллии Тоҷикистон” сарфароз гардонида шуд.

Ҳамчунин, дар ин рӯз як қатор кормандони фаъоли Бонки миллии Тоҷикистон ва Шуъбаҳои минтақавии он бо нишони сарисинагии “Аълочии Бонки миллии Тоҷикистон”, Ифтихорнома ва Сипосномаи Бонки миллии Тоҷикистон қадрдонӣ гардиданд.

Дар поёни ҷамъомад Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода бори дигар аҳли нишастро ба ин санаи фархунда муборакбод гуфта, изҳори боварӣ намуд, ки аҳли кормандони БМТ ва дар маҷмӯъ, мардуми шарафманди тоҷик дар фазои сулҳу субот бо ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвари азизамон, таъмини зиндагии шоиста барои наслҳои имрӯзу фардо ва таҳкими ҷойгоҳи сазовори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ қадамҳои устувор мегузорад ва саъю кӯшиши миллати ободгару созандаи тоҷик моро марҳила ба марҳила ба қуллаи мурод наздик мекунад.

 

Шуъбаи матбуоти БМТ

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter