Принт

Оқибати банкоматҳои холӣ

 

 Дирӯз дар шаҳри Душанбе ба 2-3 банкомат корт задем, ки холӣ буд, шаб дар шаҳр низ дар 2 нуқта хабар гирифтем, банкоматҳо холӣ, вале аҳамият надода, имрӯз ба 2-3 нуқта дар шаҳри Хуҷанд ҳам бинем банкоматҳо пул надорад. Ҳатто дар бинои асосии бонк банкомат холӣ аст. Яъне, касеро дар ин маврид парво нест... Ин аввалаш шояд хуш намояд, лек охираш бад аст.

 

Ҳамин рӯз аз Хуҷанд то маҳалла ба хотири банкоматҳои холӣ ва корти бопулу ҷайби холӣ пойи пиёда дар офтоби гарм омадам. Дар сар чӣ фикрҳое наомад ва чӣ хулосаҳое накардам, аммо бандаҳои муъмин бояд сабр кунанд ва аз ҷумлаи собирин ҷойгашон дар биҳишт аст, мегӯянд, воқифони дин...гуфта, оромиро нигоҳ доштем.

 

Аммо дар давоми сабр банда 1 чизи дигарро фикр кардам ва ба фикрам барои ин миллат муфид аст. Ин дар доираи сабр. Анқариб ҳамаи бонкҳои хусусӣ саҳҳом доранд ва бештари бонкҳо ҷамъияти саҳҳомӣ ҳастанд, ки дар он саҳмдорон манфиатдор мебошанд. Ва ин саҳмдорон метавонанд дар тақдири молиявии ҷомеа тасмимгириҳо дошта бошанд. Масалан, саҳмдор аввал фоидаи худро фикр мекунад ва сипас дигар манфиатҳо...(Дар тамоми дунё ҳамин ҳолат аст)

 

Дирӯз, дар Душанбе мардум навбатпойӣ мекарданд, то тариқи шиноснома маблағ гиранд. Ва одамон зиёд буданд...

 

 

 

Бонкҳо давлатӣ шаванд!

 

Барои он ки ҷомеа дар идораи саҳмдорон ва пулдорон нагузарад ва мушкили ҷомеа афзун нашавад, моро зарур аст, то аз баҳри ҳама бонкҳои хусусӣ бароем ва фақат бонки давлатӣ дошта бошем. 1 бонки давлатӣ бо ҳазорон банкомат ва вазифаҳои зиёд. Ҳам давлат осуда, ҳам миллат ором ва ҳам сарсонӣ нест. Ва ҳамчунин мардум дар бозии пулдорони бузург намеафтад. Сониян, мушкили баромаду фаромади доллар пеш намеояд ва давлат худаш ҳамаро идора мекунад, ки ин бар фоидаи ҷомеа хоҳад буд.

 

Фарз кардем, ҳамин азоби равонӣ ва зарари дирӯзаи маро кӣ медиҳад?

 

 

 

Ман аз Эсхата рафтам!!!

 

Дар кишварҳои хориҷӣ барои муштарӣ ва ҳифзи ҳуқуқҳои ӯ пайваста талош мекунанд, то 1 мизоҷ ё муштариро аз даст надиҳанд. Хуб мешуд, ки минбаъд қонуне қабул карда шавад, ки агар банкомате 2 соат бепул монад, фаврӣ директори бонк ба ҷавобгарӣ кашида шавад. Ин амал метавонад, зуд барои рафъи ҳолат ва аз байн бурдани бепарвоӣ мусоидат намояд.

 

Дигар ин ки таъсиси бонки ягонаи давлатӣ ба ҷойи бонкҳои хусусӣ хатарҳоро аз байн мебарад. Масалан, 1 ниҳоди ҷосусии хориҷӣ барои 1 саҳмдори бонк пул медиҳад ва ӯ 2 рӯз пулҳоро ба мардум намедиҳад, авзоъ муташанниҷ мегардад. Яъне ҳама гуна ҳолат шуданаш мумкин аст, чунки пул чизи шӯхӣ нест ва мо давлати навини ҷавон, ки ҳастем ҳама гуна хатар вуҷуд доштанаш мумкин, ба он далел, ки душман зиёд дорем ва аз ин бояд эҳтиёт кард.

 

PS: Камина, муштарии бонки Эсхата ҳастам, ки акнун аз он ҳам даст кашидам.

 

 

 

Муҳаммад Саидов,

 

шаҳри Хуҷанд

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Матлабҳои дигар