ХАБАРИ ДОҒ

Лимит ё таъмири трансформатор?

  • Чоршанбе, Нояб 03 2021

 

Салом ба ҳафтаномаи мардумӣ! Дар н.Рӯдакӣ деҳаи Тепаи Самарқандӣ аз 15.10 лимити барқ ҷорӣ шудааст. Вале чун ба маркази барқдиҳии деҳа занг мезанем, мегӯянд лимит нест, трансформаторро таъмир карда истодаанд, дар ҳоле, ки соати 05:00 саҳар барқро дода, соати 08:00 хомӯш мекунанд ва соати 17:00 дода, боз соати 18:00 хомӯш мекунанд, шом ҳам чунин аст. Ин масхараи аҳолӣ барои чист? Чаро иқрор намешаванд, ки лимит ҷорӣ шудаасту мардум ба умеди барқи 1 соата нашуда аз пайи ҷамъоварии аловӣ гардад? Қариб 1 моҳ мешавад ин ҳол идома дорад. Шояд ин трансформатори деҳаи мо то моҳи марти соли 2022 таъмир мешуда бошад?

Тахмина Саидова,  Тел: 918 90 41 01

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter