ХАБАРИ ДОҒ

Натиҷаҳои назарраси БДА ҶТ “Амонатбонк” дар соли 2021

  • Чоршанбе, Фев 16 2022

 

 Амонатбонк дар соли 2021 ба зиёда аз 23 ҳазор корхонаю ташкилотҳо, зиёда аз 771 ҳазор нафар нафақагирони мақомотҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, зиёда аз 1,7 млн. нафар амонатгузорон тавассути 75 филиал ва 547 адад марказҳои хизматрасонии бонкӣ бо шумораи зиёда аз 3000 нафар кормандон дар тамоми манотиқи ҷумҳурӣ хизматрасонӣ  намуд.  

Дороиҳои Бонк маблағи 4 437,7 млн. сомонӣ ва уҳдадориҳои Бонк 3 861,9 млн. сомониро ташкил додааст.

Пардохтпазирии Бонк дар сатҳи баланд нигоҳ дошта шуда, маблағҳо сари вақт ба ҳисобҳои дахлдор гузаронида шуданд.

Сармояи Бонк ба 575,5 млн. сомонӣ расид, ки дар муқоиса ба соли 2020   25,7 % афзоиш ёфтааст.

Фоидаи софи Бонк  66,2 млн. сомониро ташкил намуд, ки нисбат ба соли 2020   29,1% афзудааст.

Бонк аз рӯи фаъолияти худ 110 млн. сомонӣ андозу пардохтҳои ҳатмиро ба буҷети давлатӣ пардохт намудааст, ки нисбат ба соли 2020     13,7 млн. сомонӣ ва ё 14,2% зиёд мебошад.    

Дар раванди саҳмгузорӣ дар татбиқи сиёсати иқтисодиёти рақамӣ ва боз ҳам рушд додани хизматрасониҳои ғайринақдӣ, Бонк 667 нуқтаҳои қабули маблағҳои коммуналӣ ва 358 нуқтаҳои қабули маблағҳои андоз ва пардохтҳои ҳатмиро роҳандозӣ намуда, 631 адад постерминалҳоро дар нуқтаҳои савдо ва хизматрасонӣ насб намудааст.   

Амонатбонк шумораи 16 адад ташкилотҳои қарзиро ба низоми биллингии худ пайваст намудааст. Ташкилотҳои қарзии мазкур имкон пайдо намуданд, ки тавассути низомҳои дохилиии корти бонкӣ, ҳамёни электронӣ ва мобилбонк ба муштариёни худ дар самти пардохти ҳаққи қувваи барқ, об ва шабакаҳои гармидиҳанда хизматрасонӣ намоянд.

Филиалҳои Бонк 2,4 млрд. сомонӣ маблағҳои коммуналиро аз аҳолӣ қабул намуданд, ки нисбат ба соли 2020     14,2% зиёд мебошад.

Бақияи пасандозҳои шахсони ҳуқуқию воқеӣ зиёда аз 3,2 млрд. сомониро ташкил дод. Аз он ҷумла, бақияи пасандозҳои аҳолӣ зиёда аз 1,6 млрд. сомониро ташкил намуд, ки дар муқоиса ба соли 2020 5,3% афзоиш ёфтааст.

Фоизҳои ба муштариён пардохнамудаи Бонк 78,5 млн. сомониро ташкил намуд.

   Дар соли ҳисоботӣ аз ҳисоби ҷалби сармояи мустақим, аз ҷумла 43 млн. доллари ИМА-и бонкҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва 5 млн. доллари ИМА-и ҶС «Ширкати суғуртаи содиротии «KAZAKHEXPORT»-и Қазоқистон,  ба 27 ширкати ватанӣ дар ҳаҷми 16,1 млн. доллари ИМА барои ворид намудани молу маҳсулот қарзи бонкӣ пешниҳод карда шуд.

   Бо мақсади мусоидат ба фаровонии бозорҳои истеъмолӣ, татбиқи барномаҳои давлатӣ дар самти дастгирии иҷтимоии шаҳрвандон ва истиқболи  шоистаи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ, Бонк иқдомҳои пешниҳоди қарзҳои имтиёзнокро таҳти унвони «Кишоварз», «Дониш-2021», «Истиқлол-30» ва «Орзуҳои солинавӣ» таҳти 18 то 20 фоизи  солона роҳандозӣ намудааст.

   Дар марҳилаи кунунӣ пешниҳоди қарзҳои Амонатбонк ба муштариён дар доираи аз 18 то 24 фоизи солона бо пули миллӣ ва аз 10 то 12 фоизи солона бо асъори хориҷӣ муайян карда шудааст.

   Дар иртибот ба дастуру супоришҳои Шумо Пешвои муаззами миллат дар маросими савгандёдкунӣ ва паёми солона, Бонк аз ҳисоби захираҳои дохилию хориҷӣ ба зиёда аз 72 ҳазор муштарӣ  1,4 млрд. сомонӣ маблағҳои қарзӣ пешниҳод намудааст, ки нисбат ба соли 2020 шумораи қарзгирон 44% ва ҳаҷми қарздиҳӣ 34%  зиёд гардидааст.

   Қарзҳои додашудаи Бонк ба соҳаҳои саноат 21,6%, кишоварзӣ 11,4%, истеъмолӣ 31,9%, сохтмон 10,3%, тиҷорат 17,5% нақлиёт 3,7% ва дигар хизматрасонӣ (сайёҳӣ, тандурустӣ, хӯроки умумӣ) 3,6% рост меояд.

   Аз ҷумла, дар иртибот ба эълон гардидани солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, Бонк аз ҳисоби захираҳои худӣ дар соли 2021 ба 272 нафар 8,3 млн. сомонӣ бо меъёри 18%-и солона маблағҳои қарзӣ пешниҳод намуд.

   Сандуқи қарзии Бонк 1 369,9 млн. сомонӣ (бо назардошти қарзҳои ғайринизомӣ) ва шумораи қарзгирон аз рӯи бақия зиёда аз 54 ҳазор нафарро ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли 2020 ҳаҷми сандуқи қарзӣ  40,3% ва шумораи қарздорон 33,5% афзудааст.

   Амонатбонк бо мақсади баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои бонкӣ, зиёд намудани ҳаҷми пардохтҳои ғайринақдӣ, танзими муомилоти нақдӣ ва дар ин замина устувор нигоҳ доштани қурби пули миллӣ, дар маҷмӯъ бо 7 916 адад ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ ва ғайрибуҷетӣ ҷиҳати гузаштан ба лоиҳаи “Музди меҳнат” тавассути кортҳои пардохтии бонкӣ ҳамкориро ба роҳ мондааст, ки нисбат ба соли 2020  148  адад зиёд мебошад.  

    Шумораи дорандагони кортҳои пардохтии бонкӣ ба 1 миллиону 463 ҳазор нафар расидааст.      

    То ба имрӯз 233 адад ё 43%-и марказҳои хизматрасонии бонкӣ бо дарназардошти ҷойҳои сераҳолӣ ва ба сайёҳон дастрас, марказҳои хизматрасонии бонкӣ ба шафати роҳҳои байналмилалӣ, дохили маркази савдову бозорҳо ва чорроҳаҳо кӯчонида шуданд.  

Фаъолияти 26 адад хазинаҳои бегоҳӣ ва шабонарӯзӣ дар шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Турсунзода, Ҳисор, Исфара, Хуҷанд, Бохтар, Ҷ.Балхӣ, Кӯлоб ва Хоруғ, ки  ба аҳолӣ ва сайёҳон хизматрасониҳои гуногуни бонкиро пешниҳод намуда истодаанд, пурзӯр карда шуд.

Ҳамзамон, бо мақсади дастрасии қуллай ва фаврии интиқоли маблағҳо, Амонатбонк ба замимаи мобилии “Сбербанк-онлайн” пайваст гардид. Ин имкон медиҳад, ки истифодабарандагони ин барнома тавассути корти миллии Амонатбонк маблағ интиқол диҳанд.

Бо мақсади баррасӣ намудани пешниҳодҳо, арзу шикоят ва масъалаҳои ҳалталаби соҳа дар самти хизматрасониҳои бонкӣ, дар шабакаи иҷтимоии “Telegramm” суроғаи “Murojiat_bonk” кушода шудааст, ки муроҷиаткунандагон метавонанд аз он  бемамоният истифода баранд. Инчунин, дар дастгоҳи марказии Бонк маркази тамос таъсис дода шудааст, ки  муштариён метавонанд бо рақами кутоҳкардашудаи “1885” барои ҳалли мушкилоти худ ба Бонк муроҷиат намоянд.

Ба ҳолати имрӯза дар Амонатбонк 1308 нафар занон фаъолият доранд, ки 44%-и шумораи умумии кормандони соҳибтахассусро ташкил медиҳанд. Дар соли 2021 шумораи 262 нафар кормандон дар Амонатбонк ба кор қабул карда шуданд, ки  аз  ин 130 нафар ва ё 50%-и онҳоро бонувон ташкил медиҳанд. 

Амонатбонк дар асоси Амри Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2017, барои аз ҷиҳати моддӣ дастгирӣ  намудан, ба мактаб-интернати №1-и (ятимон) шаҳри Душанбе вобаста карда шудааст. Дар соли 2021 ба мактаб-интернати мазкур ба маблағи 302,5 ҳазор сомонӣ зарфҳои хӯрокхурӣ  ва мизу курсӣ дастрас карда шуданд.

Дар маҷмуъ кӯмакҳои расонидашуда аз ҷониби Бонк дар соли 2021 маблағи 727,8 ҳазор  сомониро ташкил медиҳад.    

Амонатбонк минбаъд ҳам, ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои  Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва қарору фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми чораҳои таъхирнопазир андешида, кӯшиш менамояд, ки дар рушду нумӯи иқтисодиёти кишвар саҳми арзандаи худро гузорад.

                    

Маълумоти муфассалро оид ба фаъолияти БДА ҶТ «Амонатбонк» метавонед дар сомонаи Бонк www.amonatbonk.tj  дастрас намоед.

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter