Принт

Файзобод: тақсимоти ноадолатонаи барқ

 

Минтақаи Мискинободи ноҳияи Файзобод дар қисмати болоии ноҳия ҷойгир буда, аз сатҳи баҳр дар баландии 750 метр воқеъ аст. Зимистон дар инҷо зиёда аз 6 моҳ давом мекунад, ки ба иқлими Сибир шабоҳат дорад. Умеди ягонаи мардуми минтақа ба қувваи барқ нигаронида шудааст. Аммо ҳамин, ки моҳи октябр фаро расид, корхонаи зертобеи ширкати «Барқи тоҷик» дар ноҳияи Файзобод маҳз дар минтақаи мо бе ягон эълон меъёри истифодаи қувваи барқро ҷорӣ мекунад.

Дар минтақаи Мискинобод аз соати 8-и пагоҳӣ то фаро расидани торикӣ қувваи барқро хомӯш мекунанд. 2 агрегати НБО Роғун ба кор даромада, ба истеҳсоли қувваи барқ машғуланду мо дар саргаҳи он истодаем, аммо барқ надорем. МИҲД ноҳияи Файзобод ин корро бояд назорат кунад, зеро 1 минтақаи ноҳия барқ дораду 1 ҷамоати дигар не, чаро?

Ҳокими Сафар

н.Файзобод

Матлабҳои дигар